Намояндаи ҲХДТ дар интихоботи миёндавраӣ ба парлумони ҷумҳурӣ пирӯзӣ ба даст овард

0


Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи натиҷаҳои қаблии интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии рақами 4-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки рӯзи якшанбеи 8-уми феврал баргузор гардид, намояндаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Амир Катаев бо касби 91,1 дарсади овози интихобкунандагон пирӯзӣ ба даст овардааст.





 

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии мамлакат Муҳибулло Додоҷонов хабар дод, ба ҷонибдории Катаев аз 55 ҳазору 393 интихобкунанда, 50 ҳазору 447 нафар овоз додааст. Ин дар ҳолест, ки ба тарафдории рақиби Катаев – Додихудо Абдуллоев аз Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон

 

3 ҳазору 765 нафар ё худ 6,7 дарсади овоздиҳандагон райъ доданд.



Ёдовар мешавем собиқ вакили Палатаи поёнии парлумони мамлакат аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии рақами 4-и ноҳияи Сино – Каримҷон Қодиров моҳи ноябри соли гузашта бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб таъин гардид.


Реклама на asia+

Корхонаҳои коркарди меваи Тоҷикистон дар намоишгоҳи байнулмилалии ПродЭкспо-2009 дар Маскав иштирок мекунанд

0


Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» –

Панҷ корхонаи коркарди мева ва сабзавоти Тоҷикистон дар намоишгоҳи байнулмилалии саноати ғизо ва нӯшока мавсум ба ПродЭкспо-2009, ки имрӯз, 09 феврал дар Маскав шурӯъ шуд, аз ин кишвар намояндагӣ мекунанд. Ин корхонаҳо “Шарбатҳо” ва “Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ” (собиқ Гули Кӯҳсор”) аз шаҳри Душанбе ва “Корхонаи консервбарории Ҳасанов”, “Элита-Истаравшан”,

 

ва “Тоҷфрут” аз вилояти Суғд мебошанд. Дар ин бора аз Оҷонсии олмонии ҳамкории фаннӣ (GTZ) хабар доданд.

 






Шонздаҳумин намоишгоҳи байнулмилалии саноати хӯрока ва нӯшока – ПродЭкспо-2009 то 13 феврал идома ёфта, бо мусоидати ҳукумати шаҳри Маскав ва Палатаи тиҷорат ва саноати Русия доир мешавад. Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар бузургтарин намоишгоҳи маҳсулоти хӯрока дар ҳудуди собиқ Шӯравӣ бо кӯмаки молӣ ва фаннии Оҷонсии олмонии ҳамкории фаннӣ (GTZ) ва Маркази байнулмилалии тиҷорат (ITC) имконпазир гардидааст.



Бо назардошти ниёз ба вуруди сареътар ба бозори кишварҳои дигар, қабл аз ҳама Русия ва Қазоқистон, иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар чунин як намоишгоҳ барои ин корхонаҳо имконоти хуби муаррифии маҳсулоти худ ва дарёфти харидорон ва ҳамкорони нав дар хориҷ аз кишварро фароҳам меоварад.



Маттиас Ҳалдер, раҳбари лоиҳаи «Дастгирии соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон» (GTZ) бар ин назар аст, ки намоишгоҳ барои корхонаҳои Тоҷикистон имкони хубест, то маҳсулоти худро ба доираи васеъи истеъмолкунандагон дар Русия, Аврупои Шарқӣ ва Ғарбӣ нишон бидиҳанд. Ба қавли ӯ, ин намоишгоҳ имкон медиҳад, то корхонаҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои хориҷӣ робитаҳои мутақобилан судманд барқарор намоянд ва ҳамзамон, бино бар рақобати шадид дар бозорҳо онҳоро ба чолиш мекашад. Аз ҷониби корхонаҳои Тоҷикистон намудҳои гуногуни маҳсулот барои намоишгоҳ омода шудааст, ки ба гуфтаи Саидмӯъмин Камолов, раҳбари лоиҳаи Маркази байнулмилалии тиҷорат дар Тоҷикистон, ба корхонаҳои Тоҷикистон имкони воқеъии пешбурди тиҷорати худ дар бозорҳои беруна, дарёфти шарикони нави тиҷоратӣ ва роҳҳои нави фурӯшро фароҳам меорад.





