Раиси ҲНИТ мӯътақид аст, ки сафар ба Маскав барои ҳайати Тоҷикистон осон нахоҳад буд

Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, намояндаи парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ мӯътақид аст, ки сафар ба Маскав ва иштирок дар   ҷаласаҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои ҳайати Тоҷикистон осон нахоҳад буд. Дар мавриди вақтҳои ахир ба сардӣ гаравидани муносибати Русияву Тоҷикистон М.Кабирӣ мегӯяд, ҷонибҳоро лозим […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, намояндаи парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ мӯътақид аст, ки сафар ба Маскав ва иштирок дар

 

ҷаласаҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои ҳайати Тоҷикистон осон нахоҳад буд.




Дар мавриди вақтҳои ахир ба сардӣ гаравидани муносибати Русияву Тоҷикистон М.Кабирӣ мегӯяд, ҷонибҳоро лозим аст ба изҳороти Медведев дар Тошканд ва нотаи эътирозии Вазорати умури хориҷии Тоҷимкистон таваҷҷӯҳи хос зоҳир насозанд. «Ба ҳайати Тоҷикистон аз ҳарвақта дида маҳз дар ҳамин давра дурандешиву ботамкинӣ зарур аст ва дар ҳамин ҳол, ҷонибҳоро мебояд дар пасманзари дигар муносиботи тарафайн ва самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъдаро дар чаҳорчӯбаи СААД ва ЕврАзЭС мушаххас созанд», – гуфт М.Кабирӣ ва афзуд, ки ба ақидаи ӯ, чунин тарзи муносибат минбаъд ба вазъи мавҷудаи душвор нуқта хоҳад гузошт, зеро «ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон ба ҳамдигар ниёз доранд».



Раиси ҲНИТ таъкид месозад, ки ҳайати Тоҷикистонро зарур аст, тариқи гуфтушунид мавқеи ниҳоии Маскавро оид ба муносибат ба лоиҳаҳои афзалиятнок ва ҳаётан муҳими Тоҷикистон муайян намояд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.