Бо шуруъи моҳи дуюми ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ҷанг кулли Ховари Миёнаро фаро гирифтааст. Амрикову Исроил дар шабонарӯзи гузашта ба чанд шаҳри Эрон, аз ҷумла як донишгоҳ ҳамла кардаанд. Ҷумҳурии Исломӣ як корхонаи кимиёӣ ва полоишгоҳи нафти Ҳайфоро дар Исроил ҳадаф қарор дода, ба чанд зерсохтҳои Амрико дар Ховари Миёна зарба задааст.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико гуфт, мехоҳад нафти Эронро дар “ихтиёр” гирад. Дар ҳоле, ки нархи як бушка нафти хом дар субҳи 30-юми март ба 116 доллар баробар шудааст.
Муҳимтарин ҳаводиси шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёнаро дар ин матлаби мо хонед.
Идомаи ҳамлаҳо ба Эрону Исроил
Артиши Исроил субҳи имрӯз аз ҳамла ба “зерсохтҳои низомӣ” дар Теҳрон хабар дод. Расонаҳои эронӣ иттилоъ доданд, ки дар шаҳрҳои Теҳрон, Бандараббос, Қум, Киш ва шаҳристони Рай таркишҳо рух додааст. Ҳоло ҷузъиёти ин ҳамлаҳо маълум нест.
Дар ҳамлаи шаби 29 ба 30-юми марти Амрикову Исроил ба таъсисоти саноати барқ дар шаҳри Теҳрон ва вилоятҳои Теҳрону Албурз барқи минтақаҳои мазкур хомӯш шуд. Мақомоти Эрон субҳи 30 март гуфтанд, барқи Теҳрон барқарор шуда, дар пайи васл кардани барқи вилояти Албурз ҳастанд.
Оҷонсии байналмилалии нерӯи ҳастаӣ низ эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаҳои ду рӯз пеши Амрикову Исроил муҷтамаи ҳастаии оби сангини Хандоб дар наздикии шаҳри Арок осеби ҷиддӣ дида, “дигар қобили кор” нест.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, нисфирӯзии 30-юми март навишт, ки Сипоҳи посдорон кушта шудани Алиризо Тангсирӣ, фармондеҳи Нерӯҳои дарёии Сипоҳро тасдиқ кардааст. Вазорати дифои Исроил се рӯз қабл гуфта буд, ки Тангсириро ҳадаф қарор додааст.
Ҳамзамон, хабаргузории “ИСНА” низ навишт, ки Маҷид Закариёӣ, фармондеҳи воҳиди ҳифзи созмони манбаъҳои табиии Эрон дар ҳамлаҳои шанбеи 28-уми марти Амрикову Исроил кушта шудааст.
Зимнан, қароргоҳи “Хотам-ул-анбиё”, ки аз болотарин қисмҳои фармондеҳии амалиётӣ барои ҳамоҳангии нерӯҳои Эрон аст, ҳушдор дод, ки нерӯҳои Ҷумҳурии Исломӣ дар посух ба ҳадаф қарор додани ғайринизомиён дар Эрон, хонаҳои фармондеҳон ва мақомҳои сиёсии Амрикову Исроилро дар минтақаи Ховари Миёна ҳадаф қарор медиҳад.
Тибқи иттилои Созмони ҳилоли аҳмари Эрон, дар ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба ин кишвар беш аз 21 ҳазор ғайринизомӣ, аз ҷумла 4 ҳазору 163 зан ва 1 ҳазору 731 нафари то 18 сола захмӣ шудаанд.
Ин ҷамъият ҳамчунин изҳор доштааст, ки беш аз 80 ҳазор манзили истиқоматӣ ва 20 ҳазор макони тиҷорӣ, 296 маркази дармонӣ ва беш аз 600 бинои омӯзишӣ дар ҳамлаҳои Амрикову Исроил дар Эрон осеб дидаанд.
Эрон ҳам ҳарбаҳо ба Исроилро идома медиҳад. Аз ҷумла дар ҳамлаи субҳи имрӯзи Эрон полоишгоҳи нафти Ҳайфо оташ гирифтааст.

