ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1938 – Ҳукумати Тоҷикистон аввалин нақшаи генералии сохтмони шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе)-ро тасдиқ кард.
Соли 1992 – Байни Тоҷикистон ва Фаронса муносибати дипломатӣ барқарор гардид.
Соли 2009 – Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон фармони ба номи Имоми Аъзам гузоштани Донишкадаи исломии Тоҷикистонро имзо кард
Соли 2010 – Дар ноҳияи Ёвон корхонаи саноатии истеҳсоли борхалтаҳо ба фаъолият оғоз намуд, ки дар як сол метавонад то 10 миллион борхалта истеҳсол кунад.
Соли 2011 – Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон “Кодекси одоби касбии кормандони милитсия”-ро тасдиқ кард.
Соли 2016 – Дар Тоҷикистон гузоштани номҳои таҳқиромез ба кӯдакони тоҷик, издивоҷ байни хешовандон, бастани ақди никоҳ бе муоинаи тиббӣ манъ карда шуд.
Соли 2016 – Як деҳа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шарафи президент Раҳмонобод номгузорӣ шуд.
Соли 2019 – Дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гузаргоҳи нави “Боботоғ” боз шуд, ки шаҳри Ҳисори Тоҷикистонро бо ноҳияи Узуни Ӯзбекистон пайваст мекунад.
Соли 2020 – Сардори Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон эълом кард, ки Ҳусейн Абдумасадов, ташкилкунандаи ҳамлаи мусаллаҳона ба велотуристон дар Данғара, ки ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуда буд, дар зиндон вафот кард.
Соли 2021 – Тоҷикистон бо давлатҳои Тринидад ва Тобаго муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд.
Соли 2022 – Душанбе ва Боку муносибатҳои бародаршаҳрӣ барқарор карданд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1896 – Мавлуди Акашариф Ҷӯраев, овозхон ва оҳангсози шинохтаи тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.
Акашариф Ҷӯраев солҳои 1925-1935 мудири “Чойхонаи сурх”-и Ғарм буд ва ҳамчун ҳофизи хушсалиқа машҳур гардид. Соли 1935 ӯро ба радиои пойтахт ҳамчун ҳофиз ба кор даъват намуданд. Дар ин ҷо санъати ӯ рушд кард ва яке аз давомдиҳандаи анъанаҳои мусиқии халқии тоҷик гардид.
Ӯ ҳамчунин яке аз сарояндагони маъруфи “Шашмақом” буд. Таронаҳои “Қалъабандӣ”, “Ҷони ман”, “Анора овардам”, “Ҷӯраҷон”, “Булбулон”, “Интихоб мекунам” аз маъмултарин таронаҳои ӯ ба шумор мераванд. Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев гузошта шудааст.
Номбурда 2-юми октябри соли 1966 аз дунё даргузаштанд.
Соли 1916 – Тошхуҷа Асирӣ, шоир ва рӯшанфикри тоҷик дар 52-солагӣ даргузашт.
Тошхӯҷа Асирӣ маорифпарвар ва рӯшанфикри тоҷик буда, яке аз тарғибкунандагони илмҳои дунявӣ буд.
Ӯ дар оилаи сангтарош дар Хуҷанд зода шуда, дар мадрасаи Хӯқанд таҳсил ва баъди ба зодгоҳаш баргаштан ба сангиосиётарошӣ машғул шудааст.
Асирӣ, ки ҳангоми таҳсил дар мадраса забони русиро омӯхта ва аз матбуоти даврии русию туркзабон огоҳ гардида буд, ҷаҳонбиниаш васеъ ва ауидаҳои маорифпарварӣ дар ӯ шакл гирифтанд.
Ӯ ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, ривоҷи илмҳои дунявӣ, тарақкиёти техникӣ, таълиму маориф аҳамияти ҷиддӣ медод.
Ҳамзамон, Асирӣ аз шоирони забардасти давр буда, як силсила шехрҳои ҳаҷвӣ дорад, ки муллоҳои ҷоҳил ва боёни ситампешаро бо танз зери тозиёнаи танқид гирифтааст.
Ашъои Асирӣ ба тазкираю баёзҳои замонаш дохил шуда бошад ҳам, то Инқилоби Октябр ба таври маҷмуаи алоҳида ба табъ нарасида буд. Ду маҷмӯаи дастнависи шеърҳои Асирӣ дар китобхонаи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон маҳфуз аст.
Соли 1938 – Мавлуди Инъом Асроров, иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисод.
Соли 1940 – Мавлуди Баҳром Сироҷов, энергетик, собиқ роҳбари “Барқи тоҷик”.

