Кумитаи омори ИДМ: Дар Тоҷикистон мизони ҷинояткорӣ 4 дарсад коҳиш ёфтааст

0



           

Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар соли сипаригашта дар Тоҷикистон коҳиши мизони ҷинояткорӣ ба андозаи 4 дарсад ба мушоҳида расидааст. Чунинанд натиҷаҳои қаблии Кумитаи байнидавлатии омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил. Дар ҳамин ҳол, шумораи умумии ҷиноятҳои бақайдгирифташуда дар соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта ба ҳисоби миёна 11 дарсад коҳиш ёфтаанд.





           

Тибқи маълумоти Кумитаи омори ИДМ, афзоиши мизони ҷинояткорӣ миёни кишварҳои узви иттиҳод дар Озарбойҷон ба андозаи – 14, Арманистон – 5, Қирғизистону Молдова – 2 ва Қазоқистон – 4 дарсад ба мушоҳида расидааст. Коҳиши мизони ҷинояткорӣ миёни кишварҳои узви ИДМ дар Белорус – 13, Русия – 11 ва Украина – 4 дарсадро ташкил додааст.


Реклама на asia+

Заминларзаи навбатӣ дар Тоҷикистон

0



           

Душанбе. 5-уми январ. ОИ Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон заминларзаи навбатӣ рух дод.





           

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази зилзиласанҷии шаҳри Душанбе хабар доданд, соати 04-у 13 дақиқаи субҳ дар ҷумҳурӣ заминларза ба қайд гирифта шудааст.



Ба иттилои манбаъ, маркази заминларза дар 300 километрии ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе, дар қаламрави Афғонистон воқеъ буда, шиддати он дар марказ 4-5 баллро ташкил додааст. Дар шаҳри Душанбе шиддати он ба 3 балл баробар буд.




           

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар қаламрави Тоҷикистон заминларзаи нахустин дар соли ҷорӣ ба қайд гирифта шуда, шиддати он дар пойтахти мамлакат ба 5,5 балл баробар буд.


Реклама на asia+

Дар Душанбе шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон бо маводи мухаддир боздошт гардиданд

0


Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон миқдори нахустини маводи мухаддирро мусодира карданд. Чанде қабл дар натиҷаи баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини ноҳияи Ҳамадонӣ боздошт шуд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентии мазкур хабар доданд, зимни кофтукови манзили зисти муваққатии шаҳрванди боздоштшуда дар шаҳри Душанбе ба миқдори 2 килову


530 грамм

маводи сахттаъсири ҳероин ва

1,4 грамм

маводи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст.



Ба иттилои манбаъ, маводи мухаддир дар 278 бастаи селлофанӣ ҷой карда шуда, барои интиқол дар дохили меъда ба хориҷи кишвар пешбинӣ шуда будааст. Ҳамчунин зимни баргузории амалиёти дигар шарики ӯ – шаҳрванди Афғонистон Ҳоҷӣ Ғулом валади Ҷӯрахон низ боздошт шудааст. Аз рӯи ин далелҳо дар шӯъбаи тафтишоти агентӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, гумонбаршудагон дар боздоштгоҳи муваққатии агентӣ қарор доранд.


 


Реклама на asia+

Дар соли нав Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ тарбиятгирандагони хонаи кӯдаконро ба маблағи 16 ҳазор сомонӣ бо маводи ғизоӣ таъмин кард

0



           

Душанбе. 4-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар арафаи соли нав Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ тарбиятгирандагони як қатор муассисаҳои иҷтимоии кишварро ба маблағи 16 ҳазор сомонӣ бо маводи ғизоӣ таъмин кард.





           

Тавре аз палатаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, тарбиятгирандагони хона-интернати «Чорбоғ», хонаҳои кӯдакони рақами 1 ва 2-и шаҳри Душанбе, хона-интернати кӯдакони нобино ва дармонгоҳи бемориҳои рӯҳии ноҳияи Ҳисор ва хонаи пиронсолони шаҳри Турсунзода соҳиби тӯҳфаҳои солинавӣ шуданд.




