Барои наҷоти сомонӣ Бонки миллиро зарур аст якчанд млн. долларро ба фурӯш барорад, – назари коршинос

0


Душанбе. 4-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Доктор улуми иқтисодӣ, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров бар чунин назар аст, ки бо мақсади дастгирии қурби асъори миллӣ Бонки миллии кишварро зарур аст, якчанд миллион доллари амрикоиро ба фурӯш барорад.




Ба ақидаи ӯ, бинобар коҳиши интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳаҷми пули нақди доллари амрикоӣ кам шуд ва қурби он нисбат ба асъори миллӣ боло рафт. «Барои ба гунае дастгирӣ намудани нигаҳдории қурби асъори миллӣ, Бонки миллии Тоҷикистонро мебояд беш аз 2 млн. доллари амрикоиро ба фурӯш барорад», – гуфт ӯ.



Дар ҳамин ҳол, зимни шарҳи изҳороти раиси БМТ Шариф Раҳимзода оид ба коҳиши ҳаҷми гардиши сомонӣ ва аз муомилот гирифтани тақрибан 170 млн. сомонӣ, Ҳ.Умаров изҳор дошт, ки « чунин иқдом на он қадр тасмими хуб» буда, метавонад оқибатҳои ногувор, кам шудани дороӣ ва мавқуф гузоштани пардохтҳо миёни корхонаҳоро ба бор оварад.



Ба ақидаи коршиноси масоили иқтисодӣ, ҷиҳати нигаҳдории қурби сомонӣ ба мақомоти раҳбарии кишвар зарур аст, бахши истеҳсолоти маҳсулоти содиротиро афзун намояд ва барои муваффақ гаштан ба баробарии ҳаҷми воридоту содирот чораҳои муассир андешад.




 

Реклама на asia+

Аз қатли фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи ҷумҳурӣ Олег Захарченко як сол пур мешавад, вале қотилон то ҳанӯз ёфт нашудаанд

0


Душанбе. 4-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Аз қатли фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи ҷумҳурӣ Олег Захарченко як сол пур мешавад, вале қотилон то ҳанӯз ёфт нашудаанд.




Сардори Раёсати парвандаҳои ҷиноии махсусан муҳими Додситонии кулли ҷумҳурӣ Баҳодур Ҳамидов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки бинобар ҷустуҷӯи ҷинояткорон парванда боздошта шудааст. «Аммо тафтишот идома дорад ва гуфтан мумкин аст, ки мо дар самти дуруст қарор дорем», – гуфт ӯ ва афзуд, ки парвандаи ҷиноии мазкур таҳти назорат аст.



Ёдрас мекунем, 2-уми феврали соли 2008 дар шаҳраки Ғарм миёни гурӯҳи таъиноти махсуси вазорати дохилӣ

 

ва шӯъбаи мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили ноҳияи Рашт задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад. Дар натиҷа чаҳор нафар захмӣ шуда, фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи ҷумҳурӣ Олег Захарченко кушта шуд.



Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар сардори раёсати минтақавии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили гурӯҳи ноҳияҳои Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадовро ба даст доштан дар ин ҷиноят гумонбар медонистанд.



Дар ҳамин ҳол, 3-уми октябр бо фармони вазири умури дохилии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили гурӯҳи ноҳияҳои Рашт барҳам дода шуд. Ҳамаи кормандони раёсати мазкур, ки ба он полковники милиса Мирзохӯҷа Аҳмадов роҳбарӣ мекард, силоҳҳояшонро ба мақомот супориданд. Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» М.Аҳмадов изҳор дошта буд, ки пас аз мулоқот бо сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба чунин қарор омадаанд. «Мо 14 адад аслиҳаи оташфишон супоридем ва акнун ҷои кори минбаъдаи моро Раёсати кадрҳои вазорат ҳал хоҳад кард», – гуфта буд ӯ. Феълан М.Аҳмадов бо корҳои хоҷагидорӣ машғул аст.


Реклама на asia+

Мақолаҳои Э.Раҳмон дар бораи Имоми Аъзам мавриди писанди ҷомеаи кишварҳои мусулмонӣ қарор гирифтаанд

0



           

Душанбе. 4-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Мақолаҳои сарвари давлати Тоҷикистон таҳти унвони «Имоми Аъзам ва ҳувияти миллӣ» ва «Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо» дар маркази таваҷҷӯҳи васоити ахбори умуми як қатор кишварҳои мусулмонӣ қарор гирифтаанд.





