ФАВРӢ! Алии Хоманаӣ, роҳбарии олии Эрон кушта шудааст

Asia-Plus

Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пайи ҳамлаи Исроилу Амрико ба ин кишвар кушта шудааст. Дар ин бора хабаргузории "ИРНА" такя ба Шӯрои олии амнияти миллии Эрон иттилоъ додааст. Манбаъ менависад, ки Алии Хоманаӣ субҳи 28-уми феврал дар маҳалли кораш ҳангоми иҷрои вазифа кашта шуд. Ӯ 86 сол дошт ва 37 сол пеш,  пас аз марги […]

Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пайи ҳамлаи Исроилу Амрико ба ин кишвар кушта шудааст. Дар ин бора хабаргузории "ИРНА" такя ба Шӯрои олии амнияти миллии Эрон иттилоъ додааст.

Манбаъ менависад, ки Алии Хоманаӣ субҳи 28-уми феврал дар маҳалли кораш ҳангоми иҷрои вазифа кашта шуд. Ӯ 86 сол дошт ва 37 сол пеш,  пас аз марги Оятуллоҳ Хумайнӣ, бундёгузори Ҷумҳурии исломӣ ба мақоми раҳбари олии Эрон расида буд.

"Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари бузурги инқилоби исломӣ, рӯзи шанбе, 28 феврал, дар ҳамлаи субҳ аз ҷониби режими саҳюнистӣ (Эрон Исроилро чунин ном мебарад, аз идора) ва Иёлоти Муттаҳида ба шаҳодат расиданд", – навиштааст ИРНА.

Ҳамчунин, ба навиштаи хабаргузории "Форс", духтар, домод ва набераи Алии Хоманаӣ низ кушта шудаанд. Ин расона илова кардааст, ки яке аз келинҳои ӯ низ ҷон бохтааст.

Қаблан дар бораи кушта шудани Алии Хоманаӣ, Доналд Трамп , расиҷумҳури Амрико хабар дода буд. 

Дар пайи кушта шудани Алии Хоманаӣ дар Эрон 40 рӯз мотам ва 7 рӯз таътили умумӣ эълон шуд. 

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон. Сафорати Тоҷикистон ба шаҳрвандононаш тавсия дод, ки Эронро тарк кунанд

Дар ҳамин ҳол, расонаҳо аз кушта шудани чанд фармондеҳи олии артиши Эрон, аз ҷумла, Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои амнияти Эрон, Муҳаммад Покпур, фармондеҳи кулли Сипоҳи посодорони инқилоби исломӣ, Азиз Носирзода, вазири дифоъи Эрон низ хабар медиҳанд. Вале мақомоти Эрон то ҳол ин хабарҳоро тасдиқ ё рад накардаанд. 

Ёдовар мешавем, ки ҷанги нав дар Ховари миёна субҳи дирӯз, 28-уми феврал бо ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон оғоз шуд. Дертар артиши Эрон ҳам дар посух ба ин ҳамлаҳо ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ ҳамла кард.

Раисҷумҳури Амрико ва сарвазири Исроил дар изҳороти худ ошкор иброз доштанд, ки ҳадафи ҷанг сарнагунсозии низоми ҷорӣ дар Эрон аст. Эрон посух дод, ки ба ҳар гуна таҷовуз сазовор ва қотеъ посух хоҳад гуфт.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон то ҳол баёнияи расмие нашр накардааст. Вале сафорати Тоҷикистон дар Эрон бо пашхи як баёния ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эронро “амалиёти низомӣ” хонда, шаҳрвандони кишвар тавсия дод, ки ин кишварро “бо истифода аз имконоти дастрас тарк намоянд”.

Дар ҳамин ҳол, парвозҳо аз Тоҷикистон ба Эрон бекор шудаааст. 

Ҳоло вазъ дар Эрон ва кулли минтақа печида ва ташвишовар боқӣ мемонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Як сокини Кӯлоб барои содир кардани чанд ҷиноят 23 сол равонаи зиндон шудааст

Аз ҷумла ӯ, ба муомилоти беш аз 100 кг маводи мухаддир гунаҳкор дониста шуд.

Раиси Созмони истихбороти Сипоҳи посдорони Эрон ҳам дар пайи ҳамлаи Исроилу Амрико кушта шудааст

Ӯ соли гузашта пас аз кушта шудани Муҳаммад Козимӣ, раиси пешини Созмони иттилооти Сипоҳ ба ин мансаб таъин гардида буд.

Мақомот бори аввал ҷузъиёти куштори ду зану як кӯдак дар Кӯлобро шарҳ доданд

Додситонии Кӯлоб бар зидди Валӣ Сафаралӣ, шавҳари яке аз занони кушташуда барои одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

“Дар сарҳад мушкили ҷиддии амниятӣ вуҷуд надорад”. Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон дар ҳамоише дар Кобул суханронӣ кардааст

Дар муколамаи машваратии “Афғонистон ва Осиёи Марказӣ”, ки дирӯз дар Афғонистон гузашт, кӣ чӣ гуфт ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, барои сокинон “ташхису муоина ва машварати ройгон” ба роҳ мемонад

Ин ниҳод мегӯяд, сокинони кишвар имкон доранд, 3 рӯз аз ташхису муоинаи ройгон истифода кунанд.

Посухи Муҳаммадбоқир Қолибоф ба зарбулаҷали навбатии Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба нерӯгоҳ ва пулҳои Эрон

Трамп барои музокира бо Эрон то рӯзи чоршанбе, соати 3:30 ба вақти Теҳрон ва 5-и субҳ ба вақти Душанбе муҳлат додааст.