Ояндаи наздик дар шаҳрҳои Ҳисор ва Ваҳдат филиалҳои нави бонки «Эсхата» кушода мешаванд

0



 

Душанбе. 9-уми январ – Аз 1 январи соли 2009- ум

  

6 ш


ӯ


ъбаи ҳисобу китоб ва

 

қарздиҳандаи бонки «Эсхата»

 

ба филиалҳои он

 

табдил дода шуданд. Ин имкон медиҳад, ки филиалҳои мазкур ба аҳол


ӣ


илова ба додани қарз, навъҳои дигари хизматрасониро ба роҳ монанд. Филиалҳои бонк аз соли нав сар карда, дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Зафаробод, Турсунзода,


Ҷ


аббор Расулов, Ашт ва Ёвон ба кор шур


ӯ


ъ намуданд.





 

Ояндаи наздик дар шаҳрҳои Ҳисор ва Ваҳдат филиалҳои нави бонк кушода мешаванд. Акнун мизо


ҷ


они бонк аз хизматрасон


ӣ


дар соҳаҳои ти


ҷ


орат, қарз, ҳаволаи пул, баробар кардани ҳисобу китоб ба воситаи бонк ва кушодани

 

суратҳисобҳо баҳравар мегарданд. Айни ҳол дар саросари


ҷ


умҳур


ӣ


14 филиали Бонки «Эсхата» фаъолият дорад, ки

 

дар онҳо зиёда аз 500 нафар кор мекунад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


Реклама на asia+

Вазири рушди иқтисод: Соли 2008 мизони таваррум дар Тоҷикистон 11,8 дарсадро ташкил дод

0



           

Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи васеъи ҳайати мушовараи вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ вазир Ғулом Бобозода изҳор дошт, ки мувофиқи маълумоти пешакӣ, соли 2008 мизони тавррум дар Тоҷикистон 11,8 дарсадро ташкил додааст, зеро соли гузашта болоравии босуръати нархҳо дар бахши истеъмолӣ ба мушоҳида нарасидааст.





           

Ғ.Бобозода таъкид сохт, ки ба нишондиҳандаи начандон баланди таваррум дар соли гузашта пеш аз ҳама, коҳиши арзиши маҳсулоти нафтӣ, зироати ғалладона ва ва гандум мусоидат кардааст. Ӯтаваҷҷӯҳи ҳозиринро ба нархҳои нисбатан устувор ба маводи ғизоӣ дар соли 2008 ҷалб намуда, ёдовар шуд, ки ахири соли 2007 мизони тавррум дар Тоҷикистон муъодили 19,7 дарсад буд.




           

Ёдрас мекунем, ки қаблан Хазинаи байнулмилалии асъор пешгӯӣ карда буд, ки ахири соли 2008 мизони таваррум дар Тоҷикистон 16 дарсадро ташкил хоҳад дод.


Реклама на asia+

Соли 2008 маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 5 млрд. 134 млн. $ баробар шуд

0



           

Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли 2008 маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 17 млрд. 609 млн. сомонӣ (5 млрд. 134 млн. $) баробар шуд, ки дар муқоиса бо нишодиҳандаи соли 2007 ба андозаи 7,9 дарсад бештар аст. Маҷмӯи маҳсулоти дохили ба ҳар сари аҳолӣ соли 2008 нисбат ба соли пешин ба миқдори 35,3 дарсад афзуда, муодили 697 $ шуд.





           

Тавре имрӯз дар ҷаласаи васеъи ҳайтаи мушовараи вазорат вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғулом Бобозода хабар дод, соли 2008 ба ҷуз соҳаи саноат, дар дигар соҳаҳои иқтисодӣ рушду тавсеъа ба мушоҳида расидааст. «Дар бахши кишоварзӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 7 млрд. 807 млн. сомонӣ (7,9 дарсад бештар аз нишондиҳандаи соли 2007), муомилоти савдои чакана 4 млрд. 33 млн. сомонӣ (13,5 дарсад бештар) ва муомилоти савдои хориҷӣ бо кишварҳои ИДМ ва хориҷи дур 4 млн. 676 (16,5 дарсад бештар) доллари амрикоиро ташкил дод», – гуфт ӯ.




           

Дар кори ҷаласаи ҳайати мушовара нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов, раҳбарони вазорат ва идораҳои ҷумҳурӣ ва ҳамчунин намояндаи Дастгоҳи президенти кишвар иштирок карданд.


Реклама на asia+

Вазорати молия иттилои мавҷудияти қарзи давлатии Қазоқистон ба маблағи 12 млн. $ дар назди Тоҷикистонро рад месозад

0


Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати молия иттилои мавҷудияти қарзи давлатии Қазоқистон ба маблағи 12 млн. $ дар назди Тоҷикистонро рад месозад.




Дар изҳороти имрӯз интишоргаштаи вазорат гуфта мешавад, ки маблағи 12 млн. $ қарз ба ширкати энергетикии Қазоқистон тааллуқ дошта, он байни ду субъекти хоҷагидор – ширкати «Қазоқистонэнерго» ва «Барқи тоҷик» вуҷуд дорад ва он ба дараҷаи қарзи давлатӣ дохил намешавад.