Ба ҷуз ин, рӯзи гузашта Эрон ба як минтақаи саноатӣ дар ҷануби Исроил ҳамлаи мушакӣ анҷом дода буд, ки боиси сӯхтор дар як корхонаи кимиёӣ ва захмӣ гаштани 11 нафар шуда буд.
Вазорати тандурустии Исроил иттилоъ додааст, ки дар пайи ҳамлаҳо ба ин кишвар танҳо дар шабонарӯзи гузашта 232 нафар маҷрӯҳ шуда, теъдоди умумии захмиён аз оғози даргириҳо ба беш аз 6 ҳазор тан расидааст. Артиши Исроил гуфтааст, ки аз теъдоди захмиён 261 нафари онҳо сарбозон ҳастанд.
Ҳамла ба донишгоҳҳои Эрон ва ҳушдори Сипоҳ
Амрикову Исроил дар ҳамлаҳои худ ба Эрон донишгоҳҳоро низ ҳадаф гирифтаанд. Аз ҷумла, ду рӯз пеш, 28-уми март, ба Донишгоҳи улум ва саноати Теҳрон ҳамла шуда, бинои ин донишгоҳ осеби ҷиддӣ дидааст. Донишгоҳи саноати Исфаҳон низ хабар дод, ки ду маротиба мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Чанде аз биноҳои он зарар дидааст.
Сипоҳи Посдорони Эрон 29-уми март ҳушдор дод, ки дар посух ба ҳамла ба донишгоҳҳои ин кишвар донишгоҳҳои Амрико ва Исроил дар ғарби Осиё ҳадафи қонунии ҳамла хоҳад буд.

Ин ниҳод аз кормандон, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои амрикоӣ дар Ховари Миёна даъват кардааст, ки барои ҳифзи ҷони худ то як километр аз донишгоҳҳо фосила гиранд.
Дар ҳамин ҳол, Сафорати Амрико дар Ироқ аз эҳтимоли ҳамла ба донишгоҳҳо ҳушдор дода, аз амрикоиҳо хостааст, ки ин кишварро тарк кунанд. Ин сафорат дар баёнияе гуфтааст, ки донишгоҳҳои амрикоӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Бағдоду Сулаймония ва дигар донишгоҳҳое, ки ба Амрико дар Ироқ марбут ҳастанд, мумкин аст, аз ҷониби Эрон мавриди ҳамла қарор гиранд.
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Дар зимн, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии “Financial Times” гуфтааст, ки қасд дорад “нафти Эронро дар ихтиёр гирад” ва мумкин аст ҷазираи Хорк (Хорг), бандари аслии содироти нафти Эронро тасарруф кунад.
Ӯ рӯзи 29-уми март дар суҳбат бо ин расона ин равишро ба сиёсати Амрико дар Венесуэла монанд кардааст. Аввали сол Амрико ба Венесуэла ҳамла кард ва Николас Мадуро, раисҷумҳури ин кишварро якҷо бо ҳамсараш рабуд. Пас аз ин бо ҳукуматдорони ба ҷойи Мадуро омада музокира карда, нафти Венесуэларо зери назорат гирифт.
“Росташро хоҳед, кори дӯстдоштаи ман ин дар ихтиёр гирифтани нафти Эрон аст, аммо баъзе одамони аблаҳ дар Амрико мегӯянд, “чаро шумо ин корро мекунед?” Аммо онҳо одамони аҳмақанд”, – изҳор доштааст Трамп.
Ӯ дар идома гуфтааст, ки “шояд ҷазираи Хоркро тасарруф кунем, шояд ҳам не. Гузинаҳои зиёде дорем”.
Раисҷумҳури Амрико дар посух ба пурсиши вазъи дифоии Эрон дар ин ҷазира гуфтааст, ки “ман фикр намекунам, ки онҳо ягон дифоъ дошта бошанд. Мо метавонем онро хеле осон тасарруф кунем”. Ду ҳафта пеш Амрико ба Хорк ҳамла карда, гуфта буд, ки таъсисоти низомии ин ҷазираро ҳадаф қарор додааст.
Изҳороти Трамп дар ҳоле садо медиҳад, ки ҷанги Амрико ва Исроил алайҳи Эрон Ховари Миёнаро ба бӯҳрони нав гирифтор кардааст ва нархи нафт дар як моҳ беш аз 50% афзоиш ёфтааст. Субҳи имрӯз нархи нафти хоми “Brent” ба беш аз 116 доллар барои як бушка расид, ки наздик ба баландтарин сатҳи худ аз замони оғози даргирӣ аст.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳо аз фиристодани садҳо нерӯи заминии Амрико ба Ховари Миёна ва аз эҳтимоли ҳамлаи заминии ин кишвар ба Эрон хабар медиҳанд. Мақомоти Эрон ҳам аз омодагии худ барои даргирии заминӣ ҳарф задаанд. Аз ҷумла, Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси парлумони Эрон рӯзи якшанбе гуфта буд, ки “мардони мо мунтазири вуруди заминии сарбозони амрикоӣ ҳастанд, то оташ ба ҷонашон андозанд”. Ӯ Амрикоро муттаҳам кард, ки ба таври ошкор паёми музокира мефиристад, вале дар ғайб “барои ҳамлаи заминӣ нақша мекашад”.