Маълумотнома: Оҷонсии олмонии ҳамкории фаннӣ (GTZ)





оҷонсиест, ки рушди босуботро дар саросари ҷаҳон дастгирӣ менамояд. GTZ пешрафти босуботи сиёсӣ, иқтисодӣ, зистмуҳитӣ ва иҷтимоиро дар шароити глобализатсияи ҷаҳонӣ дастгирӣ мекунад. Ҳадафи аслии оҷонсӣ – беҳбудии шароити зиндагӣ мебошад. Дафтари ҳамоҳангсозии GTZ дар Душанбе аз соли 1996 фаъол аст.










Маркази байнулмилалии ти






ҷ






орат






(ITC)

як ниҳоди муштараки Созмони Милал (UNCTAD) ва Созмони




ҷ




аҳонии ти




ҷ




орат (WTO) буда, ҳадаф аз таъсиси он дастгирии рушди соҳаи ти




ҷ




орат ва сатҳи иқтидори содиротии кишварҳои р




ӯ




ба инкишоф ва дар ҳоли гузариш мебошад.






 


Реклама на asia+

Дар Хуҷанд вазирони мудофиаи Тоҷикистону Қирғизистон вазъи низомиву сиёсии минтақаи Осиёи Марказиро мавриди баррасӣ қарор доданд

0


Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Бо даъвати вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев рӯзи гузашта як ҳайати вазорати дифоъи Ҷумҳурии Қирғизистон ба раҳбарии вазир генерал-майор Бактибек Калиев ба шаҳри шаҳри Хуҷанд омад.




Тавре ба ОИ «Азия- Плюс» сухангӯи вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар меҳвари мулоқоти вазирони дифои ду кишвари ҳамҷавор, вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон қарор дошт.



Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаи рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникии ду кишвар, ташкил ва баргузор намудани тамриноти муштараки хизматчиёни ҳарбии қисмҳои низомии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳудуди вилояти Суғд баррасӣ гардид.


Реклама на asia+

Сафари сарвари давлат ба Шоҳигарии Белгия

0


 Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Р


ӯ


зҳои 9-12 феврали соли 2009 Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон аз Шоҳигарии Белгия ва Дастгоҳи Марказии Иттиҳоди Аврупо боздиди расм


ӣ


ан


ҷ


ом хоҳад дод.




Сафари расмии Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон ба Шоҳигарии Белгия бо даъвати Сарвазири ин кишвар


ҷ


аноби Херман ван Ромпей сурат мегирад. Зимни боздид Эмомал


ӣ


Раҳмон бо Шоҳи Белгия Алберти II, Сарвазир ва шахсони дигари расм


ӣ


мулоқот хоҳад кард. Ҳамчунин ба имзо расидани як қатор созишнома ва ҳу


ҷҷ


атҳои ду


ҷ


ониба дар назар дошта шудааст, ки ба рушди муносибатҳои То


ҷ


икистону Белгия дар масъалаҳои сиёс


ӣ


, иқтисод


ӣ


, ти


ҷ


орат


ӣ


, сармоягузор


ӣ


ва гуманитар


ӣ


, аз


ҷ


умла дар соҳаи маориф, такони


ҷ


идд


ӣ


хоҳанд бахшид.



Ҳамзамон Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон мувофиқи даъвати расмии Президенти Комиссияи Аврупо


ҷ


аноби Жозе Мануэл Баррозо дар маркази ин сохтор дар Брюссел бо


ӯ


мулоқот хоҳад кард. Дар


ҷ


араёни гуфтушунид масъалаҳои инкишофи ҳамкориҳои иқтисод


ӣ


, сармоягузор


ӣ


ва гуманитар


ӣ


миёни


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон ва Иттиҳоди Аврупо мавриди баррас


ӣ


қарор гирифта, ба мавз


ӯ


и амнияти минтақа тава


ҷҷ


ӯ


ҳи хос зоҳир хоҳад гардид.



Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон ҳамчунин бо Дабири кулли Ш


ӯ


рои Аврупо, Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати даст


ҷ


амъии хори


ҷ


ӣ


ва амният


ӣ




ҷ


аноби X. Солана, Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба муносибатҳои хори


ҷ


ӣ


ва ҳам


ҷ


авор


ӣ


хонум Бенита Ферреро-Валднер, Раиси Кумита оиди муносибатҳои хори


ҷ


ии Парлумони Аврупо


ҷ


аноби С. Волский вох


ӯ


рда, масъалаҳои шоёни тава


ҷҷ


ӯ


ҳро мавриди муҳокима қарор хоҳад дод.



Суханронии Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон дар ҳузури вакилони Парлумони Аврупо ро


ҷ


еъ ба вазъи кунун


ӣ


ва дурнамои густариши муносибатҳои ду


ҷ


ониба миёни То


ҷ


икистону Иттиҳоди Аврупо низ дар назар аст.



Дар доираи сафар вох


ӯ


рии Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон бо Президенти Бонки сармоягузории Аврупо


ҷ


аноби Филипп Мейштадту дар назар дошта шудааст.


Ҷ


ониби То


ҷ


икистон ва Бонки сармоягузории Аврупо мақсад доранд, ки дар бобати ҳамкории барои тарафҳо судманд созишнома ба имзо расонанд.



Дар шаҳри Брюссел мулоқоти Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон бо Дабири кулли Паймони нир


ӯ




ҷ


аноби Андре Мерние низ баргузор хоҳад гашт, ки дар он масъалаҳои б


ӯ


ҳрони умуми


ҷ


аҳон


ӣ


, таъсири он ба таъмини амнияти энергетик


ӣ


, инчунин роҳҳои мушаххас ва самарабахш кардани ҳамкориҳои То


ҷ


икистон бо Паймони нир


ӯ


мавриди баррас


ӣ


қарор хоҳанд гирифт.



Сардори Давлати То


ҷ


икистон дар Паж


ӯ


ҳишгоҳи робитаҳои байналмилалии Эгмонди Шоҳигарии Белгия дар ҳузури намояндагони доираҳои маъруфи сиёсиву илмии он кишвар ва ҳайъати дипломат


ӣ


суханрон


ӣ


намуда, бо онҳо ро


ҷ


еъ ба муҳимтарин масъалаҳои инкишофи сиёсиву иқтисодии


ҷ


умҳур


ӣ


ва вазъи амнияти минтақа табодули назар хоҳад намуд.



Дар рафти сафар Президенти То


ҷ


икистон дар маросими ифтитоҳи расмии бинои нави Сафорати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон дар Шоҳигарии Белгия ширкат варзида, дар бинои ёдшуда бо то


ҷ


икистониёни муқими Белгия мулоқот хоҳад кард. Суханронии Президенти кишвар дар бизнес-форум бо иштироки соҳибкорони он кишвар, ки мехоҳанд дар рушди иқтисоди То


ҷ


икистон саҳмгузор бошанд, дар назар дошта шудааст. Дар ин бора аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.


Реклама на asia+

Муовинони нави вазири умури дохилии ҷумҳурӣ таъин карда шуданд

0



           

Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаригашта бо қарори ҳукумати Тоҷикистон генерал-майори милиса Рамазон Раҳимов муовини аввали вазири умури дохилии ҷумҳурӣ таъин карда шуд. Бо қарори дигари ҳукумат Абдуҷаббор Шамсов бинобар ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини вазири умури дохилии кишвар озод гардида, ба ин мансаб Фародбек Шодмонбеков таъин гардид.





           

Тавре аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, Рамазон Раҳимов қаблан ба ҳайси мудири шӯъбаи мудофиа ва тартиботи қонунии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ифои вазифа менамуд. Ф.Шодмонбеков дар вазифаи муовини сардори шӯъбаи фавриву техникии Вазоарти умури дохилӣ кор мекард.


Реклама на asia+

Сафари сарвари давлат ба Аврупо

0



           

Душанбе. 7-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Сафари Президенти Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупо пагоҳ бо боздиди давлатӣ аз Латвия шурӯъ мегардад.





