Вазорати корҳои хориҷии Эрон: “Бо иқтидор ҷавоби таҷовузкоронро медиҳем”

Вазорати корҳои хориҷии Эрон пас аз чанд соати оғози ҳамлаи Исроил ва Амрико ба хокаш расман изҳори назар кард ва гуфт, “ба таҷовузгарон бо иқтидор ҷавоб медиҳад”. Дар изҳороти ин ниҳод ҳамлаи Амрико ва Исроил “таҷовузи низомӣ” хонда ва маҳкум шудааст. “Таърих гувоҳ аст, ки эрониён ҳеҷ гоҳ дар баробари таҷовузи бегонагон сари таслим фуруд […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Эрон пас аз чанд соати оғози ҳамлаи Исроил ва Амрико ба хокаш расман изҳори назар кард ва гуфт, “ба таҷовузгарон бо иқтидор ҷавоб медиҳад”.

Дар изҳороти ин ниҳод ҳамлаи Амрико ва Исроил “таҷовузи низомӣ” хонда ва маҳкум шудааст.

“Таърих гувоҳ аст, ки эрониён ҳеҷ гоҳ дар баробари таҷовузи бегонагон сари таслим фуруд наовардаанд. Ин маротиба ҳам посухи миллати Эрон, қатъӣ ва таъинкунанда хоҳад буд ва таҷовузгаронро аз амалҳои муҷримонаи худ пушаймон хоҳад сохт”, – гуфтааст манбаъ.

ВКХ-и Эрон илова кардааст, ки ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон нақзи Оинномаи Созмони миллали муттаҳид ва таҷовузи мусаллаҳонаи ошкор алайҳи Эрон аст.

“Посух ба ин таҷовуз, ҳаққи қонунии Эрон аст ва тибқи моддаи 51 Ойинномаи СММ, нирӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳамаи имконот ва қудраташон барои муқобила бо ин таҷовузи ҷинояткорона ва рафъи бадиҳои душман истифода хоҳанд кард”, – омадааст дар изҳороти ин ниҳод.

ВКХ-и Эрон изҳор доштааст, ки Амрико ва Исроил дар остонаи Наврӯз, дар даҳумин рӯзи моҳи мубораки Рамазон ва дар ҳоле, ки музокироти Эрон ва Амрико ҷараён дошт, “бо нақзи ошкорои тамомияти арзӣ ва ҳокимияти миллӣ, як силсила аз ҳадафҳо ва зерсохтҳои дифоиву ғайринизомӣ дар шаҳрҳои мухталифи кишварро мавриди ҳамла қарор доданд”.

Ин ниҳод аз кишварҳои исломӣ ва давлатҳои узви СММ-ву минтақа даъват кардааст, ки ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон маҳкум карда, алайҳи он иқдоми оҷилу дастаҷамъӣ андешанд.

 

Посухи Эрон: Таркишҳо дар пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ

Расонаҳои ҷаҳонӣ хабар медиҳанд, ки дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил ба хоки Эрон, Ҷумҳурии Исломӣ ба пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои Халиҷи форс – Баҳрайну Аморати Муттаҳидаи Араб, Урдуну Арабистони Саудӣ, Кувайту Қатар ҳамлаи мушакӣ анҷом додааст.

Хабаргузории эронии “Форс” навиштааст, ки ҳамлаҳои мушакӣ ба пойгоҳи ҳавоии “Ал-Удайд” дар Қатар, пойгоҳи ҳавоии “Алӣ ас-Салим” дар Кувайт, пойгоҳи ҳавоии “Аз-Зафра” дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, қароргоҳи "Новгони Панҷум”-и Амрико дар Баҳрайн анҷом шуд.

Ҳамчунин, “AFP” аз шунидани садои таркиш дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ хабар медиҳад.

Ба навиштаи "Ал-Ҷазира", мақомоти Баҳрайн ҳадаф қарор гирифтани маркази фармондеҳии "Новгони Панҷум”-и Амрико дар ин кишварро тасдиқ кардааст.

Дар мавриди паёмадҳои ин ҳамлаҳо то ҳол иттилое дастрас нест.

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи ББС, Вазорати дифои Қатар муддаӣ шудааст, ки ҳамаи мушакҳои партобшуда аз Эронро сарнагун кардааст.

Пештар аз ин Эрон борҳо гуфта буд, ки ҳадафи ҳамлаҳоии ҷавобии Эрон "ҳамаи пойгоҳҳои низомии амрикоӣ дар минтақа" хоҳанд буд. Ин нуктаро имрӯз Вазорати дифои Эрон борӣ дигар таъкид кард.

 

Аввалин гузоришҳо аз кушташудагони ҳамлаи Амрикову Исроил

Ахиран хабаргузориҳои Эрон аз паёмадҳои ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон хабар доданд. Хабаргузории "Меҳр" навишт, ки дар пайи ин ҳамлаҳо беш аз 20 донишомӯз кушта шуда, 45 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Мақомоти Эрон то ин лаҳза омори кушташудагону ҷароҳатбардоштагонро расман эълон накардааст. Танҳо вазорати беҳдошти ин кишвар хабар дод, ки бемористонҳо дар ҳолати омода бошанд.

Бояд гуфт, Амрикову Исроил ба чанд шаҳри Эрон, аз ҷумла Теҳрон, Исфаҳон, Қум ҳамла кард. 

То ҳол сарнавишти Алии Хоманаӣ, роҳбари олии Эрон номаълум аст. Ҳеҷ як расонае дар бораи макони будубоши ӯ хабар надодаанд. Расонаҳои ҷаҳон навиштанд, ки ҳадафи аслии мавҷи аввали ҳамлаи Исроилу Амрико ба Эрон маконҳои мақомдорони радаи аввали Ҷумҳурии Исломӣ буд.

Дар ҳамин ҳол, писари Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон ба расонаҳо гуфт, ки падараш зинда аст. Ҳамчунин, дар бораи ҳамла ба хонаи Маҳмуд Аҳмадинажод, раисҷумҳури пешини Эрон ҳам гузоришҳо нашр шуд, аммо ҳеҷ як манбаъ аз сарнавишти ӯ дақиқ маълумот надодаанд. Аммо гуфта мешавад, ки мақомдорони аршади Эрон саломатанд ва дар ҷойи амнанд. Танҳо аз кушта шудани фармондеҳи аршади Артиши Эрон хабар дода мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.