Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

asia+

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз аз соати 11:30 то 16:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи Ҷопон дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар давоми рӯз дар ошёнаи аввали ин мавзеъ, намоиши Кимоно, омӯзиши санъати ҳусни хати ҷопонӣ, намоиши ҳунарҳои варзиши ҷопонӣ, сохтани шаклҳо аз қоғаз ва дигар машғулиятҳои фарҳангӣ баргузор мегардад. Бо барномаи чорабиниҳо дар ин барга шинос шавед:

– Имрӯз соати 19:00 дар тарабхонаи ҷопонии “Origami шоми эҷодӣ баргузор мегардад. Дар доираи он шумо метавонед аз мусиқии қадимаи форсӣ ва ашъори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бархурдор шавед.

Вуруд ройгон аст. Барои маълумоти муфассал ва фармоиши ҷой ба ин рақамҳо тамос гиред: +992 93 486 58 58.

Суроға: кӯчаи Ҳусейнзода, 29 (наздик ба “Пайкар”-и кӯҳна, истгоҳи охирини хатсайри 11).

– Имрӯз соати 18:00 дар Маркази фарҳангии “Бохтар” нахустин вохӯрии клуби синамо ва нахустнамоиши филми “Лӯхтак”-и коргардони тоҷик Самариддин Муҳиддинов баргузор мегардад.

Филм дар бораи анъанаҳо, фишори ҷомеа ва сарнавишти зан қисса мекунад. Коргардон низ дар он ширкат мекунад ва баъди намоиш ҳозирин имкон доранд ба саволҳои худ мустақим посух гиранд ва андешаҳояшонро пиромуни филм баён кунанд.

Суроға: кӯчаи М. Турсунзода (ОВИР).

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1936 – Дар Тоҷикистон Институти илмӣ-тадқиқотии маводҳои сохтмонӣ таъсис ёфт.

Соли 2018 – Дар Панҷакент хатти интиқоли барқи 220 кВ “Айни-Рӯдакӣ” кушода шуда, пойгоҳи барқии “Рӯдакӣ” ба истифода дода шуд. Инчунин ба ифтихори шоир Лоиқ Шералӣ дар Панҷакент ёдгории ӯ мавриди ифтитоҳ қарор гирифт.

Соли 2023 – Байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати “China Road and Bridge Corporation” ба маблағи 31,2 миллион доллар қарордод ба имзо расид.

Соли 2024– Аввалин куштори як оила дар Конибодом рух дод – панҷ узви як оила кушта шуданд. Ин куштор ягона куштори оммавӣ набуд, ки то моҳи декабри соли гузашта идома дошт. Дар ин давра, аъзоёни 7 оила, 23 нафар, аз ҷумла 8 кӯдак ваҳшиёна кушта шуданд.

ШАХСИЯТҲО

Соли 1865 – Мавлуди Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти охири асри XIX ва аввали асри XX.

Нақибхон Туғрал

Ӯро охирин намояндаи адабиёти классикӣ низ меноманд. Ӯ дар шеъргӯйӣ пайравӣ Мирзо Бедил буд.

Ӯ ҳамчун, вориси арзандаи яке аз пешвоёни бузурги тариқати нақшбандия — Хоҷа Аҳрори Валӣ тавассути ашъору афкори пурмуҳтавои худ дар тарбияи маънавӣ ва ахлоқии мардум саҳми арзишманд гузошт.

Туғрал солҳои 1918-1919 ҳамроҳи аскарони сурхи Шӯравӣ дар чандин задухӯрдҳои хунини алайҳи босмачиёну аксулинқилобиёни болооби Зарафшон бевосита иштирок намуда, вале тарафи душманону бадхоҳонаш ба туҳмати ноҳақ гирифтораш карданд ва 28-уми июни соли 1919 аз тарафи Аскарони Сурх ба қатл расонида шуд. Мазораш дар зодгоҳаш – деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ зиёратгоҳи ҳазорон нафар алоқамандони ашъораш аст.