           

Тавре роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни сафар ба Латвия мулоқоти як ба яки сарони кишварҳо ва сипас гуфтушуниди ҳайатҳо дар доираи васеъ баргузор мешавад. Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунидҳо имзои як қатор асноди дуҷонибаи ҳамкорӣ пешбинӣ гардида, иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Латвия Валдис Затлер дар ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Латвия дар назар аст. Дар ҷараёни сафар Э.Раҳмон инчунин бо раиси Сейми Латвия низ мулоқот хоҳад кард.



Ба гуфтаи Д.Назриев, аз Латвия сарвари давлати Тоҷикистон бо боздиди расмӣ роҳ сӯи Белгия пеш хоҳад гирифт. Зимни боздид Эмомал


ӣ


Раҳмон бо Шоҳи Белгия Алберти II мулоқот намуда, дар ҳузури вакилони Парлумони Аврупо суханронӣ хоҳад намуд. Дар доираи сафар имзои созишномаи дуҷониба бо Бонки сармоягузории Аврупо дар назар буда, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи расмии бинои нави Сафорати То


ҷ


икистон дар Шоҳигарии Белгия ширкат хоҳад варзид.

 





           

«Шоми 11-уми феврал Э.Раҳмон аз Брюссел бо сафари расмӣ озими Литва хоҳад гашт ва дар ҷараёни сафар бо ҳамтои литвагии худ Валдас Адамкус мулоқот анҷом хоҳад дод», – гуфт Д.Назриев ва афзуд, ки аз рӯи гуфтушунидҳо ба имзо расидани як қатор асноди ҳамкорӣ дар назар аст. Дар доираи сафар ба Литва сарвари давлати Тоҷикистон бо раиси Сейми Литва низ мулоқот анҷом дода, дар шаҳри Каунас бо фаъолияти яке аз корхонаҳо аз наздик ошно хоҳад шуд.




           

Ба қавли Д.Назриев, 13-уми феврал Э.Раҳмон аз Литва бо сафари корӣ ба Эстония меравад. Дар Таллин сарвари давлат бо президенти Эстония Томас Хендрик Илвес ва дигар шахсони расмии ин кишвар дидору гуфтушунид анҷом хоҳад дод.


Реклама на asia+

Дар роҳҳои мошингарди пойтахт «тангемка»-ҳоро автобусу троллейбусҳо иваз мекунанд

0


Душанбе. 7-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини раиси шаҳри Душанбе Абдуҳамид Миралиев дирӯз дар ҳузури рӯзноманигорон изҳор дошт, ки қарори манъи ҳаракати мошинҳои сабукрави мусофирбари ҳафт ҷойи нишастдошта дар як қатор кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе бо мақсади кам кардани шумори хеле зиёди нақлиёт дар баъзе қитъаҳо қабул гардид.




Ба гуфтаи ӯ, феълан дар ҷумҳурӣ шумори мошинҳои мусофирбари маъруф ба «тангемка» то 5-5,5 ҳазор адад мерасад. «Онҳо метавонанд тибқи хатсайрҳои қаблӣ бидуни ҳаракат дар кӯчаву хиёбонҳои манъшуда кор кунанд, вале агар аз рӯи хатсайр гузаштан аз он пешбинӣ шуда бошад, метавонанд онро убур созанд», – гуфт ӯ.



Муовини раиси пойтахт иттилоъ дод, ки моҳи феврал ба Душанбе 150 автобус ва 60 троллейбус ворид карда мешаванд, ки бо 514 адад нақлиёти мусофирбари шаҳр аз рӯи хатсайрҳо ҳаракат хоҳанд кард.



А.Миралиев мегӯяд, автобусҳои хурди навъи «Газел», ки аз аввали соли гузашта шуморашон аз 1500 то 400 адад коҳиш ёфтааст, низ бо ин хатсайрҳо ҳаракат хоҳанд кард. «Аксари соҳибкорон ба рақобат тоб наоварда ба истифодаи мошинҳои сабукрави ғунҷоишашон кам гузаштанд ва акнун пас аз мавриди истифода гирифтани қарор шояд шумораашон боз афзун гардад», – афзуд муовини раиси пойтахт.


