Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026

Asia-Plus

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1925 – Рӯзномаи “Иди тоҷик”, ҳоло “Ҷумҳурият” таъсис ёфт.

Соли 2001 – Аввалин сертификатҳои депозитии Бонки миллии Тоҷикистон ба маблағи 3 млн сомонӣ бароварда шуданд.

Соли 2007 – Дар ҷараёни сафари расмии президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Душанбе 11 созишномаи байнидавлатӣ имзо шуд.

Соли 2009 – Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Анқара бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Туркияро ифтитоҳ кард.

Соли 2011 – Президенти кишвар супориш дод, ки лоиҳаи қонун “Дар бораи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ” таҳия карда шавад.

Соли 2016 – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ” қабул гардид.

Соли 2021 – Вазорати саноати Тоҷикистон барои додани иҷозатномаҳо дар соҳаи саноатӣ "равзанаи ягона" боз кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1937 – Мавлуди Урун Кӯҳзод, Нависандаи халқии Тоҷикистон.

Урун Кӯҳзод баъди хатми Донишкадаи давлатии омӯзгорӣ, чанде омӯзгори мактаби миёна, баъдан корманди илмии Институти забон ва адабиёт буд.

Дар рӯзномаи “Маориф ва маданият”, Сарредаксияи Энсиклопедияи тоҷик, маҷаллаи “Садои Шарқ” ва Иттифоқи нависандагон кор кардааст.

Маҷмӯаҳои “Сареву савдое” ва “Як сару сад хаёл”, қиссаҳои “Роҳи ағба”, “Писанддара”, “Бандии озод”, “Тақвими раҳгум”, “Кини Хумор”, романи “Ҳам кӯҳи баланд, ҳам шаҳри азим”, рисолаҳои публитсистии “Тоҷикони имрӯза”, “Лоҳутӣ ва баъди ӯ”, “Ҷамъи парешон”, “Акашариф – Борбади асри бист” аз ҷумлаи асарҳои эҷодкардаи ӯ мебошад.

Ӯ Нависандаи халқии Тоҷикистон, ҷоизаҳои ба номи Садриддин Айнӣ ва Абуабдуллоҳи Рӯдакиро соҳиб гардидааст.

Пиромуни андешаҳои нависанда дар мусоҳибаи “Азия-Плюс” ба номи Урун Кӯҳзод: Дард бисёр аст, аммо ҳамаашро гуфта намешавад ошно шавед.

Соли 1937 – Зодрӯзи Аскар Абдураҳмонов, санъатшинос ва профессори тоҷик.

Соли 1938 – Мавлуди Талбак Назаров, собиқ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Талбак Назаровро яке аз дипломатҳои коркуштаи Тоҷикистон аст, ки дар замони душвори ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон – соли 1994 вазири корҳои хориҷа таъин шуд ва 12 сол то замони осоиштагӣ дар ин мақом кор кард.

Ӯ аз устоди донишгоҳ то ба мансаби вазири корҳои хориҷа расид.

 

Вай соли 1980 депутати Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ, солҳои 1982-1988 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 1986-1988 раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон ва солҳои 1988-1991 вазири маорифи Тоҷикистон буд.

Дар солҳои аввали истиқлолияти Тоҷикистон Талбак Назаров ба ҳайси муовини аввали раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон (1990-1991), ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1991-1994) ва роҳбари дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон (1994) кор кардааст.

Ӯ аз соли 1994 то соли 2006 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд. Баъди ин, ду сол -то 2008 узви раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон буд ва бо ҳамин бознишаста шуд.  Ҳоло раиси Бунёди хайрияи ҶТ (аз соли 2008) мебошад.