Аз Баҳром Сироҷов ҳамчун асосгузори энергетикаи тоҷик ном мебаранд. Ӯ фаъолияти худро дар Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз намудааст. Сипас ба кори истеҳсолӣ гузашта, солҳои 1963-1965 ҳамчун сармуҳандиси Корхонаи ҷанубии шабакаҳои барқӣ фаъолият кардааст.
Аз соли 1965 то 1981 ӯ муовини роҳбари Саридораи энергетикаи Тоҷикистон буда, ҳамзамон ба корҳои илмӣ машғул буд. Баъдан чанд муддат роҳбарии ҶСК “Барқи Тоҷик”-ро ба уҳда дошт.
Ӯ ҳамчунин муаллифи мақолаи илмӣ-амалӣ аст. Баҳром Сироҷов узви Академияи байналмилалии муҳандисӣ ва Академияи муҳандисии Тоҷикистон аст.
Соли 1947 – Мавлуди Сафарбегим Тошхӯҷаева, овозхон ва ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Сафарбегим Тошхӯҷаева нозукиҳои сарояндагиро аз устодони маҳаллӣ омӯхта, дар овозхони маҳорат касб кардааст. Солҳои 1964-1991 дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хоруғ ба ҳайси сароянда фаъолият доштааст. “Сулҳ мехоҳам”, “Навои дил”, “Бадахшон”, “Кабӯтари сафеди ман”, “Дӯстонро гум макун”, “Дилбари Бадахшон” барин суруду таронаҳояш аз намунаҳои беҳтарини эҷоди ин овозхон дониста мешаванд. Ӯ инчунин дар якчанд намоишномаҳо дар саҳнаи театр нақш офаридааст.
Соли 1956 – Зодрӯзи Сайдалӣ Муҳиддинов, таърихнигор ва санъатшиноси тоҷик.
Соли 1964 – Зодрӯзи Абдуқодир Вализода, узви Маҷлиси миллӣ, раиси пешини шаҳри Кӯлоб.
Соли 1972 – Зодрӯзи Аюб Усмонзода, ректори пешини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ки соле пеш зиндонӣ шуд.

Аюб Усмонзода, ки соли 2022 ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъин гардида буд, баъди 3 соли сари мансаб буданаш, моҳи июни соли 2025 барои гирифтани пора гунаҳкор ва ба 7 соли зиндон маҳкум гардид.
Ӯ худ хатмкардаи факултети таърихи Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод буда, солҳо дар мактаб ва сипас дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар вазифаҳои гуногун фаъолият кардааст.
Аюзода пеш аз ректор таъин гардиданаш 3 сол муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии табиати ёбоӣ таҷлил мешавад. Ҳадафи ин рӯз баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи муҳити зист, ҳифзи олами наботот ва ҳайвонот мебошад. Инчунин, он зарурати мубориза бо ҷиноятҳои марбут ба табиатро, ки таъсири иқтисодӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ доранд, хотиррасон мекунад.

Имрӯз Рӯзи байналмилалии ҳифзи солимии гӯш ва шунавоӣ аст. Дар ин рӯз созмонҳои тиббӣ ва хайриявӣ дар саросари ҷаҳон чорабиниҳо баргузор мекунанд, то аҳолиро аз мушкилоти эҳтимолии гӯш ва шунавоӣ огоҳ созанд. Тибқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, то соли 2050 тақрибан 2,5 миллиард нафар (ҳар чорумин шахс) бо дараҷаи муайяни норасоии шунавоӣ зиндагӣ хоҳанд кард.

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии нависанда таҷлил мешавад. Ин рӯз соли 1986 аз ҷониби PEN-клуб таъсис ёфтааст ва ҳадафи он дифоъ аз озодии баён дар саросари ҷаҳон аст. Аъзоёни PEN-клуб уҳдадор шуда буданд, ки алайҳи сензура, таҳрифи воқеият ва истифодаи иттилооти бардурӯғ мубориза баранд.

3 марти соли 1585 Театри “Олимпико” дар Виченса (Италия) ифтитоҳ гардид. Ин аввалин театри пӯшидаи Аврупо барои 1000 тамошобин буд ва намунаи ибтидоии бисёр театрҳои минбаъда гардид. Бо вуҷуди қадимӣ будан ва бомбборонҳо дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, он то ҳол хуб нигоҳ дошта шудааст. Театри “Олимпико” ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО шомил шудааст.

3 марти соли 1923 аввалин шумораи маҷаллаи амрикоии “Time” нашр шудааст. Ин маҷалла аз ҷониби Бритон Ҳейден ва Ҳенри Лус таъсис ёфтааст. Идеяи таъсиси он дар нишасти махфии ҷамъияти донишҷӯёни Донишгоҳи Йел бо номи “Харсанг ва устухон” ба миён омадааст.
“Time” аввалин ҳафтаномаи хабарии ҷаҳон буд, ки муҳимтарин рӯйдодҳои ҳафтаи гузашта дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, маориф, илм, тиб, ҳуқуқ, дин, варзиш, адабиёт ва санъатро ба таври ҷамъбастӣ фаро мегирифт.
Барои шахсиятҳои бонуфуз дар саҳифаи аввали “Time” нашр шудани матлаб дар бораи онҳо нишонаи авҷи касбият маҳсуб мешуд. Маҷмӯи муқоваҳои ин ҳафтанома таърихи тасвирии асри XX номида мешавад.
Дар шумораи охирини рӯзнома дар моҳи декабр ин маҷалла “Шахси сол”-ро эълон мекунад. Ин анъана соли 1927 оғоз ёфта, аввалин ҷоизадор Чарлз Линдберг буд, ки ҳамчун нахустин шахс дар таърих уқёнуси Атлантикро танҳо парвоз кард.

Имрӯз маҷаллаи “Time” яке аз машҳуртарин нашрияҳои ИМА аст. Дафтари он дар Ню-Йорк ҷойгир аст ва зиёда аз 2 миллион нусха чоп мешавад. Ғайр аз нашри амрикоӣ, он ҳамчунин дар Лондон (Аврупо), Ҳонконг (Осиё) ва Сидней (Австралия) ба табъ мерасад.
ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳои водию доманакӯҳӣ борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо рӯзона борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борон ва барф ва дар баъзе минтақаҳои шарқи вилоят барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе минтақаҳо то 1-3º сард, дар ғарби вилоят шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 6-11º сард, дар баъзе минтақаҳо то 15-17º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 14+16º гарм, шабона 7+9º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 9+11º гарм, шабона 5+7º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 13+15º гарм, шабона 8+10º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 7+9º гарм, шабона 1+3º гарм.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 3 ба 4-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.





