Алӣ Ардашер Лориҷонӣ, сиёсатмадор ва низомии Эрон аст, ки зиёда аз чор даҳа дар сатҳи баландтарини сохтори ҳокимияти Ҷумҳурии Исломӣ фаъол будааст. Номи ӯ пайваста бо нуқтаҳои ҳассосу баҳсноки таърихи муосири Эрон – аз музокироти ҳастаӣ то вокуниш ба эътирозот пайванд хӯрдааст.
Аммо дар чанд рӯзи охир ва баъди оғози ҷанги Амрикову Исроил дар Эрону кушта шудани Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ садои ӯ пуриқтидортар аз пеш шунида мешавад. Ӯ ба ҳар як таҳдиди Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва ҳампаймонҳои ӯ қатъӣ вокуниш мекунад ва посухи ҳамвазн медиҳад.
Ахиран Амрико номи ӯро шомили феҳристе кард, ки барои пешниҳоди маълумот дар бораи онҳо то 10 млн доллар мукофот дода мешавад.
Лориҷонӣ кист ва чӣ корнома дорад, ки Амрико омодааст барои ҳар гуна иттилоъ дар бораи ӯ миллионҳо доллар диҳад?
Оила ва издивоҷ – заминаи ба сиёсат пайвастани Лориҷонӣ
Алӣ Лориҷонӣ соли 1957 дар шаҳри Наҷафи Ироқ, дар хонаводаи рӯҳонии шиъаи бонуфуз ба дунё омадааст. Падараш Мирзо Ҳошим Омулӣ, олими барҷастаи дин буд ва барои таҳсил ба Наҷаф – яке аз марказҳои бузурги улуми исломӣ ба Ироқ рафта буд. Алӣ низ дар ҳамон ҷо ба дунё омад. Хонаводаи ӯ аслан аз минтақаи Лориҷон дар шаҳристони Омул (шимоли Эрон) аст.
Ӯ як хоҳар ва чаҳор бародар дорад: Муҳаммадҷавод, Содиқ, Боқир ва Фозил, ки ҳамаи онҳо дар сиёсат ё қазоияти Эрон нақш дошта ё доранд. Ин хонавода шабакаи густурдаи қудрат дар Ҷумҳурии Исломӣ ба ҳисоб мераванд.

Алӣ Лориҷонӣ дар 20-солагӣ бо Фарида Муттаҳарӣ, духтари Муртазо Муттаҳарӣ – яке аз идеологҳои инқилоби 1979 издивоҷ кард. Ин издивоҷ иртиботи ӯро бо сиёсати инқилобии Эрон мустаҳкамтар сохт.
Аслан таҳсилоти диниро дар Қум ва олии техникиро дар Донишгоҳи саноатии Шариф (соли 1979) гирифтааст. Сипас ба фалсафа рӯ оварда, дар Донишгоҳи Теҳрон дараҷаи илмӣ ба даст овард. Ҳоло ӯ дотсенти факултаи фалсафаи ҳамин донишгоҳ мебошад.
Корномаи сиёсӣ: аз вазири фарҳанг то роҳбари ТВ ва радио
Пас аз инқилоби соли 1979, Лориҷонӣ ба Созмони садо ва симо (радио ва телевизион) пайваст ва солҳои 1981–1982 раиси воҳиди марказии хабар буд. Сипас ба Сипоҳи посдорон рафта, то соли 1991 ба мақоми ҷонишини раиси ситоди муштарак расид.
Дар ҳукумати Рафсанҷонӣ, пас аз истеъфои Муҳаммад Хотамӣ, Лориҷонӣ вазири фарҳанг ва иршод (1992–1993) шуд. Муҳимтарин иқдоми ӯ дар ин давра талош барои лағви манъи видео дар Эрон буд. Дар ҳамин давра барои нигоҳдорӣ ва хариду фурӯши дастгоҳи видео дар Эрон талош кард.
Пасон бо ҳукми раҳбари олӣ Алии Хоманаӣ 10 сол (1994–2004) Созмони садо ва симоро роҳбарӣ кард. Дар ин муддат шумораи шабакаҳои телевизионӣ аз 3 ба 7 расид ва даҳҳо радиои дигар таъсис ёфт. Аммо ҳукумати Хотамӣ (1997–2005) Созмони садо ва симоро ба мухолифат бо давлат айбдор мекард. Лориҷонӣ онро “беасос” мехонд.

