Соли гузашта барои таъмини фаъолияти мактаб-интернатҳо ва хонаи пиронсолон ҳудуди 8 млн. сомонӣ ҷудо гардид

0


Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли гузашта барои таъмини фаъолияти мактаб-интернатҳо, хонаи пиронсолон ва муассисоти таъиноти и


ҷ


тимо


ӣ


ҳукумати


ҷ


умҳур


ӣ


ҳудуди 8 млн. сомон


ӣ




ҷ


удо кард, ки дар мукоиса бо соли 2007 ба миқдори 1 млн. 24 ҳазор сомонӣ бештар аст.




Тавре сардори идораи равобити хориҷии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнати ҷумҳурӣ Абдулло Қодирӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҳар моҳ ҷиҳати таъминоти чунин муассисот ҳукумати кишвар беш аз 485 сомонӣ маблағ ҷудо мекунад ва ҷамъи он дар як сол 5,8 ҳазор

 

сомониро ташкил медиҳад.



Ба гуфтаи А.Қодирӣ, феълан дар муассисаҳои мазкур 1 ҳазору 368 нафар ба сар мебаранд, ки 883 нафарашон нафақахӯр ва 229 нафар кӯдакон буда, онҳо бо хӯроки севақта, сарулибос ва хизматрасонии тиббӣ таъминанд. «Соли гузашта беш аз 10 ҳазор маъюбон бо таҷҳизоти мададрасони ортопедиву протезӣ таъмин гардида, 1 ҳазору 44 нафар маъюб соҳиби аробачаҳои маъюбӣ шуданд», – афзуд ӯ.

 



Реклама на asia+

Шабонарӯзи гузашта дар ҳудуди кишвар ду далели нигаҳдорӣ ва қочоқи маводи мухаддир ошкор шуд

0


Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Шабонар


ӯ


зи гузашта дар ҳудуди кишвар боз ду далели нигаҳдор


ӣ


ва қочоқи маводи мухаддир ошкор шуд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилии То


ҷ


икистон Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, ҳангоми гузаронидани чораҳои фавр


ӣ





ҷ


усту


ҷ


ӯӣ


дар истгоҳи мусофиркашонии ноҳияи Данғара, аз


ҷ


ониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сокини ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон – Бахтиёр Шакаров-и 35 сола, бо наздики 2-ю ним кило маводи нашъадори бангдона дастгир карда шуд.




 


    

Ҳамчунин аз с


ӯ


и кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳудуди пойтахт як далели нигаҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор гардид. Ба иттилои суханг


ӯ


и вазорати умури дохила, дар


ҷ


араёни амалиёти фавр


ӣ





ҷ


усту


ҷ


ӯӣ


шаҳрванд Файзулло Ра


ҷ


абов, соли таваллудаш 1968, савдогари бозори Арчабоф дастгир карда шуд, ки ҳангоми кофтуков аз борхалтаи


ӯ


зиёда аз


800 грамм

маводи нашъадори навъи чарс дарёфт ва мусодира шуд. «Аз р


ӯ


и ин далелҳо, парвандаҳои


ҷ


иноят


ӣ


боз гардида, тафтишоташон идома дорад», – гуфт


ӯ


.

 



Реклама на asia+

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таҳқиқ ва ҷустуҷӯи сарчашмаи овозаи бардурӯғ дар бораи зилзилаи шиддаташ 9 дараҷа оғоз намуданд

0


Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси Тоҷикистон ба таҳқиқ ва ҷустуҷӯи сарчашмаи овозаи бардурӯғ дар бораи зилзилаи шиддаташ 9 дараҷа, ки аксари шаҳрвандони Тоҷикистонро шаби 9-ум ба 10-уми январ аз хона ба берун кашид, оғоз намуданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз сохторҳои қудратии кишвар хабар доданд.




Ба гуфтаи худи шаҳрвандон, занги телефонии хешовандону дӯстон, ки ба маълумоти марказҳои зилзиланигорӣ, фолбинҳо ва ҳатто Васоити Ахбори Омма такя менамуданд, онҳоро водор ба тарки манзил карданд. Овозаи беасос дар як лаҳза тамоми кишварро давр зада, миёни мардум воҳима андохт. Аксари одамон шабро дар кӯчаву хиёбонҳои сард, дохили мошинҳо ва атрофи гулханҳо паси сар карданд.