           

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар таърихи 19-уми январ мақолаи сарвари давлат «Имоми Аъзам ва ҳувияти миллӣ» дар рӯзномаи «Ормони миллӣ»-и Афғонистон

 

нашр гардидааст.




           

Ёдрас мекунем, ки мақолаҳои зикргардидаи сарвари давлат дар рӯзномаҳои расмии Тоҷикистон ба табъ расида, дар сомонаи интернетии президенти Тоҷикистон –




www

.

prezident

.

tj






ҷой дода шудаанд.


Реклама на asia+

Кишварҳои узви ЕврАзЭС фонди муштараки зиддибӯҳронӣ таъсис медиҳанд

0




           

Душанбе. 4-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нишастҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС) ба шаҳри Маскав рафт.







           

Тавре роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, Дар ин сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Котиби Шӯрои амният Амирқул Азимов, Муовини аввали вазири мудофиа Рамил Нодиров, Сафири Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия  Абдулмаҷид Достиев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Дар нишасти ЕврАзЭС сарони кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон масъалаи асосии рӯзнома – таъсиси фоди зиддибӯҳрониро баррасӣ мекунанд.






           

Тибқи иттилои хабаргузории ИТАР-ТАСС бо истинод ба ёвари президенти Русия Сергей Приходко, масъалаи мазкур таъсиси фонди муштараки кишварҳо барои мусоидат ба рафъи оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиро дар назар дорад. «Мувофиқи пешниҳоди мо, ҳаҷми сармояи фонд бояд ба 10 млрд. доллар баробар буда, он бояд чун воситаи муассири рафъи падидаҳои номатлуб ва оқибатҳои ногувори дарпайдоштаи бӯҳрони молӣ хизмат намояд», – гуфтааст С.Приходко.






           

Ба гуфтаи С.Приходко, дар нишасти ЕврАзЭС баррасии масъалаи таъсиси Маркази байнулмилалии фанновариҳои навтарин дар чаҳорчӯбаи иттиҳод низ ба нақша гирифта шудааст. Ба иттилои ёвари президенти Русия, сарони кишварҳо тасвиби санадеро аз рӯи натиҷаҳои нишаст дар назар надоранд.






           

Нимаи дуввуми ҳамин рӯз нишасти сарони кишварҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ низ доир мегардад .Дар нишасти созмон баррасии масоили пеш гирифтани чораҳои ташкили Нерӯҳои муштараки зудамали созмон, қабули буҷаи СААД барои соли ҷорӣ, таъини санаи баргузории ҷаласаи оянда ва масъалаи дабири кулли созмон ба нақша гирифта шудааст. Феълан Николай Бордюжа ба ҳайси дабири кулли созмон ифои вазифа мекунад. Ба ҳайати СААД кишварҳои Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Қирғизистон ва Ӯзбекистон шомиланд.






Маълумотнома:




Дар таърихи 10-уми октябри соли 2000 дар шаҳри Остона сарони кишварҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон Шартномаи таъсиси Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиёро (ЕврАзЭС) ба имзо расониданд, ки он муносиботи ҳамкориҳои кишварҳоро ба сатҳи сифатан нав бароварда, шаклҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии муттаҳидшавии онҳоро муайян сохт. (Аз ҷониби ҳамаи кишварҳо тасдиқ гардида, аз 30-уми майи соли 2001 дар амал ҷорӣ шуд). Феълан Белорус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Русия ва Қирғизистон ба ҳайти ЕврАзЭС шомил мебошанд. Ӯзбекистон моҳи январи соли 2006 ба иттиҳод

 

ҳамроҳ гардид, вале ахири соли 2008 эълом дошт, ки узвияти худро дар иттиҳод бозмедорад.



Молдова, Украина, Арманистон ва Бонки рушди авруосиёӣ дар назди иттиҳод мақоми нозирро доранд. Шурӯъ аз соли 2003 ЕврАзЭС дар Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун созмони байнулмилалӣ ба қайд гирифта шуда, дар Ассамблеяи Генералии СММ мақоми нозирро соҳиб гашт.


