Дар Душанбе шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон бо маводи мухаддир боздошт гардиданд

Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон миқдори нахустини маводи мухаддирро мусодира карданд. Чанде қабл дар натиҷаи баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини ноҳияи Ҳамадонӣ боздошт шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентии мазкур хабар доданд, зимни кофтукови манзили зисти муваққатии шаҳрванди боздоштшуда дар […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон миқдори нахустини маводи мухаддирро мусодира карданд. Чанде қабл дар натиҷаи баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини ноҳияи Ҳамадонӣ боздошт шуд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентии мазкур хабар доданд, зимни кофтукови манзили зисти муваққатии шаҳрванди боздоштшуда дар шаҳри Душанбе ба миқдори 2 килову


530 грамм

маводи сахттаъсири ҳероин ва

1,4 грамм

маводи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст.



Ба иттилои манбаъ, маводи мухаддир дар 278 бастаи селлофанӣ ҷой карда шуда, барои интиқол дар дохили меъда ба хориҷи кишвар пешбинӣ шуда будааст. Ҳамчунин зимни баргузории амалиёти дигар шарики ӯ – шаҳрванди Афғонистон Ҳоҷӣ Ғулом валади Ҷӯрахон низ боздошт шудааст. Аз рӯи ин далелҳо дар шӯъбаи тафтишоти агентӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, гумонбаршудагон дар боздоштгоҳи муваққатии агентӣ қарор доранд.


 


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.