Дар раванди ҳалли қазияи низои шаҳрвандӣ ва муқобилати яроқноки дохилӣ дар Тоҷикистон фаъолона иштирок карда, аз январи соли 1996 то ба анҷом (июни соли 1997) роҳбари ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар гуфтушунидҳои байни тоҷикон оид ба барқарор кардани сулҳ буд

Академик Талбак Назаров муаллифи беш аз 200 асари илмӣ, аз ҷумла зиёда аз 10 рисола, даҳҳо  мақолаю китобҳо оид ба масъалаҳои иқтисодиёт, сиёсат, дипломатия, дӯстии халқҳо, равобити байналмилалӣ ва ғайра мебошад.

Соли 1939 – Мавлуди Баёнқул Облоқулов, ҳунарпешаи театр, Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

Баёнқул Облоқулов Ҳофизи халқии Тоҷикистони шуравӣ буда, омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Хуҷандро хатм ва ҳамчун директори Мактаби мусиқӣ дар Панҷакент фаъолияташро оғоз кардааст.

Сипас директори Хонаи маданият, роҳбари мусиқии Театри халқӣ буд.

Ӯ дар эҷоди таронаҳо ба интихоби шеър, мазмуни он ва оҳанг диққати хос медиҳад ва хусусан, дар сурудани таронаҳои классикӣ маҳорати хоса дорад.

“Вафо бошад”, “Лаъли хандонам ба ҷон”, “Теғи нигоҳ”, “Дугоҳ”, “Тоҷикистон”, “Ба чашм”, “Субҳи дигар”, “Ормони дил”, “Дӯстӣ”, “Интизорӣ” аз беҳтарин таронаҳояш ҳастанд. Ӯ ҳамчунин дар театрҳои кишвар чанд пйеса низ иҷро кардааст.

Соли 1939 – Зодрӯзи Бимбулат Ватаев, ҳунарпешаи синамои тоҷик.

 

Бимбулат Ватаев, ки қаблан дар Осетияи Шимолӣ ҳунарманди театр ва вазири фарҳанги ин кишвар буд, соли 1946 баъди марги падараш дар ҶБВ ҳамроҳи модараш ба Тоҷикистон омада, то соли 1954 дар шаҳри Кӯлоб зистааст. Ӯ забони тоҷикӣ, урфу одат ва анъанаҳои мардуми тоҷикро хуб омӯхт.

Вай дар Тоҷикистон ба ҳунарнамоӣ пардохт ва дар синамои тоҷик як қатор нақшҳои мондагор офарид. Аз ҷумла бинандагони тоҷик ӯро дар нақши Рустам дар филмҳое, ки аз рӯи асари безаволи "Шоҳнома" гирифта шудааст,  хуб мешиносанд. 

Ҳамчунин ӯ дар филмҳои “Ҳасани аробакаш”, “Бо амри дил”, “Достон дар бораи Рустам” (ду қисм), “Достони Сиёвуш”, “Саргузашти Мунаки хурдакак” нақш офаридааст.

Соли 1947 – Зодрӯзи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, рӯҳонӣ, арбоби ҷамъиятӣ ва сиёсӣ, муассис ва раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ҳоло фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ аст), раиси Комиссияи оштии миллӣ.

Нақши Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон барҷаста гуфта мешавад. Маҳз ӯ ин санади тақдирсозро, ки ба ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хотима дод, аз сӯи Иттиҳоди мухолифини Тоҷикистон, ки роҳбари он буд, имзо кард. 

Соли 1947 – Мавлуди Исо Абдурашидов, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.

 

Исо Абдурашидов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дар саҳнаи театр ва синамои тоҷик беш аз 50 нақш офаридааст. Ӯ хатмкардаи факултети санъати Институти давлатии педагогии Душанбе буда, солҳо ҳунарпеша ва қариб 20 сол директори Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ буд.

Нақши Ёдгор дар “Дохунда”, Қиёмиддин мударрис дар “Алломаи Адҳам”, Шпигелберг дар “Роҳзанҳо”, Эдмунд дар “Шоҳ Лир” аз ҷумлаи нақшҳои барҷастаи ӯ дар саҳнаи театр мебошанд.

