Шаҳрвандони Афғонистон ба 24 соли зиндон маҳкум шуданд

            Қӯрғонтеппа. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Додгоҳи вилояти Хатлон ду нафар шаҳрванди Афғонистонро ба 24 соли зиндон маҳкум кард.             Тавре додситони назорати иҷрои қарори додгоҳи додситонии вилоят Исматулло Расулов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, шаҳрвандони кишвари ҳамсоя – Султонмаҳмуд валади Гулохон ва Рафиқ валади Шервалӣ дар таърихи 17-уми сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби […]

Сайраҳмон Назриев



           

Қӯрғонтеппа. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Додгоҳи вилояти Хатлон ду нафар шаҳрванди Афғонистонро ба 24 соли зиндон маҳкум кард.





           

Тавре додситони назорати иҷрои қарори додгоҳи додситонии вилоят Исматулло Расулов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, шаҳрвандони кишвари ҳамсоя – Султонмаҳмуд валади Гулохон ва Рафиқ валади Шервалӣ дар таърихи 17-уми сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар посгоҳи марзии Панҷ бо 14,8 кило ҳашиш боздошт шуда буданд




           

Ба иттилои манбаъ, дар мурофиаи додгоҳӣ боздоштшудагон ба гуноҳи худ иқрор шудаанд ва ҳайати мушовараи додгоҳии вилояти Хатлон оид ба парвандаҳои ҷиноӣ онҳоро ба муддати 24 сол равонаи маҳбас кард.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.