ҶСК «Ориёнбонк» ба меъёрҳои қарздиҳӣ тағйирот ворид сохт

0



 

Душанбе. 30-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бо мақсади дастгирӣ намудани сиёсати пулию қарзии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани он, бо назардошти баланднамоии дастрасии намудҳои бештар дархостшавандаи қарзҳо, Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Ориёнбонк» аз 1-уми ноябри соли 2008 дар меъёрҳои қарздиҳӣ чунин тағйирот ворид менамояд:




– меъери баландтарини фоизи қарзҳои кӯтоҳмуддат ба мизоҷон дар Бонки марказии ҶСК «Ориёнбонк» бо арзи миллӣ 24% ва бо асъори хориҷӣ 22 % солона;



– дар филиалҳои сохтори ҶСК «Ориёнбонк» фоизи додани қарзҳои кӯтоҳмуддат ба мизоҷон бо арзи миллӣ 26% солона ва бо асъори хориҷӣ 24% солона муайян карда шавад.



Фоизҳои нави қарздиҳие, ки ҶСК «Ориёнбонк» пешниҳод менамояд, барои рушди минбаъдаи фаъолнокии истеъмолӣ, баландгардонии сатҳи зиндагӣ ва васеъ намудани имкониятҳои иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон асос мегузорад.



Иттилооти муфассал оиди меъёрҳои нави фоизии қарздиҳие, ки аз 1-уми ноябри соли 2009 амал менамоянд, дар қисмҳои сохтории ҶСК «Ориёнбонк» дастрас намудан мумкин аст. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии бонки мазкур хабар доданд.









 





 


Реклама на asia+

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои нав ба вазифаҳо таъин карда шуданд

0


Душанбе. 30-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз таҳти раёсати Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомал


ӣ


Раҳмон, ма


ҷ


лиси Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон баргузор гашт, ки дар кори он беш аз 40 масъала баррас


ӣ


шуд.




Дар

 

ма


ҷ


лис нахуст масъалаи кадрҳо баррас


ӣ


шуд. Бо қарорҳои Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Ғафур Хо


ҷ


амуродов Сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тибб


ӣ


, Баҳодур Холназаров Сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевт


ӣ


, Қурбон Тешаев Сардори Хадамоти назорати давлатии сохтмон ва меъмор


ӣ


таъин гардида, Озода Раҳмонова узви ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хори


ҷ


ии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон тасдиқ карда шуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Шумораи қурбониёни заминларза дар Покистон ба 150-200 нафар расид

0


           


Душанбе. 30-уми октябр – Дар бораи шумораи қурбониёни зилзилаи


ҷ


ануби ғарби Балу


ҷ


истони Покистон маълумоти зидду нақиз ву


ҷ


уд дорад. Хабаргузориҳо ба нақл аз қавли мақомоти Покистон онро аз 150 то 200 нафар хабар медиҳанд.




Мухтор Чалгор


ӣ


, раҳбари созмони ғайридавлатии таҳкими ҳамкории мардум дар Балу


ҷ


истони Покистон, гуфтааст, гур


ӯ


ҳҳои на


ҷ


от ба манотиқи бештар осебдида фиристода шудаанд.



Чалгор


ӣ


гуфтааси, нахустин такон соъати 4-у 30 дақиқаи бомдод сабт шудааст, вале зилзилаи баъд


ӣ


, ки баъд аз 40 дақиқаи дигар рух додааст қавитар ва шиддати он 6,5 дара


ҷ


аи


ҷ


адвали Риштер будааст:



“Зилзила ба қисмати аъзами Балу


ҷ


истон осеб расондааст. Вале шумораи бештари қурбониён ва харобиҳо дар вулусволии Зиёрат мушоҳида мешавад. Тибқи маълумоте, ки мо дар ихтиёр дорем,

 

200 нафар кушта 1000 хона комилан ба хок яксон шудаанд. Тақрибан 1000 хонаи дигар қисман осеб дидаанд”.



Як маркази иттилоотии


ҷ


уғрофиёии Амрико

 

дар сомонаи худ навиштааст,

 

дар маркази зилзила дар 60 километрии шаҳри Кветта шиддати зилзилаи соъати 5:10 дақиқаи бомдод

 

6,4 дара


ҷ


аро ташкил додааст.


Реклама на asia+

Ҳ.Зарифӣ роҳбари тозатаъини намояндагии Созмони байнулмилалии муҳоҷиратро ба ҳузур пазируфт

0



           

Душанбе. 30-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ роҳбари тозатаъини намояндагии Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон Зейнал Гаҷиевро ба ҳузур пазируфт.