Зимнан, Доналд Трамп шаби 30-юми март дар суҳбат бо рӯзноманигорон иддао кардааст, ки “режим” дар Эрон тағйир карда, тавононии низомиаш нобуд шудааст, ҳамлаҳои Ҷумҳурии Исломӣ ба пойгоҳҳои низомӣ ва зерсохтҳои дигари Амрико дар кишварҳои Ховари Миёна шадидтар шудааст.
Вазъ дар дигар кишварҳои Ховари Миёна
Давоми рӯзҳои гузашта ҳамлаҳои Эрон ба пойгоҳҳои низомӣ ва зерсохтҳои Амрико, ки дар кишварҳои Ховари Миёна ҷойгиранд, афзоиш ёфтааст.
Аз ҷумла, Вазорати дифоъи Арабистони Саудӣ шаби 30-юми март хабар дод ки 5 мушаки балистикиро раҳгирӣ кардааст. Ин хабар дар ҳолест, ки дар пайи ҳамлаҳои Эрон ба пойгоҳи ҳавоии шоҳзода Султони ин кишвар як ҳавопаймои низомии A-3 Sentry ё AWACS ва чанд ҳавопаймои сӯхтрасони Амрико, нобуд шуданд ё осеб диданд. Дар ҳоле, ки Амрико ҳамла ба ҳавопаймоҳояшро шарҳ надодааст, хабаргузории “ББС” осеб дидани онҳоро тасдиқ мекунад. Расонаҳои амрикоӣ менависанд, ки дар ҳамла ба ин ҳавопаймоҳо 12 сарбози Амрико захмӣ шудааст.
Тибқи гузоришҳо ҳавопаймои Boeing A-3 Sentry ё AWACS системаи огоҳӣ ва назорати ҳавоӣ буда, барои пайгирии ҳавопаймоҳо ва мушакҳо дар масофаи дур аз радарҳои пешрафта истифода мебарад ва аз ҳаво майдони ҷангро тасвир мекунад. Гуфта мешавад, Амрико танҳо 16 ҳавопаймои A-3 Sentry ё AWACS дошт ва он ягон ивазкунандаи осон барои хидматрасонӣ надорад ва пешбинӣ мешавад, ки ивазкунандаи наздиктарин, ҳавопаймои E-7 Wedgetail мебошад, ки 700 миллион доллар арзиш дорад.

Дар пайи ҳамлаҳои ба Кувайт як иншооти барқӣ ва як иншооти обрасонӣ осеб дида, гуфта мешавад, як корманди ҳиндӣ кушта шудааст.
Қароргоҳи маркази “Хотам-ул-анбиё” хабарҳо дар бораи ҳамлаи Эрон ба иншооти обрасони Кувайтро рад карда гуфтааст, ки онро “режими саҳюнистӣ анҷом додааст”.
Дар зимн, Қатар, Кувайт ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи 29-уми март низ аз ҳамлаҳои мушакиву паҳподӣ хабар дода буданд.
Вазорати дифоъи Кувайт 14 мушак ва 12 паҳподро шиносоӣ карда, иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамла ба як қисми низомӣ дастикам 10 нафар аз нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар захмӣ шудааст.
Қатар гуфтааст, ки паҳподу мушакҳое, ки аз Эрон партоб шуда буд, раҳгирӣ кардааст. Чанд соат пеш Вазорати дифоъи Иморот низ хабар дод, ки аз сӯи Эрон 16 мушак ва 24 паҳпод ба сӯи ин кишвар партоб шудааст.
Ҷанг дар Лубнон
Дар зимн, ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии Исроил ба Лубнон ва ҳамчунин, зарбаҳои “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ба Исроил идома кард. Дар ҳамлаҳои рӯзи гузаштаи “Ҳизбуллоҳ” ба Исроил, аз ҷумла, ҳамлаи мушакӣ ба самти сарбозони ин кишвар дар ҷануби Лубнон 1 сарбози исроилӣ кушта ва 5 тани дигар маҷруҳ шудааст. Дар умум, дар даргириҳои ахир миёни ин гурӯҳ бо Исроил 6 сарбози исроилӣ кушта шудааст.

Ҳамзамон, дар ҳамлаҳои Исроил ба минтақаҳои маскунӣ дар шаҳрҳои Бейрут ва Барашити Лубнон чанд тан кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудааст. СММ иттилоъ дод, ки яке аз нерӯҳои ҳифзи сулҳ дар Лубнон кушта ва яки дигар сахт захмӣ шудааст.