Танҳо субҳи рӯзи дигар, баъди суханронии олим ва зилзилашиноси тоҷик Собит Неъматуллоев тавассути шабакаҳои телевизионӣ, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ором шуданд. Неъматуллоев дар муроҷиати худ ба мардуми кишвар гуфт, ки ба ҳеҷ сурат ба овозаҳои марбут ба заминларза бовар накунанд, зеро ки то кунун дар ҷаҳон таҷҳизот ва ё дастгоҳе вуҷуд надорад, ки битавонад вуқӯъи заминларзаро пешгӯӣ кунад.



Воқеъан, тавре ба мо аз маркази зилзиланигории Душанбе иттилоъ доданд, ҳамон шаби 9-ум ба 10-уми январ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ягон ҳодисаи зилзила ба қайд гирифта нашуд.

  



Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон нархи истифодаи газ афзуд

0


Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон нархи истифодаи газ дар соли 2008 ба андозаи 54 дарсад афзуд. Рӯзи 9-уми январ дар вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар ин хусус қарори мувофиқ ба имзо расид.




Тавре аз вазорати мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2009 арзиши пардохти истифодаи гази табиӣ барои аҳолӣ беш аз 1 ҳазор сомонӣ барои ҳазор метри мукааб муқарра шуд.

 

Соли 2008 аҳолӣ барои истифодаи 1 ҳазор метри мукааби газ 688,15 сомонӣ (ҳудуди 200$) пардохт мекард.



Ба иттилои манбаъ, барои корхонаҳои бузурги ҷумҳурӣ, аз қабили КВД «Талко», ҶСП «Тоҷиказот», КВД «Тоҷиксемент» ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе арзиши истифодаи гази табиӣ 983,24 сомонӣ (283 $


) барои ҳазор метри мукааб муқаррар шудааст. Соли 2008 арзиши он барои корхонаҳо ба 647 сомонӣ (беш аз 186 $) баробар буд.



Ёдрас мекунем, ки тибқи созишномаи аз 31-уми декабр миёни «Тоҷикгаз» ва «Узтрансгаз» имзошуда, соли ҷорӣ Тоҷикистон аз Ӯзбекистон дар ҳаҷми 530 млн. метри мукааб газ харидорӣ хоҳад кард ва арзиши он барои 1 ҳазор мети мукааб 240 $ муқаррар шуд.



Лозим ба тазаккур аст, ки дар марҳилаи аввал ҷониби Ӯзбекистон барои 1000 метри мукааб 300 $ талаб дошт, вале пас аз гуфтушунидҳои тӯлонӣ ба ҳайати Тоҷикистон муяссар гардид, ки арзиши онро ба андозаи 60 $ камтар кунад.


Реклама на asia+

Дар Душанбе корҳои ҷорисозии низоми худкори иттилоотиву ҳисобкунии истифодаи нерӯи барқ идома меёбанд

0



           

Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати «Барқи тоҷик» дар чаҳорҷӯбаи татбиқи лоиҳаи «Коҳиши талафоти нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе» корҳои ҷорисозии низоми худкори иттилоотиву ҳисобкунии истифодаи нерӯи барқро идома медиҳад.





           

Тавре аз ширкати мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд,

 

бо ин мақсад соли гузашта ба истифодабарандагони барқи пойтахт 11 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ всал гардида, дар соли ҷорӣ насби боз 50 ҳазор адад чунин ҳисобкунак ба нақша гирифта шудааст, ки ҳамин тариқ шумораи умумии он ба 60 ҳазор расонида мешавад.




           

Ба иттилои манбаъ, минбаъд миқдори истифодаи барқро ҳисобкунаки электронӣ мустақилона муайян сохта, истифодабарандагонро лозим аст, танҳо тибқи асноди пешниҳодшуда маблағи онро пардохт намоянд. «Лоиҳаи «Коҳиши талафоти нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе» аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ гардида, ҳисобкунакҳо аз Чин харидорӣ мешаванд», – афзуд манбаъ.


