Аввали фасли баҳор, ки ҳоло сабзавоти тару тоза нест, ифтифодаи алафу гиёҳҳои баҳории қобили истеъмол, барои шахс хеле муҳим аст. Дар бораи то чӣ андоза муфид будани онҳо барои солимии шахс маълумот медиҳем.
1. Ревоҷ (чукрӣ)
Ревоҷ ё худ чукрӣ, аз ҷинси гиёҳҳои бисёрсола аз оилаи торониҳо аст. Растании кӯҳиест, ки пояаш ҳамчун сабзавоти хӯрданибоб дар байни мардуми тоҷик маъмул аст.
Ревоҷро барои муолиҷаи диққи нафас, заъфи ҷигар, дарди меъда, хала, исҳол, зусанториё (исҳоли хунин), иллати гурдаву пешобдон ва ғайра истифода мекунанд. Аз ревоҷ марҳам тайёр карда ба омос, қубо (лишай) ба ҷои латхӯрда мебанданд.

Навъи “чукрии тагисангӣ” хеле болаззат буда, асосан дар ноҳияи Варзоб ва қаторкӯҳҳои Зарафшон нашъунамо меёбад. Мавсими ревоҷ тақрибан аз аввали моҳи апрел оғоз меёбад.
2. Пудина
Пудина ё худ ҳудбӯй ҷинси рустаниҳои бисёрсолаи хушбӯй буда, намудҳои гуногуни он то 150 см қад мекашанд. Пудина дар фаслҳои баҳору тобистон ва гоҳо тирамоҳ мешукуфад.
Пудина бештар дар марғзору алафзорҳо, лаби чашмаҳо, ҷӯйҳо ва каналҳо, соҳили дарёҳо, кӯлҳо ва обанборҳо мерӯяд. Аз пудина равғани эфир, ментол ва барг ҳосил мекунанд, ки дар тиб, атриёт, қаннодӣ истифода мешаванд.
Пудина барои табобати бемориҳои меъда, дарди гӯш, зардпарвин истифода мешавад. истифода мебурд. Дар тибби муосир барг, равғани эфирӣ ва ментоли пудина барои муолиҷаи зиқи дил, невралгия, шақиқа, бемориҳои илтиҳобии меъда, бемориҳои ҷигар корбурд доранд.

Дар фитотерапия ва тибби мардумӣ пудина барои табобати ғалаёни хун, атеросклероз, бемориҳои гурда, иллати ҷигар, бемориҳои меъда ва рӯда истифода мешавад. Ба ақидаи табибони мардумӣ, пудина сӯзиши меъдаро таскин медиҳад, беҳузурии дилро бартараф мекунад, бодҳоро пароканда месозад, пешоброн мебошад.
3. Қоқу
Қоқу ё гули қаҳқаҳ навъе аз гиёҳҳои бисёрсола аст. Қоқу дар ҳама ноҳияҳои Тоҷикистон фаровон аст. Одатан дар лаби ҷӯй, соҳили рӯдҳо, марғзор, талу теппаҳо, ҷангалзор, дашту саҳро, боғ, канори роҳу назди иқоматгоҳҳо ва ғайра месабзад. Қоқу гиёҳи қадимии ғизоӣ астт. Барги онро юнониҳо ва румиҳои қадим чун сабзавот истеъмол мекарданд. Тоҷикон аз барги қоқу ва гиёҳҳои дигар самбусаи алафӣ мепазанд, бехи онро тару тоза истеъмол мекунанд.

Қоқу барои барҳам додани доғи кунҷитак, табобати истисқо, заҳри каждум, боздоштани хунпартоӣ, қувват бахшидани меъда, табобати илтиҳоби ҷигар, заъфарма, иллати заҳрадон, дарди санги гурдаву масона, диабети қандӣ, бавосир, қабзияти меъдаву рӯда, касалиҳои пӯст, инчунин ба сифати доруи заҳрарон, мушаҳҳӣ (иштиҳоовар), исҳоловар ва пешоброн, тақвияти кори узвҳои ҳозима ва муолиҷаи атеросклероз истифода мешавад.
4. Барги зуф
Аз май то охири сентябр гул мекунад. Дар боғу киштзор, заминҳои партов, канори ҷӯй ва чашмасорон месабзад.
Дар амалияи тибби муосир нақеъ ва шираи барги зулф барои табобати бемориҳои меъдаву рӯда (газак, энтероколит, энтерит), халаҳои шадиду музмин ва бемориҳои захмӣ истифода мешавад. Доруи «палантаглюзид», ки аз барги зуф тайёр мекунанд, дар муолиҷаи илтиҳобу реши меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта ба кор меравад.

Нақеъ, ҷавҳар, шира ва ҷӯшоби барги зуф давои хуби бемориҳои узвҳои нафас, сурфакабутак, сили шуш ва нефрити музмин мебошанд. Қиёми барги он хосияти таскинбахшӣ дошта, фишори хунро мефарорад; шираи баргаш барои муолиҷаи реши қарнияи чашм давои хуб аст.
5. Сиёҳалаф
Сиёҳалаф, сияҳалаф, сеалаф (лот. Allium rosenbachianum) — навъе пиёзи худрӯст. Асосан дар минтақаи ҷангалзор, камари шахҳо ва соҳили рӯдҳои кӯҳӣ, нишебиҳои санглохи қаторкӯҳҳои Зарафшон, Ҳисор, Қаротегин, Вахш ва дигар (1000—3000 м аз сатҳи баҳр) мерӯяд. Барги сиëҳалаф сервитамин аст ва чун сабзавот истеъмол мешавад.
Дар таркиби сиёҳалаф йод хеле зиёд буда, ба гирифторони бемории ғадуди сипаршакл – ҷоғар фоида дорад. Сиёҳалаф дарди сари бар асари камхунӣ ва норасоии витаминҳо пайдошударо рафъ месозад. Сиёҳалаф аз витамини С, каротин ва фитонсид бой мебошад. Дар таркиби он ҳамчунин миқдори зиёди намакҳои минералӣ, оҳан, марганетс, калий, руҳ ва йод мавҷуд аст. Сиёҳалаф дорои фитонсидҳои фаъол, сахароза, кислотаи аскорбин (витамини С), бета-каротин (провитамини А) ва витаминҳои РР, В1, В2 буда, норасоии витаминҳоро бартараф месозад.