Бино ба маълумоти сарчашмаҳо Туғрали Аҳрорӣ нозукиҳои забони ҳазорсолаи модарии худ – форсии тоҷикиро ба дараҷаи воло медониставу эхсос мекардааст ва дар сарфу наҳви луғати араби низ устоди комил будааст. Туғрали Аҳрорӣ дар шатранҷбози маҳорати тамоме дошта, соҳиби хатти зебову хонои настаълик ҳам будааст.

Ӯ бо шеъраш барои ҳақиқат ва адолат садо баланд мекард ва дар таърихи адабиёти тоҷик ҷойгоҳи хос дорад.

Осори ӯ то имрӯз боқӣ монда, мактаби №8-и ноҳияи Айнӣ номи ӯро дорад. Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхон Туғрал дар зодгоҳаш деҳаи Зосуни Айнӣ бо усули меъмории миллӣ навсозӣ шудааст.

Соли 1942 – Зодрӯзи Мавлудахон Абдуллоева, забоншинос, собиқ ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон.

Мавлудахон Абдуллоева

Мавлудахон Абдуллоева яке аз чеҳраҳои барҷастаи илми забоншиносии тоҷик буда, умри худро ба омӯзиш ва рушди забон ва маориф бахшидааст.

Ӯ дар муҳити илмомӯзии Хоруғ ба камол расида, таҳсили олиро дар факултаи таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон гирифт ва фаъолияти ӯ дар тӯли даҳсолаҳо дар макотиби олӣ ҳамчун омӯзгор, муҳаққиқ ва роҳбари бомаҳорат идома ёфт.

Солҳои 1991-2003 Абдуллоева ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода буд.

Ӯ ҳамчунин муаллифи чандин асари илмӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ аст.

Соли 1946 – Зодрӯзи Маҳбуба Боҳирова, овозхони тоҷик.

Соли 1962 – Мавлуди Хайрулло Сафарзода, муҳандис–бинокори тоҷик, директори генералии ҶСК “НБО Роғун”.

Хайрулло Сафарзода

Хайрулло Сафарзода пас аз хатми Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамчун муҳандис дар соҳаҳои сохтмон, мелиоратсия, саноат ва энергетика фаъолият кардааст.

Ӯ солҳои 2007-2010-сардори Раёсати сохтмони асосии Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, солҳои 2010-2012 раиси шаҳри Норак буд.

Аз соли 2012 директори генералии ҶСК “НБО Роғун” мебошад.

Сафарзода аз соли 2015 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон мебошад.

Соли 1963 – Зодрӯзи Раҳматулло Раҳмонов, пизишк ва донишманди тоҷик.

Соли 1973 – Зодрӯзи Далер Ҷумъа, вазири энерҷӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон.

Далер Ҷумъа

Соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо ихтисоси муҳандиси нерӯгоҳҳои барқӣ, соли 1999 Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ғоибона) бо ихтисоси иқтисодчӣ-муҳосиб хатм карда, сипас дар Донишгоҳи Каролинаи Шимолӣ – Чапел Хилли Амрико дар самти идоракунӣ ва сиёсати давлатӣ такмили ихтисос намуда, соли 2013 Донишгоҳи Ҳарварди Амрикоро дар самти идоракунии соҳибкорӣ хатм кардааст.

Чанд сол дар созмонҳои байналмилалӣ кор кардааст. 

Солҳои 2007–2020 директори генералии ҶСШК “Помир Энерҷӣ”, аз соли 2019 то ноябри  соли 2020 роҳбари минтақавии лоиҳаҳои энергетикии Сандуқи рушди иқтисодии Оғохон дар Осиё, солҳои 2012-2014  аъзои Шӯрои машваратии назди Президент оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ буд.

Аз 3 ноябри соли 2020 вазири энерҷӣ ва захираҳои оби  Тоҷикистон мебошад.

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

28 март дар тамоми ҷаҳон Рӯзи муаррихон таҷлил мегардад. Ҳадафи таҷлили ин рӯз дарки арзиши шахсият ва ҳаводиси гузаштаи таърих ва аҳамияти муроҷиат ба манбаъҳо гуфта мешавад.

