Душанбе. 15-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Агентии консулгарии Швейтсария дар шаҳри Душанбе қабули дархост барои гирифтани раводиди сафар ба ин кишварро қатъ менамояд.
Тавре корманди масъули алоқа ва коммуникатсияи Идораи Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд Гулноза Ҳасанова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, қабули қарори мазкур ба воридшавии Швейтсария ба минтақаи Шенген марбут аст. «Акнун тоҷикистониёнро лозим аст, барои гирифтани раводиди сафари Швейтсария ба Консулгарии генералӣ дар Алмаато муроҷиат кунанд», – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Г.Ҳасанова, шурӯъ аз 15-уми декабри соли ҷорӣ Швейтсария ҳамаи тартиботу қоидаҳои ҷории минтақаи Шенген, аз ҷумла раводиди Шенгенро низ мавриди истифода қарор медиҳад.