Вақте бо раисҷумҳур зиддият дошт…
Лориҷонӣ соли 2005 аз ҷониби Хоманаӣ котиби Шӯрои олии амнияти миллӣ таъин шуд – мансабе, ки ба ӯ имкон дод намояндаи Эрон дар музокироти ҳастаӣ бо Аврупо бошад. Ин давра яке аз пурбаҳстарин лаҳзаҳои зиндагии сиёсии ӯст. Соли 2007 вай бо зиддияташ бо раисҷумҳури вақт Маҳмуди Аҳмадинажод аз ин мақом истеъфо дод. Баъдтар гуфт: “Ман эҳсос кардам, ки бо Аҳмадинажод ихтилофи ҷиддии идоратӣ дорам”.
Соли баъд Алӣ Лориҷонӣ дар интихоботи Маҷлиси шӯрои исломӣ (порлумон) аз ҳавзаи интихоботии Қум ба маҷлис роҳ ёфт ва бо касби 237 раъй аз 260 раъй раиси Маҷлис шуд. Ин мансабро аз соли 2008 то соли 2020 – се давраи пайдарпай нигоҳ дошт ва аз ин ҷиҳат тӯлонитарин давраи раёсат дар таърихи Маҷлиси шӯрои исломии Эрон буд.
Тасвиби “БАРҶОМ” – созишномаи ҳастаии Эрон бо ғарб дар 20 дақиқа яке аз баҳсноктарин лаҳзаҳои раёсати Лориҷонӣ дар Маҷлиси нӯҳум буд. Мунаққидон ӯро айбдор мекарданд, ки бидуни баррасии 200 пешниҳоди ислоҳӣ ва иҷозати баҳс ба мухолифон, созишномаро сареъ аз тасвиб гузаронд.

Номзад ба интихоботи раисҷумҳурӣ
Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин аст: Лориҷонӣ дар интихоботи раисҷумҳурии 2021 ва боз дар 2024 номзад шуд, аммо Шӯрои нигаҳбон – мақоме, ки дар Эрон салоҳияти намзадонро тасдиқ ё рад мекунад, ҳар ду бор ӯро рад кард.
Хоманаӣ он вақт ошкоро гуфт, ки “ба баъзе намзадон ситам шуд” ва хонаводаи онҳо “мӯҳтарам ва покдоман” аст – ишорае, ки он вақт ҳамагон ба Лориҷонӣ мансуб медонистанд.
Лориҷонӣ имрӯз чӣ нақш дорад?
Масъуд Пизишкиён соли 2024 раисҷумҳури Эрон интихоб шуд ва дар августи 2025 Лориҷониро барои дуюмин бор котиби Шӯрои олии амнияти миллӣ таъин кард. Ин мансаб имрӯз дар воқеъ аз он чи ки пеш буд, ба маротиб муҳимтар аст.
Гуфта мешавад, ки дар амал яке аз масъулини таъмини амнияти кишвар ҳоло ӯ аст. Вазифаи аслии Лориҷонӣ таъмини идомаи низом дар сурати бӯҳрон ва иштирок дар барномарезии “бақои сиёсӣ” барои ҳокимият зикр мешавад.