Реклама на asia+

Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе қурби доллар то 3,7 сомонӣ поин рафт

0



           

Душанбе. 7-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори кишвар коҳиш ёфтани қурби доллари амрикоӣ нисбат ба асъори миллӣ идома дорад. Имрӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе қурби доллар то 3,7 сомонӣ поин рафт.





           

Дар ҳамин ҳол як қатор нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтах имрӯз баста буданд.




           

Тибқи маълумот аз Бонки миллии Тоҷикистон, дар натиҷаи чораҳои андешида қурби доллари амрикоӣ нисбат ба сомонӣ тамоили устувори пастшавиро касб кардааст. Имрӯз қурби расмии доллари амрикоӣ, ки БМТ муқаррар кардааст, муодили 3,7275 сомонӣ аст.


Реклама на asia+

Э.Раҳмон ба шахсони мансабдори ҷумҳурӣ тавсия дод, ки саривақт ба маводи танқидиву таҳлилии ВАО вокуниш нишон диҳанд

0


Душанбе. 7-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Бо мақсади мустаҳкам намудани интизоми и


ҷ


роия, баланд бардоштани нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти


ҷ


амъиятию сиёс


ӣ


ва и


ҷ


тимоию иқтисодии


ҷ


омеа имрӯз фармони президенти Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқид


ӣ


ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» ба имзо расид. Дар он аз ҷумла гуфта мешавад:




1. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма, ки ба ҳамкории созанда ва самаранок бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти и


ҷ


роияи маҳаллии ҳокимияти давлат


ӣ


оид ба инъикоси


ҷ


араёни дигаргунсозиҳои и


ҷ


тимоию иқтисод


ӣ


дар мамлакат равона гардидааст, дастгир


ӣ


карда шавад.



2. Роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти и


ҷ


роияи маҳаллии ҳокимияти давлат


ӣ


:






ҷ


иҳати вокуниш ба мулоҳизаҳои танқид


ӣ


ва пешниҳодҳое, ки дар воситаҳои ахбори омма иброз мегарданд, дар м


ӯ


ҳлатҳои тибқи қонунгузории


ҷ


умҳур


ӣ


муқарраргардида тадбирҳои бетаъхири мушаххас андешида, аз нати


ҷ


аи баррасии онҳо ба Дастгоҳи и


ҷ


роияи Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон ва воситаҳои ахбори оммаи дахлдор иттилоъ диҳанд;



– имконияти телевизион, радио, р


ӯ


знома ва ма


ҷ


аллаҳоро барои сари вақт хабардор намудани аҳол


ӣ


аз


ҷ


араёни и


ҷ


рои масъалаҳои дорои аҳамияти


ҷ


амъият


ӣ


пурратар истифода баранд.



3. Роҳбарони воситаҳои ахбори омма:



– таъмини воқеият ва таъсирбахшии маводҳои танқид


ӣ


ва таҳлилиро вазифаи асосии фаъолияти хеш ҳисобанд;



– дар барномаҳои радио ва телевизион, саҳифаҳои р


ӯ


знома ва ма


ҷ


аллаҳо, инъикоси саривақтии нати


ҷ


аҳои вокунишро ба маводҳои танқид


ӣ


ва таҳлил


ӣ


таъмин намоянд.



4. Назорати и


ҷ


рои Фармони мазкур ба зиммаи Роҳбари Дастгоҳи и


ҷ


роияи Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон гузошта шавад.




           

Ҳамчунин имрӯз дар робита ба фармони мазкур шарҳи хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон бо мазмуни зайл интишор гашт:



Воситаҳои ахбори оммаи кишвар яке аз унсурҳои


ҷ


удонашаванда ва хеле муҳими давлати соҳибихтиёр, демократ


ӣ


, ҳуқуқбунёд, дуняв


ӣ


ва ягонаи То


ҷ


икистон ба шумор мераванд ва дар рушду нум


ӯ


и мамлакат ва


ҷ


омеаи мо нақши сазовор доранд.



