Сафари сарвари давлат ба Аврупо

            Душанбе. 7-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Сафари Президенти Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупо пагоҳ бо боздиди давлатӣ аз Латвия шурӯъ мегардад.             Тавре роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни сафар ба Латвия мулоқоти як ба яки сарони кишварҳо ва сипас гуфтушуниди ҳайатҳо дар доираи васеъ […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 7-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Сафари Президенти Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупо пагоҳ бо боздиди давлатӣ аз Латвия шурӯъ мегардад.





           

Тавре роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни сафар ба Латвия мулоқоти як ба яки сарони кишварҳо ва сипас гуфтушуниди ҳайатҳо дар доираи васеъ баргузор мешавад. Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунидҳо имзои як қатор асноди дуҷонибаи ҳамкорӣ пешбинӣ гардида, иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Латвия Валдис Затлер дар ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Латвия дар назар аст. Дар ҷараёни сафар Э.Раҳмон инчунин бо раиси Сейми Латвия низ мулоқот хоҳад кард.



Ба гуфтаи Д.Назриев, аз Латвия сарвари давлати Тоҷикистон бо боздиди расмӣ роҳ сӯи Белгия пеш хоҳад гирифт. Зимни боздид Эмомал


ӣ


Раҳмон бо Шоҳи Белгия Алберти II мулоқот намуда, дар ҳузури вакилони Парлумони Аврупо суханронӣ хоҳад намуд. Дар доираи сафар имзои созишномаи дуҷониба бо Бонки сармоягузории Аврупо дар назар буда, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи расмии бинои нави Сафорати То


ҷ


икистон дар Шоҳигарии Белгия ширкат хоҳад варзид.

 





           

«Шоми 11-уми феврал Э.Раҳмон аз Брюссел бо сафари расмӣ озими Литва хоҳад гашт ва дар ҷараёни сафар бо ҳамтои литвагии худ Валдас Адамкус мулоқот анҷом хоҳад дод», – гуфт Д.Назриев ва афзуд, ки аз рӯи гуфтушунидҳо ба имзо расидани як қатор асноди ҳамкорӣ дар назар аст. Дар доираи сафар ба Литва сарвари давлати Тоҷикистон бо раиси Сейми Литва низ мулоқот анҷом дода, дар шаҳри Каунас бо фаъолияти яке аз корхонаҳо аз наздик ошно хоҳад шуд.




           

Ба қавли Д.Назриев, 13-уми феврал Э.Раҳмон аз Литва бо сафари корӣ ба Эстония меравад. Дар Таллин сарвари давлат бо президенти Эстония Томас Хендрик Илвес ва дигар шахсони расмии ин кишвар дидору гуфтушунид анҷом хоҳад дод.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