Гуфта мешавад, ки солҳои ахир Тоҷикистону Қазоқистон ҷиҳати густариши равобити ҳамкорӣ кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд ва зимни гуфтушунидҳо масъалаи мазкур низ чандин маротиба мавриди муҳоқима қарор гирифтааст. «Ҳукумати Қазоқистон ахиран пардохти қарзи мазкурро ба ӯҳдаи худ гирифта, ба ивазаш ба кишвари мо гандуму сӯзишворӣ ирсол хоҳад кард», – афзуд манбаъ.


Реклама на asia+

Сафири Олмон бо фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз наздик ошно гардид

0


Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз сафири Олмон дар Тоҷикистон хонума Дорис Хертрампф аз дафтари кории Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боздид кард.




Тавре аз сафорати Олмон дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, хонума Хертрампф чанде қабл ба вазифаи дипломатӣ дар ҷумҳурӣ таъин гардидааст ва айни замон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи кишвар бо як қатор раҳбарони вазорату идораҳо, аҳзоби сиёсӣ ва созмону ташкилотҳои дигар мулоқотҳо доир месозад.



Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни боздид раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба сафир дар бораи фаъолияти ҳизб ҳамаҷониба маълумот дод.



Ёдрас мекунем, ки хонума Хертрампф тирамоҳи соли гузашта ба вазифаи сафири Олмон дар Тоҷикистон таъин гардид.




 

Реклама на asia+

Телевизиони форсии ВВС ба пахши барномаҳои нахустин шурӯъ мекунад

0


Душанбе. 9-уми январ – Сервиси


ҷ


аҳонии Би-би-с


ӣ


эълом кард, ки шабакаи телевизиюнии форсизабони худро дар рузи чаҳоршанбе 25 даймоҳ (14 январ) роҳандоз


ӣ


мекунад.




Барномаҳои телевизиюни форсии Би-би-с


ӣ


рузона ба муддати ҳашт соъат аз 18:30 баъд аз зуҳр то 02:30 нимашаб ба вақти То


ҷ


икистон (13:30 то 21:30 ба вақти Гринвич) аз студиюҳои Би-би-с


ӣ


дар Ландан пахш мешавад.



Ба гуфтаи мудирони телевизиюни форсии Би-би-с


ӣ


ҳарчанд хабар қалби телевизиюни форсии Би-би-с


ӣ


аст, аммо ин шабака барномаҳое тоза, мутанаввеъ ва таҳлил


ӣ


низ пахш мекунад.



Қарор аст телевизиюни форсии Би-би-с


ӣ


бар пешинаи бар


ҷ


астаи Би-би-с


ӣ


дар арсаи пахши барномаҳои родиюии форсизабони сервиси


ҷ


аҳон


ӣ


устувор шавад.

 




Телевизиюни форсии Би-би-с


ӣ


аз манобеъи бемонанди Би-би-с


ӣ


барои гирдоварии ахбор дар саросари


ҷ


аҳон шомили беш аз ду ҳазор хабарнигор дар беш аз 70 дафтари хабар


ӣ


дар дунё баҳра мегирад ва аз гузориши шоҳидон ва таҳлилҳои коршиносон истифода мекунад.



Барои пушиши дақиқтари ахбор ва таҳаввулоти сиёс


ӣ


, иқтисод


ӣ


, и


ҷ


тимоъ


ӣ


ва фарҳанг


ӣ


хабарнигорони телевизиюни форсии Би-би-с


ӣ


дар нуқоти муҳими дунё ҳамонанди Бейрут, Исломобод, Истонбул, Байтулмуқаддас, Кобул ва Вошингтун ба сурати доим мустақар шудаанд.



Ин шабака ба сурати ройгон аз тариқи моҳвора (Hotbird ва Telestar), телевизиюни кобел


ӣ


ва низ онлойн аз тариқи сойти bbcpersian.com қобили дарёфт аст. Дар ин бора бахши форсии сомонаи ин хабаргузорӣ хабар медиҳад.


Реклама на asia+

Соли равон кишоварзони тоҷик истеҳсоли маҳсулоти ғалладонаро то 1 млн. тонна расониданианд

0





 



Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар нишасти хабарӣ сардори раёсати сиёсати иқтисодӣ ва ояндабинии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Сафар Маҳмадиев ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки соли равон кишоварзони тоҷик истеҳсоли маҳсулоти ғалладонаро то 1 млн. тонна расониданианд.



Ба қавли ӯ, соли гузашта ҳаҷми таъмини аҳолӣ бо орди гандум 52,3 дарсадро ташкил додааст ва ин дар ҳолест, ки соли 2007 ин нишондиҳанда ба 46 дарсад баробар буд.



