БМТ ҷиҳати пешгирии оқибатҳои ногувори болоравии қурби доллар нисбат ба асъори миллӣ тадбир меҷӯяд

Душанбе. 10-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфт, болоравии қимати доллар боиси нигаронии Бонки миллӣ шуда, ин бонк дар паи андешидани тадбир аст. Шариф Раҳимзода гуфт, Бонки Миллӣ тасмим гирифтааст , ки як миллион доллари нақдро барои коҳиши баҳои он бо […]

root


Душанбе. 10-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфт, болоравии қимати доллар боиси нигаронии Бонки миллӣ шуда, ин бонк дар паи андешидани тадбир аст. Шариф Раҳимзода гуфт, Бонки Миллӣ тасмим гирифтааст , ки як миллион доллари нақдро барои коҳиши баҳои он бо қимати 360 сомонӣ барои сад доллар ба фурӯш гузорад.




Ба гуфтаи вай, барои ҷилавгирӣ аз афзоиши қимати доллар Бонки миллӣ бояд ҳар моҳ то 235 миллион доллари нақд ба фурӯш гузорад, вале ҳоло аз чунин имконот бархӯрдор нест. Зеро мизони захираҳои арзии Бонки миллии Тоҷикистон дар як соли ахир аз 350 милллион то ба 198 миллион доллар коҳиш ёфтааст, ки сад миллион аз ин маблағро захираи тило ташкил медиҳад.



Вай гуфт, дар канори коҳиши мизони интиқоли маболиғи муҳоҷирон, ҳамчунин даромад аз ашёи содиротии Тоҷикистон низ бағоят коҳиш ёфтааст. Ба унвони мисол, Шариф Раҳимзода эълом кард, ки тавлиди алюмин ва пахта дар Тоҷикистон дар як соли ахир мутаносибан беш аз 18 ҳазор ва ҳудуди 35 ҳазор тон коҳиш ёфтааст. Гузашта аз ин, қимати ду маводди ёдшуда дар бозорҳои ҷаҳонӣ мутаносибан 50 ва 40 дарсад коҳиш ёфт, ки дар маҷмӯъ ба коҳиши воридоти арзи хориҷӣ ба Тоҷикистон мунҷар шудааст. Танҳо ба ин далел дар чанд моҳи ахир ба Тоҷикистон ҳудуди 120 милллион доллар камтар арзи хориҷӣ ворид шудааст. Дар ин бора радиои Озодӣ хабар медиҳад.



Ёдрас мекунем, ки тайи ҳафтаи ахир дар пойтахти ҷумҳурӣ қурби асъори доллари амрикоӣ нисбат ба асъори миллӣ аз 343 то 370 сомонӣ барои 100 $ боло рафт.





 


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.