           

Ба иттилои манбаъ, кормандони палата қаблан аз ин муассисаҳои иҷтимоӣ боздид карда, муайян сохтанд, ки онҳо ба кадом навъи маводи хӯрока бештар эҳтиёҷ доранд. «Сипас муворфиқи эҳтиёҷот онҳо бо орду шакар, макарон, биринҷ, равған ва дигар маводи ғизоӣ таъмин гардиданд», – афзуд сарчашма.

 





 



Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон вомбаргҳои нави давлатӣ ба муомилот бароварда мешаванд

0



           

Душанбе. 4-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Мутобиқи қарори Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон аз 29-уми декабри соли гузашта, аз 1 марти соли 2009 Вомбаргҳои нави давлатии дохилии бурднок ба муомилот бароварда мешаванд.




Тавре аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, вомбаргҳои нав бо арзиши 10 ва 20 сомон


ӣ


ба м


ӯ


ҳлати 10 сол ба муомилот бароварда шуда,

 

бурдҳояшон ба андозаи аз 20 то 1500 сомон


ӣ


муқаррар гардидааст ва ин коғазҳои қиматнок феълан дар як ширкати олмонӣ, ки пулҳои миллии Тоҷикистон – сомонӣ низ дар он нашр шудааст, чоп мегарданд.

 




Бино ба иттилои манбаъ, дорандагони Вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки барориши соли 2002 аз 1-уми марти соли 2009 метавонанд вомбаргҳои худро ё ба намунаҳои нав иваз кунанд ва ё маблағи онҳоро бозпас гиранд. «Дар м


ӯ


ҳлати 10 соли муомилоти вомбарг 60 тиражи бозиҳо – ҳар сол 6 тираж


ӣ


ё дар ду моҳ як бор гузаронда мешавад», – гуфт сарчашма.



Ёдрас мекунем, ки тиражи навбатии 41-уми бозиҳои вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки барориши соли 2002 дар бинои Вазорати молияи ҷумҳурӣ рӯзи 30-уми январ баргузор мегардад.


Реклама на asia+

Дар ҷумҳурӣ тоза намудани заминҳои пахта аз ғӯзапоя идома дорад

0



 


         

Душанбе. 4-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯзҳо

 

кишоварзони

 

ҷумҳурӣ

 

баъди

 

ҷамъоварии

 

пахта

 

ба

  

тоза

 

намудани

  

заминҳо

 

аз

 

ғӯзапоя

 

машғул

 

мебошанд.

 

Мувофиқи

 

нақша,

 

тоза

 

намудани

 

заминҳои

 

пахта

 

аз

 

ғӯзапоя

 

соли

 

ҷорӣ

 

230

 

ҳазору

 

447

 

гектарро

 

ташкил

 

медиҳад,

 

ки

 

то

 

таърихи

 

29.12.08

 

майдони

  

168

 

ҳазору

 

591

 

гектари

 

он

 

аз ғузапоя тоза карда шудааст

 

ва ин нишондиҳанда 73,2

 

фоизи

 

дурнаморо

 

ташкил

 

медиҳад.

 

Нисбати

 

ҳамин

 

давраи

 

соли

 

қаблӣ

 

32

 

ҳазору

 

397

 

гектар

 

зиёд

 

мебошад.

 





Тибқи

  

нақша

 

бояд

  

соли

  

равон

  

237

 

ҳазору

 

112

 

гектар

 

замини

 

пахта

 

шудгор

 

карда

  

шавад

 

ва

 

то

 

имрӯз

  

76

 

ҳазору

 

733

 

(32,4%)

 

гектар

 

шудгор

 

карда

 

шудааст,

 

ки

 

нисбати

  

соли

 

гузашта

 

42571

 

гектар

 

зиёд

 

мебошад.



Инчунин

 

қайд

 

кардан

 

бамаврид

 

аст,

 

ки

 

пеш

 

аз

 

шудгор

  

дар

 

майдони

 

1500

 

гектар

 

нуриҳои

 

минералӣ

 

андохта

 

шудааст,

 

ки

 

0,6

 

фоизро

 

ташкил

  

медиҳад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд.


Реклама на asia+

Ба таъмири асосии дусолаи Маркази барқу гармидиҳии Душанбе аз буҷа 824 ҳазор $ маблағ ҷудо гардид

0


Душанбе. 4-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ба таъмири асосии дусолаи Маркази барқу гармидиҳии Душанбе аз буҷаи давлатӣ беш аз 2 млрд. 800 ҳазор сомонӣ (824 ҳазор $) маблағ ҷудо гардид.