Сиёҳалафро барои муолиҷаи бемориҳои меъдаю рӯда, бахусус захми меъда ва гастрит бо туршии баланд истифода бурдан мумкин аст. Барги сиёҳалаф иштиҳоро кушода, ба ҷаббидани ғизо мусоидат мекунад. Ин растании нодир дар таркибаш антибиотикҳои табиии фаъол дошта, ба мустаҳкамшавии системаи масуният кумак мерасонад. Сиёҳалаф кори бонизоми дил ва рагҳои хунгарди онро таъмин менамояд. Истеъмоли хӯроки аз сиёҳалаф тайёршуда натанҳо ба меъдаю рӯда, балки ба ҷигар ва дигар узвҳои инсон ҳам фоида дорад. Сиёҳалаф асабро ором намуда, барои майнаи сар муфид аст.
6. Шибитак – шивиди кӯҳӣ
Шибитак, шивиди кӯҳӣ, шибити даштӣ, чӯлингон, чӯлинг як навъ гиёҳи бисёрсолаи худрӯи ғазоӣ аз оилаи чатргулҳост.
Шибитак дар бисёр ноҳияҳои Тоҷикистон мерӯяд. Одатан дар минтақаи алафзор, ҷангалзори гармсер ва паҳнбарг, пуштаҳо, нишеби кӯҳҳо ва ғайра месабзад. Шибитакро ба монанди шибит тару тоза ва хушконида истеъмол мекунанд. Ба таомҳои гуногун меандозанд ва дурит тайёр менамоянд.

Ба маҳсулоти ширӣ (чакка, қурут, дуғ, ҷурғот ва ғайра )низ ҳамроҳ мекунанд. Шибитак хӯрокро хушҳазм ва хуштаъм мекунад; иштиҳоовар аст, кори узвҳои ҳозимаро тақвият медиҳад. Барои очоронии бодиринг, карам, помидор ва ғайра низ истифода мебаранд.
7. Исфаноҷ
Исфаноҷ, испаноҷ, исфанох, испанох (шпинат) сабзавоти як ё дусолаи мансуби шӯраиҳо буда, моҳи апрел гул карда, май мева мебандад.

Он аз калий бой буда, барои табобати исфаноҷи тару тозаро ба хӯриш, шӯрбо ва дигар хӯрокҳо илова мекунанд. Он дорои унсури муҳим – оҳан буда, барои ташаккули гемоглобин ва интиқоли оксиген зарур аст. Барои кам кардани вазн, тақвияти кор меъда, иштиҳооварӣ, мустаҳкам карани кори рӯдаҳо, рафъ кардани дарди сар, коҳиши вобастагӣ ба инсулин, тоза кардани бадан аз маводи заҳровар ва токсинҳо, бемории системаи устухон ва мушакҳо истифода мешавад. Ҳамчунин баргҳои исфаноҷ ҳам барои зани ҳомила ва ҳам барои кӯдаки ӯ хеле муфиданд.
8. Шилха (туршак)
Туршак, ҳуммоз, як навъ гиёҳи бисёрсолаест, ки то 80 см қад мекашад. Туршакро чун хӯриш ва дар таом истеъмол мекунанд. Баргаш сервитамин (то 115 мг% витамини С ва 8 мг% каротин, инчунин витамини В1) аст.

Барои табобати заҳраронӣ, майда кардани санги гурда, табобати захми меъда, исҳоли куҳан, таскини дарди дандон ва ҷароҳати даҳон истифода мешавад. Туршаки худрӯй низ хусусияти шифобахшӣ дорад. Дар амалияи тиб бо нақеъ ва қиёми шахсони гирифтори коллит ва энтероколитро табобат мекунанд. Решаву решапояи Туршакро, ки 6 – 20% моддаҳои даббоғӣ доранд, барои ош додани пӯст истифода мебаранд.
9. Рошак
Рошак гиёҳи бисёрсолаест аз ҷинси камол мансуби оилаи чатргулҳо. Моҳҳои май – июн гул карда, июл – август мева мебандад. Дар тамоми ҳаёташ як бор гулу мева мекунад.
Рошак фақат дар Тоҷикистон мерӯяд. Асосан дар бешазори гармсер, дарахтони паҳнбарг, алафзори нимсаванна, бодому пистазор, мавзеъҳои регу санглох, нишебии кӯҳҳо месабзад. Бештар дар Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ (қаторкӯҳҳои Ҳисор, Дарвоз, Ҳазратишоҳ, Вахш ва ғайра) вомехӯрад.

Пояи наврустаи рошакро чун сабзавоти иштиҳоовар, сервитамин ва доруӣ истеъмол мекунанд. Барги онро чорво мехӯрад. Рошак рустании асаловар аст.