Реклама на asia+

Вазорати кишоварзӣ аз ҳукумат дархост кард, ки мӯҳлати пардохти қарзҳои хоҷагиҳо аз фючеристон то соли 2021 дароз карда шавад

0



           

Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» –

 

Ҳафтаи гузашта сардори раёсати сиёсати иқтисодӣ ва ояндабинии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Сафар Маҳмадиев зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки аз 140 млн. сомонии дар доираи амалисозии механизми нави маблаггузорӣ ба хоҷагиҳои пахтакор ҷудогардида, беш аз 35 млн. сомонӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ баргардонида шудааст. Ӯ қайд кард, ки вазорат ахири соли гузашта аз ҳукумат дархост кардааст, ки то анҷоми фурӯши маҳсулот, ки моҳи майи соли ҷорӣ пешбинӣ мешавад, ба афзоиши фоизи қарзҳо роҳ надиҳад.





           

Ба қавли номбурда, унвонии ҳукумат вазорат шаш пешниҳод ирсол намудааст, аз ҷумла дароз кардани мӯҳлати пардохти қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор аз фючеристҳо то соли 2021, ки ба санаи 1-уми январи соли 2008 дар ҳаҷми 488 млн. $ аст ва пурра аз байн бардоштани қарзҳои дохилии ин хоҷагиҳо ба маблағи 195 млн. сомонӣ. «Алҳол мо аз ҳукумат посухе нагирифтаем, вале мутмаинем, ки пешниҳоди мо дастгирӣ хоҳад шуд», – гуфт Маҳмадиев.




           

Ёдрас мекунем, ки ҳукумати Тоҷикистон моҳи январ 110 млн. сомонӣ ва апрели соли гузашта боз 30 млн. сомонӣ ба хоҷагиҳои пахтакор маблағи қарзӣ ҷудо намуд. Маблағи мазкур бо фоизи пардохти 18 дарсад миёни бонкҳои ҷумҳурӣ – ҶСП «Тоҷпромбонк», ҶСК «Агроинвестбонк», ҶСК «Ориёнбонк», ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» тақсим гардид.


Реклама на asia+

Дар меҳвари «Консепсияи аграрии Тоҷикистон» масъалаи рушди соҳаи пахтакорӣ қарор дорад

0



            




  

Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар «Консепсияи аграрии Тоҷикистон», ки ахири моҳи декабри соли гузашта аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ гардид, рушди соҳаи пахтакорӣ дар меҳвари асосӣ қарор дорад.





           

Тавре мудири пажӯҳишгоҳи иқтисодии Академияи улуми кишоварзӣ Ҷалил Пириев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, консепсияи мазкур тамоми масоили марбут ба соҳаи пахтакорӣ, аз қабили вазъи кунунӣ, қарзҳои мавҷудаи хоҷагиҳои пахтакор ва дурнамои рушди онро фаро гирифтааст.




           

Ҷ.Пириев таъкид сохт, ки тадриҷан соҳаи пахтакорӣ аз ноҳияҳои наздики шаҳрҳо ба минтақаҳо кӯчонида мешавад. «Бо мақсади таъмини беҳтари аҳолии шаҳрҳо бо маҳсулоти кишоварзии хушсифати ватанӣ дар ноҳияҳои наздишаҳрӣ бештар маҳсулоти ғизоии кишоварзӣ истеҳсол хоҳад шуд», – гуфт ӯ.


Реклама на asia+

Соли гузашта ҳаҷми қарзи давлатии хориҷии Тоҷикистон ба андозаи 247 млн. $ афзуд

0



           

Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ба санаи 1-уми январи соли 2009 ҳаҷми қарзи давлатии хориҷии Тоҷикистон 1 млрд. 366 млн. Доллари амрикоиро ташкил медиҳад.





           

Дар ҷаласаи васеъи вазорати молияи ҷумҳурӣ вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор дошт, ки барои пардохти қарзи давлатии хориҷӣ соли гузашта 308 млн. $ маблағ ҷудо гардид, ки 250 млн. аз он барои пардохти қарзи асосӣ ва боқимонда 58 млн. барои пардохти фоизҳо равона гардидааст.




           

Ба гуфтаи вазири молия, ҳаҷми қарзи давлатии ҷумҳурӣ 28,8 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад, ки он қаноатбахш аст, зеро дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон ин нишондиҳанда то 60 дарсад мерасад.