Дар синамо бошад нақши Азизбек дар “Воқеа дар фурудгоҳ”, лейтенанти калон дар “Қапқон барои шағолҳо”, Саид оҳангар дар “Дарди ишқ”-ро бо маҳорати баланд иҷро кардааст.

Исо Абдурашидов шоми 15 декабри соли 2018 дар синни 71-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1951 – Мавлуди Убайдуллоҳи Ширин, рӯзноманигор, шоир ва нависандаи тоҷик.

Соли 1959 – Мавлуди Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, собиқ вазири маориф ва ёрдамчии пешини президенти Тоҷикистон дар бахши иҷтимоӣ.

 

Абдуҷаббор Раҳмонзода соли 1983 факултаи филологияи Университети давлатии Тоҷикистон (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм кардааст.

Ӯ фаъолияти худро ба ҳайси омӯзгор дар донишгоҳ шурӯъ карда, минбаъд дар вазифаҳои баланди давлатӣ ба фаъолият пардохт. Соли 2000 ба сифати мудири шуъбаи тарҷумаи дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон ба кор даъват шуда, то соли 2002 дар ин шуъба кор кард ва сипас, ба шуъбаи фарҳанги Дастгоҳ гузашт.

Як муддат раиси Кумитаи телевизион ва радиои буд ва аз соли 2005 то моҳи январи соли 2012 ба сифати вазири маорифи Тоҷикистон фаъолият дошт.

Як муддат ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буда, солҳои 2014-2021 ёрдамчии раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа буд. Моҳи майи соли 2021 сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон таъйин шуд ва то моҳи ноябри соли 2025 аз ин вазифа барканор шуд. Сабаби барканориаш "гузаштан ба кори дигар" гуфта мешуд, вале то ҳол чӣ вазифа гирифтани ӯ расонаӣ нашудааст.

Соли 1965 – Зодрӯзи Тоҷиддин Пирзода, раиси “Тоҷиксодиротбонк”.

 

Тоҷиддин Пирзода (то соли 2014 Пиров Тоҷиддин Таварович) соли 1965 дар деҳаи Кӯли Сӯфиёни ноҳияи Данғара таваллуд шудааст, ҳарчанд пайвандиҳое ҳам ба ноҳияи Файзобод дорад. Пас аз хатми мактаби таҳсилоти умумӣ солҳои 1983—1985 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС дар ҳайати қувваҳои маҳдуди Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон адои хидмат кардааст.

Соли 1990 Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро хатм кард ва солҳои 1991—1993 аспиранти Институти илмию татқиқотии сабзавотшиносии Маскав буд. Соли 1996 рисолаи номзадӣ ва соли 2003 рисолаи докторӣ дар Академияи ба номи К. А. Тимирязеви шаҳри Маскав ҳимоя намуд. Ғоибона факултаи иқтисоди ДДМТ-ро бо ихтисоси "Молия ва қарз" ва факултаи энергетикаи ДТТ ба номи академик М. Осимиро дар шаҳри Душанбе хатм кардааст.

Муддате дар Донишгоҳи аграрӣ омӯзгорӣ ҳам кардааст.

Муаллифи 16 китоби дарсӣ, ду монография ва 200 мақолаи илмӣ мебошад. Аз моҳи майи соли 1997 то январи соли 2003 ба ҳайси намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Белорус кор кардааст.

17-уми марти соли 2012 раиси ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" таъйин шуд. Дар оғоз ин бонкро ба яке аз бонкҳои муваффақи кишвар табдид дод, аммо баъдан, солҳои 2015 кори он ба мушкил печид. Дар ниҳоят, ин бонк натавонист садҳо миллион сомонӣ пули муштариёнашро баргардонад ва муфлис шуд. То шол садшо муштарии ин бонк пули худро аз ин бонк гирифта натавониста, дар додгоҳу Бонки миллии Тоҷикистон бесамар додхоҳӣ мекунанд.