Тавре аз маркази мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, инчунин дар ин давра ширкати «Барқи тоҷик» марказро бо қисмҳои эҳтиётӣ таъмин сохта, пас аз баргузории таъмири асосӣ дар марказ ва дегхонаҳои Ғарбиву Шарқӣ ҳамарӯза беш аз 1 млн. 800 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ ва то 3 ҳазор гигакалорий гармӣ тавлид мегардад ва кунун эҳтиёҷоти сокинони пойтахт мунатазам қаноатбахш карда мешавад.



Ба иттилои манбаъ, агар солҳои 2003-2004 дар марказ 106 млн. кВт/соат нерӯи барқ ва 260 ҳазор гигакалорий гармӣ истеҳсол шуда бошад, солҳои 2007-2008 ин рақамҳо мутаносибан ба 380 млн. кВт/соат нерӯи барқ ва 585 Гкал гармӣ баробар шудаанд. Манбаъ афзуд, ки аз 30 ҳазор тонна мазути захирашуда то кунун 10 ҳазор тоннааш масраф шудааст.


 

Реклама на asia+

Қисмҳои ҳарбии нахустини артиши Исроил бо кӯмаки чархболҳо ба қисмати шимолии воҳаи Ғаззаҳ ворид шуданд

0



         

Душанбе. 4-уми январ – Қисмҳои ҳарбии нахустини артиши Исроил бо к


ӯ


маки

 

чархболҳо ба қисмати шимолии воҳаи Ғаззаҳ зада даромаданд. Ба қавли шоҳидон, қисмҳои ҳарб


ӣ



 

хати сарҳадро дар наздикии шаҳри Байт Лаҳия рахна карданд. Манбаъҳои низомии Исроил низ дар ин бора хабар дода, зикр намуданд, ки

 

ҳадафи амалиёти низом


ӣ


мубориза ба муқобили


ҷ


унбиши «Хамос» мебошад.


Ҷ


араёни рахна кардани сарҳади Фаластин ба воситаи телевизиони маҳалл


ӣ


мустақиман намоиш дода шуд. Тавре хабар дода шуда буд, аз аввали амалиёти ҳарбии Исроил дар воҳаи Ғаззаҳ бештар аз 430 нафар ҳалок ва қариб 2 ҳазор нафар ма


ҷ


р


ӯ


ҳ шуд.





 

Бисёр мамлакатҳо ва созмонҳои байналхалқ


ӣ


амалиёти низомии Исроилро дар воҳаи Ғаззаҳ маҳкум намуданд. Шӯрои

 

амнияти

 

СММ

 

қарор

 

қабул

 

кард, ки

 

вобаста ба

 

муташанниҷ

 

гардидани

 

вазъияти

  

воҳаи

 

Ғаззаҳ

 

машварати

 

ғайринавбатӣ

 

гузаронад. Аз

 

рӯи

 

натиҷаҳои

 

онҳо

 

дар

 

бораи

  

даъвати

 

маҷлиси

  

расмии

  

Шӯрои

 

амният

 

қарор

 

қабул

 

карда

 

хоҳад

 

шуд. Тавре

 

хабар

 

дода шуда буд, ҳайати

 

Лубнон

  

қабл

 

аз

 

ин,

 

31

 

декабри соли

 

2008

 

аз

 

номи

 

гурӯҳи

 

мамлакатҳои

 

араб

 

ба

 

маҷлиси

 

ғайринавбатии

  

Шӯрои

 

Амният

 

лоиҳаи

 

қатъномаро

 

пешниҳод

 

намуд.

 

Дар

 

он

  

амалиёти

 

ҳарбии

 

Исроил

 

дар

 

воҳаи

 

Ғаззаҳ

 

шадидан

 

маҳкум

 

карда,

 

аз

 

он

  

даъват

 

ба

 

амал

 

оварда

 

мешавад, ки

  

зӯроварию

 

амалиёти

 

ҳарбиро

 

дар

 

ин

 

ҷо

 

фавран

 

қатъ

 

намояд. Бар

 

асари

  

амалиёти

 

якҳафтаинаи

  

низомии

 

Исроил дар

 

воҳаи

 

Ғаззаҳ зиёда

 

аз

 

450

  

фаластинӣ

 

ба

 

ҳалокат

 

расид.