Бунёдгузори илми таърих Ҳеродот аст, ки дар асри V-и пеш аз милод зиндагӣ кардааст. Донишманди юнонӣ ҳамчун муаллифи аввалин рисолаи таърихӣ шинохта шуда, дар он ҷангҳои юнониён бо форсҳо, расму оинҳои скифҳо ва дигар халқҳои қадимиро ба таври муфассал тавсиф кардааст.

Имрӯз Рӯзи байналмилалии нутритсиолог аст. Ин иди нав 28 март, дар рӯзи ба кор даромадани платформаи байналмилалии IT барои нутритсиологҳо Nutrient Planner таҷлил мешавад. Ин ташаббус аз ҷониби Юлия Ходос, ҳаммуассиси платформаи мазкур пешбарӣ шудааст.

Нутритсиология хусусиятҳои ғизохӯрӣ ва физиологияи ҳазми моддаҳоро дар организми шахси солим меомӯзад, инчунин парҳези инфиродӣ ва ғизоҳоро бо дарназардошти эҳтиёҷот вобаста ба ҷинс, синну сол, фаъолияти ҷисмонӣ, тарзи зиндагӣ, одатҳои оилавии ғизохӯрӣ ва пешгирии эҳтимолии бемориҳои вобаста ба номутавозунӣ дар моддаҳои ғизоӣ интихоб мекунад. Ин соҳа ба нигоҳ доштани саломатӣ кӯмак мерасонад.

28 марти соли 1797 дар ИМА ба нахустин мошини ҷомашӯӣ патент дода шуд. Он як қуттии чӯбин бо чорчӯбаи ҳаракаткунанда буд.

28 марти соли 1837 шаҳри Чикаго, ки аз рӯи шумораи аҳолӣ пас аз Ню-Йорк ва Лос-Анҷелес севумин шаҳри бузурги ИМА аст, таъсис ёфт. Чикаго дар ҷанубу ғарби соҳили кӯли Мичиган, дар иёлати Иллинойс ҷойгир аст. Имрӯз ин шаҳр дуюмин маркази молиявии муҳим дар кишвар ва калонтарин гиреҳи нақлиётии Амрикои Шимолӣ мебошад.

28 марти соли 1910 Анри Фабр ихтироъкори фаронсавӣ, нахустин ҳавопаймои обнишинро (гидросамолёт) ба парвоз даровард.

Аввалин тайёраи идорашавандаро бародарон Райт соли 1903 ба парвоз бардоштанд, аммо то 28 марти соли 1910 ҳеҷ кас натавонист ҳавопайморо аз рӯи об ба ҳаво хезонад. Дар он рӯз Фабр дар кӯли Бер, ки дар наздикии зодгоҳаш Марсел воқеъ аст, ҳавопаймои “Гидроавион” (Hydravion)-и худро ба парвоз бардошт ва чор парвози таҷрибавӣ анҷом дод, ки дарозтаринаш 6 км буд.


Имрӯз рӯзи ихтирои фарфори саксонӣ мебошад. 28 марти соли 1709 алхимики олмонӣ Иоганн Фридрих Бёттгер ба девони шоҳигарии интихобии Саксония натиҷаи озмоишҳои ниҳоии худро оид ба истеҳсоли фарфор пешниҳод кард.

Фарфоре, ки ӯ истеҳсол кард, аз ҷиҳати сифат ба фарфори чинӣ баробар буд. Ин фарфор, ки имрӯз бо номи фарфори саксонӣ ё мейсенӣ маъруф аст, зуд машҳур шуд ва то имрӯз маҳсулоти он дар саросари ҷаҳон мавриди таваҷҷуҳи коллексионерон қарор дорад.

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо охири рӯз дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 13+18º гарм, дар водиҳо шабона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо дар охири рӯз борон меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 23+28º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 18+23º гарм, дар водиҳо шабона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо охири рӯз дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 15+20º гарм, дар водиҳо шабона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 11+16º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 18+20º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 0+5º гарм, дар ғарби вилоят шабона 4+9º гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8º сард, дар баъзе минтақаҳо то 16-18º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо дар охири рӯз борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 24+26º гарм, шабона 11+13º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 24+26º гарм, шабона 11+13º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо дар охири рӯз борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 26+28º гарм, шабона 12+14º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 18+20º гарм, шабона 4+6º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 28 ба 29-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.