Дар остонаи таҷлили иди Рамазон, пулиси Душанбе аз роҳбарони бозорҳо ва марказҳои калони савдои пойтахт хостааст, ки аз қимат фурӯхтани молу маҳсулот пешгирӣ кунанд.
Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дода, зикр кардааст, ки мулоқот рӯзи 15-уми март сурат гирифта, бо таваҷҷуҳ ба зиёд шудани теъдоди харидорон дар остонаи иди Рамазон, мақомот таъкид кардаанд, ки масъулон бояд аз баланд бардоштани нархи маҳсулот пешгирӣ карда, “ба таъмини тартибот, хидматрасонии босифат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд”.
Ҳамчунин, дар дидори мазкур, “пешгирии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ, риояи талаботи бехатарӣ аз сӯхтор ва насби камераҳои мушоҳидавӣ” дар бозору марказҳои савдо муҳокима гардидааст.
Ҳамасола, бо фаро расидани иду ҷашнҳо, махсусан идҳои Рамазону Қурбон сокинон нигаронӣ мекунанд, ки нархи молу маҳсулот, махсусан маҳсулоти ниёзи аввалия гарон мешавад. Мақомот мегӯянд, барои пешгирӣ аз гароншавии нарх чораҳо менадешанд, вале тавре дида мешавад, на ҳамеша ин кӯшишҳо самар медиҳад.
Ҳамчунин, ҳамасола Шӯрои уламои кишвар бо нашри баёния аз соҳибкорону тоҷирон талаб мекунад, ки дар моҳи Рамазон ва иди Қурбон нархро қимат накунанд. Аз ҷумла, Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии кишвар дар яке аз суханрониҳои худ, гуфта буд, ки “ба таври сунъӣ боло бардоштани нархи анвоъ дар бозор ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ амали бадтаринест, ки дар дини мубини ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст”.