           

Амалиёти ҳарбии

 

як ҳафта боз дар воҳаи Ғаззаҳ идома ёфта истодаи

 

Исроил сабаби рух додани фоҷиаи гуманитарӣ гардид. Ҳоло дар ин ҷо камбуди маводи хӯрока, об, маводи сӯхт, қувваи барқ ва ғайра ба қайд гирифта шудааст. Намояндагони созмонҳои байналхалқӣ масъулияти чунин

 

вазъияи ногуворро ба зиммаи роҳбарони ҷунбиши

 

«Хамос» мегузоранд.



Намояндаи СММ Роберт Сарӣ ба мухбирон гуфт, ки

 

инфраструктураи воҳаи Ғаззаҳ дар натиҷаи амалиёти ҳарбӣ амалан нобуд карда шудааст. Шумораи ҳалоку маҷрӯҳшудагон рӯз то рӯз бештар мегардад. Ҷунбиши

 

«Хамос» дар ҷавоб ҳар рӯз ба қаламрави Исроил бештар мушакҳои тарканда мепарронад.



Гуфтушунидҳо барои беҳтар сохтани вазъият натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Исроил Сипи Ливни

 

зимни мулоқот бо Президенти Фаронса Николя Саркози изҳор намуд, ки

 

дар сарҳади Фаластин бештар аз пештар гузаргоҳҳои нақлиётӣ кушода шудаанд. Мо кӯшиш хоҳем кард, ки дар ҷараёни амалиёти ҳарбӣ ба муқобили ҷунбиши «Хамос»

 

аҳолии маҳаллиро

 

то ҳадди имкон муҳофизат кунем. Исроил аз оғози амалиёт ҳар рӯз ба қаламрави воҳаи Ғаззаҳ 60 мошин кӯмаки башардӯстона мефиристад. Ин нисбат ба давраи пеш аз оғози амалиёт хеле зиёд аст.


Реклама на asia+

Ҳукумати ҷумҳурӣ натиҷаҳои рушди кишвар дар соли гузаштаро мавриди баррасӣ қарор медиҳад

0



           

Душанбе. 4-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи васеи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 15-уми январи соли ҷорӣ доир мегардад, масоили натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли сипаригашта ва нақшаи рушди ҷумҳурӣ дар соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.





           

Тавре ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ огаҳӣ пайдо кард, ҷаласа таҳти раёсати президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баргузор гашта, дар он ҳисоботи раҳбарони вазорат ва идораҳои ҷумҳурӣ дар бораи фаъолияташон дар соли 2008 шунида хоҳад шуд.




           

Дар ҳамин ҳол, аз баъзе вазорату идораҳо иттилоъ доданд, ки корҳои омода сохтани ҳисоботу маълумотномаҳо ҷиҳати пешниҳод ба ин ҷаласа аллакай шурӯъ шудаанд.


Реклама на asia+

Президенти Тоҷикистон як қатор қонунҳои қабулнамудаи парлумон дар соли гузаштаро ба имзо расонид

0



           

Душанбе. 4-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои ахири соли гузашта президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳои қабулнамудаи парлумон дар соли гузаштаро ба имзо расонид.





           

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, миёни онҳо Қонунҳои ҶТ «Дар бораи қабул ва дар амал ҷорӣ сохтани Кодекси қонуншиканиҳои маъмурӣ дар ҶТ», «Дар бораи фармоиши давлатии иҷтимоӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қодекси ҷиноии ҶТ», «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мақомоти прокуратура», «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳои ба Қонуни ҶТ «Дар бораи судҳо», «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи райъпурсӣ» ва ғайра ҷой доранд.



«Қобили зикр аст, ки Кодекси қонуншиканиҳои маъмурӣ дар ҶТ маҷмӯи асноди меъёриву ҳуқуқии нав буда, бо назардошти талаботи имрӯзаи ҷомеа қабул шудааст, зеро кодекси амалкунандаи қаблӣ ҳанӯз соли 1985 қабул гардида буд», – гуфт манбаъ ва афзуд, ки Кодекси нав аз 1-уми апрели соли 2009 мавриди амал қарор мегирад.


Реклама на asia+