Соли 2010 – Амрияздон Алимардонов, адабиётшинос-шарқшиноси тоҷик дар синни 71-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

15-уми март Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҷлил мешавад. Ин рӯз бо қарори СММ ба суханронии президенти ИМА Ҷон Кеннедӣ дар Конгресси дар соли 1962 бахшида шудааст. Дар суханронии ӯ чаҳор ҳуқуқи асосии истеъмолкунандагон таъкид шуда буд: ҳуқуқ ба бехатарӣ, ҳуқуқ ба иттилоъ, ҳуқуқ ба интихоб, ҳуқуқ ба шунида шудан.

 

15-уми март Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди зӯроварии пулис аст. Бори аввал ин рӯз соли 1997 бо ташаббуси ду созмон – “Ҷамъияти муқобили зӯроварии пулис” аз Монреал ва гурӯҳи швейтсарии “Парчами Сиёҳ” таҷлил шуд. Баъди соли 2000 ин сана бо латукӯби ду кӯдак (11 ва 12-сола) аз ҷониби пулиси Швейтсария алоқаманд гардид.

Зӯроварии пулис ин истифодаи беасоси қувваи ҷисмонӣ, ҳамлаҳои лафзӣ ва таҳдиди равонӣ аст, ки ба гурӯҳи амалҳои ғайриқонунии пулис мансубанд.

 

15-уми март Рӯзи ихтирои эскалатор (зинаи равон) аст. 15 марти соли 1892 ихтироъкор Ҷесси Рено ихтирои худ – зинаи равон (эскалатор)-ро патент кард. Аввалин бор одамон дар соли 1894 дар боғи Конӣ Айленди Ню-Йорк тавонистанд аз эскалатор истифода кунанд.

Эскалатори аввалин роҳравҳои ҳаракаткунандаи зина надошт. Аввалин эскалатори дорои зинаҳо дар соли 1900 дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонии Париж ба мардум муаррифӣ шуд. Баъдан, ин “зинаи ҳаракаткунанда” дар мағозаи универсалии “Джимбелс” дар шаҳри Филаделфияи ИМА насб гардид.

Аввалин эскалаторҳо дар метро дар соли 1911 дар хати метрои Пикадилли Лондон пайдо шуданд.

 

Дарозтарин эскалатор дар ҷаҳон соли 1994 дар Ҳонконг сохта шудааст. Дарозиаш 800 метр буда, тавассути он метавон дар байни мағозаҳо, қаҳвахонаҳо ва ресторанҳо ҳаракат кард, инчунин аз хона ба ҷойи кор ва баръакс расид.

Кӯтоҳтарин эскалатор дар яке аз марказҳои савдои шаҳри Кавасакии Ҷопон насб шудааст. Баландии он ҳамагӣ 80 сантиметр аст ва бештар ҳамчун як ҷозибаи сайёҳӣ маъруф аст.

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии тамос таҷлил мешавад. Бори аввал онро 15 марти соли 1953 бо ташаббуси ташкилоти “Бюрои байналмилалии табақаҳои паррон” ҷашн гирифтанд. Ҳадафи ин рӯз тавассути талошҳои муштарак барқарор кардани робитаи сулҳомез бо мавҷудоти ғайризаминӣ мебошад.

 

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо баъзан бориши борон ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон ва барф дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида шиддат мегирад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 1+6º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, дар водиҳо шабона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 5-7º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 7+12º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -1+4º,  дар баъзе минтақаҳо то 3-5º сард, дар ғарби вилоят шабона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 9-14º сард, дар баъзе минтақаҳо то 22-24º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 9+11º гарм, шабона 3+5º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 10+12º гарм, шабона 3+5º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 10+12º гарм, шабона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 6+8º гарм, шабона 2-4º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 15 ба 16-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...