Реклама на asia+

Даҳ нафар донишҷӯи макотиби олии ҷумҳурӣ имкони соҳиб шудан ба идрорпулии ба номи Менделеевро пайдо мекунанд

0



           

Душанбе. 4-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон маросими муаррифиномаи идрорпулии ба номи Д.Менделеев баргузор мешавад, ки аз ҷониби Бунёди рушди Русия «Донишкадаи Таҳқиқоти Авруосиёӣ» таъсис дода шудааст.





           

Тавре аз намояндагии бунёди мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, идрорпулӣ бо мақсади ҳавасмандгардонии донишҷӯён барои фаъолияти аҳамияти иҷтимоидошта ва пажӯҳиши илмиву тадқиқотӣ таъсис дода шуда, даҳ нафар донишҷӯи қобилиятнок ва аълохони макотиби олии пешқадами Тоҷикистон, ки дар ҳаёти ҷомеа фаъолона ширкат меварзанд, имкони соҳиб гаштан ба идрорпулии ба номи Менделеевро пайдо мекунанд.


Реклама на asia+

Дар Душанбе дурнамои ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Бритониё баррасӣ шуд

0


Душанбе. 4-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид бо сафири Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Мур дурнамои ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Бритониё баррасӣ шуд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи мазкур хабар доданд, дар мулоқот зикр гардидааст, ки бо вуҷуди дурнамои хуби мавҷудаи густариши ҳамкориҳо, имконоти мавҷуда ба қадри кофӣ истифода бурда намешавад. «Ҷонибҳо роҳандозии ҳамкориҳоро дар самти таъсиси корхонаҳои муштарак, баргузории намоишгоҳҳо, ҳамоишҳои тиҷоратӣ ва ғайра таъкид сохтанд», – гуфт манбаъ.



Ба иттилои сарчашма, дар ҷараёни мулоқот сафири Бритониё ба имконоти роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши гидроэнергетика ва саноати кӯҳкорӣ таваҷҷӯҳ зоҳир сохтааст. «Бо назардошти сатҳи баланди таълиму донишандӯзӣ дар Бритониё, ҳамчунин масъалаи тайёр кардани кадрҳо барои Тоҷикистон дар ин кишвар низ муҳокима шуданд», – афзуд сарчашма.


Реклама на asia+

Раёсати шуғли аҳолии пойтахт муҳоҷирони аз хориҷи кишвар баргаштаро бо ҷойи корӣ таъмин месозад

0


Душанбе. 4-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон Раёсати Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳри Душанбе ният дорад 16 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор созад.




Тавре муовини сардори раёсат Сафаралӣ Ҳакимов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, шурӯъ аз соли равон дар пойтахт аллакай ду ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ доир гардида, дар ярмаркаи ахир 125 корхона ва муассисаи пойтахт ба шаҳрвандон 6 ҳазору 530 ҷойҳои кории холӣ пешниҳод сохтанд, ки музди меҳнат дар онҳо аз 150 то 600 сомониро ташкил медод.



Аз ярмаркаҳо 11 ҳазор нафар шаҳрвандон боздид карда, 1 ҳазору 284 нафар барои худ ҷойҳои корӣ пайдо намуданд. «Миёни корҷӯён бисёр шаҳрвандоне ҳузур доштанд, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта буданд ва аксари онҳо дар соҳаи сохтмон, ки музди меҳнат дар он 600 сомониро ташкил медиҳад, бо ҷойҳои кори таъмин гардиданд», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи С.Ҳакимов, 634 нафар сокинони Душанбе ҷиҳати омӯзиши касб ба курсҳои кӯтоҳмуддат роҳхат гирифта, 131 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафарбар шуд.


Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон қурби доллар боз босуръат боло рафт

0


Душанбе. 4-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон қурби доллар нисбат ба асъори миллӣ боз босуръат боло рафт. Шоми дирӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъор арзиши 1 доллари амрикоӣ ба 3,90 сомонӣ расид ва ин дар ҳолест, ки субҳ нархи он ба ҳисоби миёна 3,75 – 3,77 сомониро ташкил медод.




Тавре аз ҶСК «Агроинвестбонк» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, субҳи дирӯз қурби доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ин бонк барои хариди 1 $ 3,75 сомонӣ ва фурӯши он 3,77 муқаррар шуда, соати 11-и рӯз қурби он мутаносибан аллакай то 3,80

 

ва 3,82 сомонӣ расид. «Феълан 1 $ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори «Агроинвестбонк» бо арзиши 3,86 сомонӣ харида шуда, бо нархи 3,88 сомонӣ фурӯхта мешавад», – хабар доданд аз бонк.



