Эрон дар посух ба пешниҳоди Амрико дар бораи хатми ҷанг тарҳи худро дар 10 банд ба Покистон додааст, то онро ба Иёлоти Муттаҳида расонад. Дар ин бора хабаргузории эронии ИРНА шаби гузаштаи 6-уми апрел гузориш дода, навиштааст, ки ин тарҳ “пас аз ду ҳафта баррасиҳои ҳамаҷониба дар сатҳҳои олии низом” таҳия шудааст.
Эрон дар посухи худ оташбаси муваққатро рад карда, “бар зарурати хотимаи доимии ҷанг бо риояти мулоҳизоти Эрон” таъкид кардааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ҷавоби Эрон маҷмуае аз дархостҳо, аз ҷумла “поёни даргириҳо дар минтақа, протоколи ҳаракати амн аз тангаи Ҳурмуз, бозсозӣ ва бардоштани таҳримҳо”-ро дарбар мегирад.

Акс аз Hammihan newspaper
“Пешниҳоди ин матн пас аз он сурат гирифт, ки дар пайи таҳаввулоти рӯзи шанбе ва якшанбе дар манотиқи ғарбӣ ва марказии Эрон ва шикасти фоҷиабори амалиёти мутаҳаррики ҳавоии Амрико, Эрон бори дигар бартарии худро дар ҷанг нишон дод ва Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико низ бо тамдиди навбатии зарбулаҷали такрорӣ, аз таҳдидҳои қаблии худ ақибнишинӣ кард”, – навиштааст ИРНА.
Рӯзномаи “Ню-Йорк Таймс” аз қавли ду мақоми эронӣ навиштааст, ки тарҳи Эрон барои поён додани ҷанг, аз ҷумла ҷорӣ кардани молиёт барои гузаштани киштиҳо (ҳудуди 2 миллион доллар) дар бар мегирад, ки онро бо Уммон, ки дар тарафи дигари ин гулӯгоҳ қарор дорад, тақсим мекунад.
Тибқи ин тарҳ, Эрон ба ҷойи дархости товони мустақим аз Амрико, ин даромадҳоро барои бозсозии зерсохтҳои равона мекунад, ки дар ҳамлаҳои Амрикову Исроил вайрон шудаанд.
“Эронро дар як шаб нобуд мекунем”. Таҳдиди дубораи Трамп
Ҳоло вокуниши расмии Вашингтон ба посухи Эрон маълум нест. Вале Доналд Трамп гуфтааст, ки пешниҳоди Эрон “ба андозаи кофӣ хуб нест, аммо ин як қадами муҳим аст”.

Акс аз EPA
Ҳарчанд ӯ нагуфтааст, ки манзураш чӣ пешниҳоде аст, вале расонаҳои ғарбӣ ҳарфи ӯро ишора ба тарҳи 10-бандии Эрон маънидод кардаанд.
Раисҷумҳури Амрико дар нишасти хабарӣ изҳор доштааст, ки ҳаргуна тавофуқи нав бо Эрон барои поён додан ба даргириҳо бояд шомили тазмини “озодии гузаштани нафт” аз тангаи Ҳурмуз бошад.
Дар ин баробар, ӯ, ки дар ҳошияи маросими мазҳабии иди пок (ҷашни Пасха) дар Вашингтон ба хабарнигорон суҳбат мекард, бо такрори таҳдидҳои худ барои ҳамла ба зерсохтҳои Эрон иддао кард, ки “тамоми Эронро метавон дар як шаб нобуд кард ва он шояд фардо шаб бошад”.
Доналд Трамп бо сафед кардани ҳамлаҳои Амрико ба Эрон муддаӣ шудааст, ки “метавонад ба нафъи мардуми одии Эрон бошад” ва илова кардааст, ки “онҳо омодаанд, барои дастёбӣ ба озодӣ сахтиро таҳаммул кунан”.
Идомаи ҳамлаҳо ва кушта шудани чанд тан аз ҳарду тараф
Бо вуҷуди таҳдидҳо ва изҳоротҳои тарафҳо, ҳамоно ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон, аз ҷумла ба зерсохтҳои ғайринизомӣ идома дорад. Дар посух, Ҷумҳурии Исломӣ низ зарбаҳои худро ба Исроил ва пойгоҳои низомиву зерсохтҳои амрикоӣ дар кишварҳои Ховари Миёна идома медиҳад.
Расонаҳои эронӣ гузориш доданд, ки дар ҳамлаҳои рӯзи 6-уми апрели Амрикову Исроил ба Эрон чанд нафар куштау захмӣ шудаанд. Аз ҷумла дар ҳамлаҳои ба вилояти Теҳрон 6 кӯдак кушта шудааст. Ҳамзамон дар ҳамла ба як бинои истиқоматӣ дар шаҳри Қум 5 тан ва дар шаҳристони Баҳористони Теҳрон 13 тан ва 4 афсари Артиши Эрон кушта шудааст.

Акс аз IDF
Ҳамлаҳои Эрон ба Исроил низ кушта доштааст. Аз ҷумла, дар пайи ҳамлаи рӯзи гузаштаи Эрон ба шаҳри Ҳайфои Исроил 4 нафар кушта шудааст. Тибқи иттилои Вазорати тандурусти Исроил танҳо шабонарӯзи гузашта дар пайи ҳамлаҳои Эрон ва “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон 133 тан маҳҷрӯҳ шуда, теъдоди умумии захмиён аз оғози даргирӣ ба 7 ҳазору 183 нафар расидааст.
Мақомоти Амрико низ гуфтаанд, 15 нерӯи ин кишвар дар пайи ҳамлаи Эрон ба пойгоҳи амрикоии “Али ас-Салим” дар Кувайт давоми шаби гузашта маҷрӯҳ шудаанд. Фармондеҳи марказии Амрико гуфтааст, ки аз оғози даргирӣ бо Эрон 373 сарбози амрикоӣ маҷрӯҳ шудаанд.