Тавре аз Хадамоти матбуоти Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон ба мо иттилоъ доданд,



Сарвари давлат Эмомал


ӣ


Раҳмон ба рушди матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаи озод ва беҳтар гардидани дастёбии онҳо ба иттилооти расм


ӣ


тава


ҷҷ


ӯ


ҳи

  

махсус зоҳир мекунад. Амри Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон аз 4 марти соли 2005 оид ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуот


ӣ


дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти и


ҷ


роияи маҳаллии ҳокимияти давлат


ӣ


пас аз


ҷ


амъбасти нати


ҷ


аҳои ҳар семоҳа гувоҳи ин гуфтаҳо буда, дар та


ҷ


рибаи давлатҳои узви ИДМ падидаи нодир аст.



Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти озоди воситаҳои ахбори оммаро бе танқид ва таҳлилу муҳокимарон


ӣ


перомуни масъалаҳо ва мавз


ӯ


ҳои доғи р


ӯ


з тасаввур карда намешавад. Маълум аст, ки ҳе


ҷ


гуна пешравию тараққиёт бидуни танқид ба даст намеояд. Воситаҳои ахбори оммаи То


ҷ


икистон ин рисолати хешро хуб дарк мекунанд ва ҳамар


ӯ


за маводҳои таҳлилию танқид


ӣ


ба табъ мерасонанд ё пахш менамоянд, ки аксаран ба мавз


ӯ


ю масъалаҳои мубрами р


ӯ


з бахшида шудаанд.



Тибқи

  

Қонуни


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон «Дар бораи муро


ҷ


иати шаҳрвандон»

 

маводҳое, ки дар воситаҳои ахбори омма дар


ҷ


ва пахш мешаванд ва ба пешниҳодҳо ва арзу шикояти шаҳрвандон вобаста мебошанд, аз


ҷ


ониби мақомоти давлатию


ҷ


амъият


ӣ


ва ташкилоту муассисаҳо бояд баррас


ӣ


ва нисбати онҳо чора


ҷ


ӯӣ


карда шаванд.



Вале, мутаассифона, ба ин нигоҳ накарда, аксари маводҳои танқидиву таҳлилие, ки тавассути барномаҳои телевизиону радио пахш мешаванд ва дар р


ӯ


зномаву ма


ҷ


аллаҳо дар


ҷ


мегарданд, аз


ҷ


ониби вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти и


ҷ


роияи маҳаллии ҳокимияти давлат


ӣ


бе


ҷ


авоб мемонанд. Ҳол он ки воситаҳои ахбори омма дар ҳамкор


ӣ


бо мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии дахлдор метавонанд


ҷ


иҳати ба аҳол


ӣ


фаҳмонда додани сабабҳои б


ӯ


ҳрони молиявию иқтисодии


ҷ


аҳон


ӣ


ва пешгир


ӣ


намудани оқибатҳои он дар мамлакат нақши муассир дошта бошанд. Аз ин лиҳоз Фармони Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон ба имзо расид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Шаби гузашта дар пойтахт бар асари сӯхтор соҳибхоназан ба ҳалокат расид

0


Душанбе. 7-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Шаби гузашта дар натичаи сӯхтор дар ҳудуди пойтахт 1 нафар ба ҳалокат расид.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» чанд дақиқа пеш масъули Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати умури дохилаи ҷумҳурӣ Кароматулло Абдуллоев хабар дод, сӯхтор дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Татяна Аъзамоваи 51-сола, воқеъ дар кӯчаи Федина 26 ҳуҷраи 19, соати 20-и шаби гузашта ба амал омад.



Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз дуди ғализ соҳибхоназан Аъзамова фавт кардааст. «Тафтишот оид ба муайян намудани сабабҳои сар задани сӯхтор, ки 15 метри мураббаъро фаро гирифт,

 

феълан идома дорад», – гуфт Абдуллоев ва афзуд, ки бино ба маълумоти пешакии коршиносон, оташсӯзӣ дар натиҷаи вайрон намудани қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор ҳангоми истифодабарии шамъ ба вуқӯъ омадааст.



Ба иттилои Кароматулло Абдуллоев, дар давоми ин ҳафта дар миқёси ҷумҳурӣ, 15 сӯхтор бо хисороти молии наздики 8 ҳазор сомонӣ ба қайд гирифта шуд, ки масоҳати умумии онҳо беш аз 100 метри мураббаъро ташкил намуд.

    



Реклама на asia+