Аз ҶСК «Бонки рушди Тоҷикистон» иттилоъ доданд, ки қаблан қурби доллари амрикоӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ин бонк 3,78 сомониро ташкил медод, вале дирӯз он аллакай то 3,88 сомонӣ афзудааст.



Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои сарчашма аз ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», рӯзи пешин ва дирӯз дар 33 нуқтаи мубодилаи асъори ин бонк арзиши доллар дар як мизон нигоҳ дошта шуда, дар ин рӯзҳо нархи хариди он 3,78 ва фурӯши он 3,80 сомониро ташкил додааст. Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 3-юми феврал қурби 1 доллари амрикоиро 3,68 сомонӣ муқаррар кардааст.


Реклама на asia+

Раиси ҲНИТ мӯътақид аст, ки сафар ба Маскав барои ҳайати Тоҷикистон осон нахоҳад буд

0


Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, намояндаи парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ мӯътақид аст, ки сафар ба Маскав ва иштирок дар

 

ҷаласаҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои ҳайати Тоҷикистон осон нахоҳад буд.




Дар мавриди вақтҳои ахир ба сардӣ гаравидани муносибати Русияву Тоҷикистон М.Кабирӣ мегӯяд, ҷонибҳоро лозим аст ба изҳороти Медведев дар Тошканд ва нотаи эътирозии Вазорати умури хориҷии Тоҷимкистон таваҷҷӯҳи хос зоҳир насозанд. «Ба ҳайати Тоҷикистон аз ҳарвақта дида маҳз дар ҳамин давра дурандешиву ботамкинӣ зарур аст ва дар ҳамин ҳол, ҷонибҳоро мебояд дар пасманзари дигар муносиботи тарафайн ва самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъдаро дар чаҳорчӯбаи СААД ва ЕврАзЭС мушаххас созанд», – гуфт М.Кабирӣ ва афзуд, ки ба ақидаи ӯ, чунин тарзи муносибат минбаъд ба вазъи мавҷудаи душвор нуқта хоҳад гузошт, зеро «ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон ба ҳамдигар ниёз доранд».



Раиси ҲНИТ таъкид месозад, ки ҳайати Тоҷикистонро зарур аст, тариқи гуфтушунид мавқеи ниҳоии Маскавро оид ба муносибат ба лоиҳаҳои афзалиятнок ва ҳаётан муҳими Тоҷикистон муайян намояд.


Реклама на asia+

Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия ба то кадом андоза ба эътибор гирифтани манфиатҳои қонунии ҷумҳурӣ аз ҷониби Русия вобаста хоҳад бу

0



           

Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Коршиноси масоили сиёсӣ Рашид Ғанӣ Абдулло бар чунин назар аст, ки қарори президенти Тоҷикистон дар бораи даст кашидан аз мулоқот бо президенти Русия ва ширкат варзидан дар нишастҳои СААД ва ЕврАзЭС «хусусияти техникӣ» надошта, ба изҳороти Медведев дар Тошканд марбут аст.





           

Дар мавриди шарҳи моҳияти чунин иқдоми сиёсии Душанбе коршинос зикр кард, ки ин баръало возеҳ аст, зеро он замонаҳое, ки метавонистанд бо ҷумҳурӣ бидуни назардошти манфиатҳояш муносибат кунанду ба ваъдаи додаашон вафо накунанд, гузаштааст. «Ҷаҳон тағйир ёфта, мақоми Тоҷикистон низ дар он дигар шудааст ва имрӯз Тоҷикистон натанҳо бо Русия муносибати шариконаи стратегӣ дорад, балки муносибатҳои кишваррро бо Чин, ИМА ва Эрон низ метавон чунин арзёбӣ намуд», – гуфт ӯ. – Аврупо низ хостори он аст, ки бо Тоҷикистон дар чунин сатҳ муносибатҳояшро барқарор созад».




           

Рашид Ғанӣ Абдулло таъкид сохт, ки дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия ба то кадом андоза ба эътибор гирифтани манфиатҳои қонунии ҷумҳурӣ аз ҷониби Русия вобаста хоҳад буд ва дар муддати даврони пасошӯравӣ дар муносиботи дуҷониба мушкилоти ҷиддие пеш наомада буд.


Реклама на asia+