Рӯзи 30-юми июли 2025 ба Маскав рафт ва ба унвони фиристодаи вижаи раисиҷумҳур паём ва дидгоҳи Ҷумҳурии Исломиро дар мавриди таҳаввулоти минтақавӣ ва байналмилалӣ интиқол дод.
Соли 2022 Канада ва соли 2025 ИМА Лориҷониро ба саркӯби эътирозгарон гумонбар дониста, ӯро ба рӯйхати афроди таҳримшуда ворид карданд. Худи ӯ ҳеҷ гоҳ ин иттиҳомро напазируфтааст.
Танишҳои лафзӣ бо Трамп
Лориҷонӣ пештар дар гуфтушунидҳои ғайрмустақим тавассути Умон бо ИМА ширкат дошт, вале пас аз ҳамлаҳо гуфт, ки дар шароити кунунӣ Эрон бо душманонаш музокира намекунад.
Аз ҷумла, 12-уми март дар шабакаи “Х” дар посух ба таҳдиди Трамп дар бораи аз байн бурдани барқи Эрон навишт, ки “агар ин корро кунад, зарфи ним соат кулли минтақа дучори хомушӣ мешавад ва торикӣ барои шикори низомиёни фирории Амрико дар минтақа фурсати хуберо фароҳам меорад”.
Алии Лориҷонӣ ба иддаоҳои Трамп, ки гуфт, “бояд дар ин ҷанг ба суръат пирӯз шавем”, навишт, ки “шуруи ҷанг осон аст, вале поёни он бо чанд твит (фириста дар шабакаҳои иҷтимоӣ) поён намепазирад. Раҳоятон намекунем, то хатои худро напазиред ва товони онро надиҳед”.

Аз ин пештар, Трамп дар фиристае дар шабакаи иҷтимоии худ – “Truth Social” таҳдид карда буд, ки “агар Эрон ҳар иқдомеро анҷом диҳад, ки ҷараёни нафт дар тангаи Ҳурмузро қатъ кунад, Амрико 20 баробар шадидтар аз ончӣ то кунун анҷом шудааст, ба Эрон зарба хоҳад зад”.
Дар посух ба ин таҳдидҳо, Лориҷонӣ гуфт, “муроқиб бошед, ҳазф нашавед”.
Лориҷонӣ рӯзи 7-уми март дар як мусоҳибае ба иддаоҳои раисҷумҳури Амрико барои иштирок дар интихоби раҳбари ояндаи Эрон гуфтааст, ки “ин нишон медиҳад, ки ӯ хеле одами ақибафтодае аст”.
Ҳамчунин, Алии Лориҷонӣ дар як фиристае дар саҳифаи “Х”-и худ навишт, ки Амрико бояд барои “шаҳид кардани раҳбари мо ва мардуми мо” товон диҳад.
Зиндагии шахсӣ ва тақдири духтараш
Яке аз масъалаҳое, ки солҳои охир таваҷҷӯҳи ҷаҳониро ҷалб кард, мавзӯи Фотима Лориҷонӣ, духтари ӯст, ки солҳо дар Иёлоти Муттаҳида мутахассиси табобати саратон буд. Маълум шуд, ки ӯ дар Донишгоҳи Аморӣ дар Атланта (иёлати Ҷорҷия) ба сифати дотсент кор мекард ва соли 2021 корти сабз (ҳуҷҷати иқомати доимии ИМА)-ро гирифт.
Пас аз кашмакашҳои соли 2025 ва эътирозҳо дар назди ин донишгоҳ, ӯро аз Донишгоҳи Аморӣ ронданд (январи 2026). Аъзои конгресс аз Ҷорҷиа хостори бекор кардани иҷозатномаи тиббии ӯ шуд. Бо ҳамин, Фотима Лориҷонӣ ба Эрон баргашт.
Дар умум, Алӣ Лориҷонӣ тасвири яке аз нодиртарин чеҳраҳои сиёсии Ҷумҳурии Исломист: касе, ки дар ҳамаи давраҳо – аз ислоҳот то ҳукумати Аҳмадинажоду Раисӣ мавқеи худро нигоҳ дошт. Имрӯз ҳам дар 68-солагӣ ӯ дар садри ниҳоди таъмини амнияти Эрон қарор дорад ва сарфи назар аз таҳдидҳои Амрикову Исроил, дирӯз дар маҳзари ом зоҳир шуд ва аз Фаластин ҷонибдориву ба мардуми ин сарзамин ҳамрайъӣ кард.





