Ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии “Тоскулоҳи бузурги Душанбе” (“Dushanbe Grand Slam 2026”) эълон шуд. Ин мусобиқа аз 1 то 3-юми май дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 25 варзишгар, 21 мард ва 4 зан намояндагӣ мекунанд:
- Меҳрзод Суфиев, Лоиқ Қутбиддинов, Икром Шамсов, Рамзиддин Азизов (ҳама дар вазни то 60 кг);
- Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов, Мусаниф Миробов, Искандар Маҳмадхоҷазода (ҳама дар вазни то 66 кг);
- Муҳиддин Асадуллоев, Масъуди Аҳмадзод, Абдуллои Ориф, Бинёмин Назиров (ҳама дар вазни то 73 кг);
- Сомон Маҳмадбеков, Бахтиёр Бозоров, Абубакр Боқиев (ҳама дар вазни то 81 кг);
- Муҳаммад Абдуҷалилзода, Умед Раҷабов (ҳама дар вазни то 90 кг);
- Ҷаҳонгир Маҷидов, Муҳсин Малаев (ҳарду дар вазни то 100 кг);
- Мансур Раҳмон, Некрӯзшох Некбахтзода (ҳарду дар вазни +100 кг).
- Аҳлия Муъминова (дар вазни то 48 кг);
- Мадина Қурбонзода (дар вазни то 52 кг);
- Александра Кан (дар вазни то 57 кг);
- Виктория Киселёва (дар вазни +78 кг).
Дар ин мусобиқа барандаҳои медалҳои тилло 5 ҳазор евро, соҳибони медалҳои нуқра 3 ҳазор евро ва онҳое, ки медали биринҷӣ мегиранд, 1 ҳазору 500 евро ба даст меоранд. Як қисми ин пул ба мураббиёни варзишгарон тақдим мешавад.
Илова бар ин, ҷудокорон аз “Тоскулоҳи бузурги Душанбе” барои беҳтар кардани мавқеи худ дар радабанди Федератсияи байналмилалии ҷудо имтиёз мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи байналмилалаии “Тоскулоҳи бузурги Душанбе-2025”, ки моҳи майи соли гузашта дар Душанбе баргузор шуд, ҷудокорони тоҷик бо 11 медал – 4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ мақоми аввалро касб карда буданд. Дар он 36 варзишгари тоҷик, 28 мард ва 8 зан ширкат карда буданд.
Дар он мусобиқот 226 варзишгар (123 мард ва 103 зан) аз 27 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд.


