Барои наҷоти сомонӣ Бонки миллиро зарур аст якчанд млн. долларро ба фурӯш барорад, – назари коршинос

Душанбе. 4-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Доктор улуми иқтисодӣ, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров бар чунин назар аст, ки бо мақсади дастгирии қурби асъори миллӣ Бонки миллии кишварро зарур аст, якчанд миллион доллари амрикоиро ба фурӯш барорад. Ба ақидаи ӯ, бинобар коҳиши интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳаҷми пули нақди доллари амрикоӣ кам шуд ва қурби он нисбат […]

Виктория Наумова


Душанбе. 4-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Доктор улуми иқтисодӣ, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров бар чунин назар аст, ки бо мақсади дастгирии қурби асъори миллӣ Бонки миллии кишварро зарур аст, якчанд миллион доллари амрикоиро ба фурӯш барорад.




Ба ақидаи ӯ, бинобар коҳиши интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳаҷми пули нақди доллари амрикоӣ кам шуд ва қурби он нисбат ба асъори миллӣ боло рафт. «Барои ба гунае дастгирӣ намудани нигаҳдории қурби асъори миллӣ, Бонки миллии Тоҷикистонро мебояд беш аз 2 млн. доллари амрикоиро ба фурӯш барорад», – гуфт ӯ.



Дар ҳамин ҳол, зимни шарҳи изҳороти раиси БМТ Шариф Раҳимзода оид ба коҳиши ҳаҷми гардиши сомонӣ ва аз муомилот гирифтани тақрибан 170 млн. сомонӣ, Ҳ.Умаров изҳор дошт, ки « чунин иқдом на он қадр тасмими хуб» буда, метавонад оқибатҳои ногувор, кам шудани дороӣ ва мавқуф гузоштани пардохтҳо миёни корхонаҳоро ба бор оварад.



Ба ақидаи коршиноси масоили иқтисодӣ, ҷиҳати нигаҳдории қурби сомонӣ ба мақомоти раҳбарии кишвар зарур аст, бахши истеҳсолоти маҳсулоти содиротиро афзун намояд ва барои муваффақ гаштан ба баробарии ҳаҷми воридоту содирот чораҳои муассир андешад.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.