Тибқи маълумоти вазорати кишоварзӣ, соли гузашта аз маҳсулоти ғалладона 943 ҳазор тонна ҳосил гирифта шуд, ки 760 ҳазор тоннаашро гандум ташкил дод. «Соли равон дар натиҷаи зиёд кардани майдони кишти зироати тирамоҳӣ дар заминҳои обӣ (170 ҳазор гектар) ва афзудани ҳаҷми кишти такрорӣ (160 ҳазор гектар) кишоварзон ният доранд, ҳосили хубу дилхоҳ ба даст оранд», – гуфт манбаъ.



Ба гуфтаи Маҳмадиев, феълан дар ҷумҳурӣ талаботи аҳолӣ ба орд 1 млн. 260 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.


Реклама на asia+

Мусодираи беш аз 6 тонна маводи мухаддир дар соли 2008

0


Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли гузашта дар Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 6 тонна маводи мухаддир мусодира карда шуд, ки миқдори зиёди он – 3 тоннаву 381 килояш маводи мухаддири гурӯҳи афюн (1 тоннаву 636 кило ҳероин, 1 тоннаву 745 кило афюн ва 1 тоннаи дигар маводи ин гурӯҳ), 2 тоннаву 700 килояш маводи мухаддири гурӯҳи каннабис буда, 173 килои онро прекурсорҳои истеҳсоли ҳероин ташкил медиҳанд.




Тавре аз Маркази таҳлилии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, соли 2007 нисбатан камтар – 5 тоннаву 270 кило маводи мухаддир мусодира гардида буд.



Ба иттилои манбаъ, соли 2008 аз ҷониби кормандони Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ – 2 тоннаву 700 кило, Агентии назорати маводи нашъаовар – 1 тоннаву 316 кило, марзбонон –

 

1 тоннаву 133 кило, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ – 841 кило ва хадамоти гумруки ҷумҳурӣ – 91 кило маводи мухаддир мусодира карда шуд.


Реклама на asia+

Дар ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар шаҳри Душанбе беш аз 13 ҳазор ҷойи кор пешниҳод мешавад

0



           

Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Агентии давлатии ҳифзи и


ҷ


тимо


ӣ


, шуғли аҳол


ӣ


ва муҳо


ҷ


ирати Вазорати меҳнати ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо раёсати агентии пойтахт 13-уми январи соли


ҷ


ор


ӣ


соати 8 дар Кохи «Ориёно»-и пойтахт ярмаркаи


ҷ


ойҳои кори хол


ӣ


баргузор менамояд.




Тавре муовини аввали Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират Анвар Бобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ба хоҳишмандон дар корхонаву муассисаҳои ватанӣ, сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ ва бунёду таъмири роҳҳо беш аз 13 ҳазор ҷойи кории холӣ пешниҳод мегардад.



Ба гуфтаи ӯ, шумори бекорони дар агентии мазкур бақайдгирифташуда феълан 46 ҳазору 200 нафарро ташкил медиҳад. «Соли гузашта дар маҷмӯъ 104 ҳазор ҷойи кории холӣ пешниҳод гардида, мо 25 ҳазору 820 нафар шаҳрвандони ҷумҳуриро бо ҷойи корӣ таъмин намудем», – гуфт ӯ.



Аз агентӣ ҳамчунин иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз баргузории ярмарка коҳиши сафи бекорон дар ҷумҳурӣ ва андешидани чораҳо ба бозгашти муҳоҷирон бинобар бӯҳрони молӣ аст.


Реклама на asia+

Дар Тавилдара аз рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар соли гузашта натиҷагирӣ мекунанд

0



           

Тавилдара. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ноҳияи Тавилдара машварати фаъолони ноҳия доир мегардад, ки дар он аз рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар соли 2008 натиҷагирӣ карда хоҳад шуд.





           

Тавре роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳия Аҳлиддин Каримов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласа оид ба натиҷаҳои соли 2008 ва вазифаҳо дар соли ҷорӣ раиси ноҳия Ҳиммат Ғайратов маърӯза хоҳад кард.




           

Ба иттилои манбаъ, яке аз комёбиҳои кишоварзони ноҳия дар соли гузашта – азхудкунӣ ва обёрии


100 гектар

замин мебошад, ки дар он боғҳо бунёд мешаванд. Дар солҳои 2009-2010 боз азхудкунии 1 ҳазору

600 гектар

заминҳо дар назар аст.




           

Ғайр аз ин, аз маблағи 2,5 млн. сомонии ҷудогардида аз Фонди президенти Тоҷикистон барои сохтмон ва таъмири роҳи мошингарди Лаби Ҷар-Тавилдара-Миёнаду кормандони идораи истифодабарии роҳи ноҳияи Нуробод ба маблағи 1 млн. сомонӣ корҳоро ба сомон расонидаанд. Соли ҷорӣ муассисаи давлатии нозироти роҳҳои мошингарди ноҳияи Тавилдара анҷоми ин корро ба ӯҳдаи худ гирифтааст.




           

Дар кори ҷаласа вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов иштирок мекунад.


Реклама на asia+