           

Ёдрас мекунем, ки қарзи давлатии хориҷии Тоҷикистон ба санаи 1-уми январи соли 2008 ба 1 млрд. 119 млн. $ баробар буд ва соли гузашта он мутаносибан ба андозаи 247 млн. $ афзудааст.


 

Реклама на asia+

БМТ ҷиҳати пешгирии оқибатҳои ногувори болоравии қурби доллар нисбат ба асъори миллӣ тадбир меҷӯяд

0


Душанбе. 10-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфт, болоравии қимати доллар боиси нигаронии Бонки миллӣ шуда, ин бонк дар паи андешидани тадбир аст. Шариф Раҳимзода гуфт, Бонки Миллӣ тасмим гирифтааст , ки як миллион доллари нақдро барои коҳиши баҳои он бо қимати 360 сомонӣ барои сад доллар ба фурӯш гузорад.




Ба гуфтаи вай, барои ҷилавгирӣ аз афзоиши қимати доллар Бонки миллӣ бояд ҳар моҳ то 235 миллион доллари нақд ба фурӯш гузорад, вале ҳоло аз чунин имконот бархӯрдор нест. Зеро мизони захираҳои арзии Бонки миллии Тоҷикистон дар як соли ахир аз 350 милллион то ба 198 миллион доллар коҳиш ёфтааст, ки сад миллион аз ин маблағро захираи тило ташкил медиҳад.



Вай гуфт, дар канори коҳиши мизони интиқоли маболиғи муҳоҷирон, ҳамчунин даромад аз ашёи содиротии Тоҷикистон низ бағоят коҳиш ёфтааст. Ба унвони мисол, Шариф Раҳимзода эълом кард, ки тавлиди алюмин ва пахта дар Тоҷикистон дар як соли ахир мутаносибан беш аз 18 ҳазор ва ҳудуди 35 ҳазор тон коҳиш ёфтааст. Гузашта аз ин, қимати ду маводди ёдшуда дар бозорҳои ҷаҳонӣ мутаносибан 50 ва 40 дарсад коҳиш ёфт, ки дар маҷмӯъ ба коҳиши воридоти арзи хориҷӣ ба Тоҷикистон мунҷар шудааст. Танҳо ба ин далел дар чанд моҳи ахир ба Тоҷикистон ҳудуди 120 милллион доллар камтар арзи хориҷӣ ворид шудааст. Дар ин бора радиои Озодӣ хабар медиҳад.



Ёдрас мекунем, ки тайи ҳафтаи ахир дар пойтахти ҷумҳурӣ қурби асъори доллари амрикоӣ нисбат ба асъори миллӣ аз 343 то 370 сомонӣ барои 100 $ боло рафт.





 


Реклама на asia+

Дастаи «Регар» ТадАЗ» имрӯз дар доираи омодагӣ ба Ҷоми Иттиҳод бо ҳайати дуюми дастаи «Рубин»-и Қазон рақобат хоҳад кард

0


Душанбе. 10-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дастаи «Регар» ТадАЗ»-и Турсунзода имрӯз дар доираи омодагӣ ба дар давраи 17-уми Ҷоми Иттиҳод дар пойтахти Тотористон бо ҳайати дуюми дастаи «Рубин»-и Қазон рақобат хоҳад кард. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Федератсияи Футболи мамлакат хабар доданд.




Ба гуфтаи манбаъ, тамриноти даста дар Қазон то 15-уми январ идома ёфта, дар

 

доираи он дастаи «Регар-ТадАЗ» боз ду бозии санҷишии дигар анҷом хоҳад дод. Бояд гуфт, дар давраи 17-уми Ҷоми Иттиҳод, ки аз 17-ум то 25-уми январ дар шаҳри Маскав баргузор хоҳад гашт, тими «Регар-ТадАЗ» дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои «Левадия»-и Эстония, «Шериф»-и Молдова ва «Шахтёр»-и Украина зӯрозмоӣ мекунад.



Дар давраи навбатии Ҷоми Иттиҳод 16 даста дар чаҳор гур


ӯ


ҳ бо ҳам рақобат хоҳанд кард. Мавриди зикр аст, дастаи «Регар-Тадаз» ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ бори ҳаштум намояндаг


ӣ


мекунад.




 



 

Реклама на asia+