           

Тавре аз департаменти иттилооти вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар мулоқот масоили марбут ба амалисозии лоиҳаҳои муштарак оид ба кӯмаки техникиву иттилоотӣ ба муҳоҷирон, мубориза алайҳи харидуфурӯши одамон ва такмили вуруду ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


Реклама на asia+

Нахуствазирони Қазоқистону Тоҷикистон масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд

0


Душанбе. 30-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Хабаргузории «Казинформ» иттилоъ медиҳад, ки дирӯз дар шаҳри Остона боздиди кории нахуствазирони Қазоқистону Тоҷикистон Карим Масимов ва Оқил Оқилов баргузор гаштааст.




Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносиботи ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои гуманитариву фарҳанг ва тиҷоративу иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор додаанд.



Ба масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, истифодаи захоири маводи сӯзишворӣ, сохтмони хати интиқоли барқ миёни кишварҳо тавассути Қирғизистон таваҷҷӯҳи хос зоҳир гардид.



Нахуствазирон изҳори боварӣ намуданд, ки сатҳи ҳусни тафоҳуми мавҷуда миёни кишварҳо минбаъд шароит фароҳам хоҳад сохт, ки сатҳи ҳамкориҳо бештар таҳкиму густариш ёбанд.


Реклама на asia+

Э.Раҳмон мардумро даъват кард, ки бидуни тарсу ҳарос молу мулкашонро қонунӣ гардонанд

0



           

Душанбе. 30-уми октябр – Дирӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он беш аз 40 масъала баррасӣ шуд.





           

Дар мавриди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк» зикр гардид, ки аз аввали соли равон ба комиссияҳои шаҳру ноҳияҳо ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе 14504 ариза аз ҷониби шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии молу мулкашон ворид гардида, аз он 6172 тоаш баррасӣ шуд ва 5300 нафар шаҳодатномаи соҳибмулк гирифтанд. Арзиши молу мулки қонуникардашуда тибқи маълумоти пешакӣ 2,2 миллиард сомониро ташкил дод.




           

Сарвари давлат бо қотеият хотиррасон намуд, ки то ан


ҷ


оми м


ӯ


ҳлати татбиқи қонуни мазкур ду моҳи дигар боқ


ӣ


мондааст ва таъкид намуд, ки соҳибмулкон аз ин имкони мусоид бе тарсу ҳарос хуб истифода баранд, зеро чунин тадбир танҳо як бор амал


ӣ


мегардад.




           

Дар маҷлис ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳо ва пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои амалкунандаи кишвар маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Ба харакати нақлиёт тавассути тунели «Истиқлол» иҷозат дода шуд

0


            Душанбе. 30-уми октябр – Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон эълом кард, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути тунели «Истиқлол», ки маркази кишварро бо вилояти Суғд, дар шимол, мепайвандад, аз сар гирифта шудааст.





           

Ду моҳ қабл ба манзури таъмирим системаи тасфияи ҳаво ва рушноӣ ва ҳамчунин рафъи обҳои зиёди зеризаминӣ дар тунели «Истиқлол», ҳаракати нақлиёт дар ин тунел мутаваққиф шуда буд.




           

Дар ин муддат ҳаракати мошинҳо дар масири Душанбе-Хуҷанд аз тариқи ағбаи Анзоб, ки беш аз


50 км

тӯл дорад, сурат мегирифт.




           

Аммо масъулони вазорат мегӯянд, ҳамакнун ба дунболи бориши барф дар ин ағба, ки хатаротеро барои васоили ҳамлу нақл эҷод кардааст, давлат тасмим гирифт, ки ҳамлу нақл ва рафтуомад тавассути тунели «Истиқлол» сурат бигирад.




           

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, бориши борону барф дар манотиқи куҳистонӣ, бахусус дар ағбаи Анзоб, то ду рӯзи дигар идома хоҳад дошт ва хатари резиши тарма вуҷуд дорад. Ба ин далел, масъулони вазорат мегӯянд, ҳаракати васоили ҳамлу нақл дар ағбаи Анзоб мамнӯъ шудааст.




           

Ба гуфтаи Каримҷон Аҳмадов, масъули умури тарҳхои мавриди иҷро дар вазорат, ҳамзамон бо ҳаракати васоили ҳамлу нақл аз тариқи тунели «Истиқлол» умури сохтмонӣ дар ин лоиҳа низ ҷараён дорад.


Реклама на asia+

Дар даҳаи аввали моҳи ноябр дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон баргузор мешаванд

0


Душанбе. 30-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон 9-уми ноябр оғоз хоҳанд гашт.

 





Тавре аз вазорати фарҳанги мамлакат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайати меҳмононро иборат аз 73 нафар, вазири фарҳанг ва сайёҳии Озарбойҷон Абдулфас Гароев раҳбарӣ хоҳад кард.



Ба иттилоъи манбаъ, ба ҳайати мазкур ҳамчунин дромнависи машҳури озарӣ Алӣ Амирлӣ, оҳангсоз Элдар Мансуров ва ғайраҳо шомиланд. Дар доираи чорабинии чаҳоррӯза, дар Душанбе консерти устодони санъати Озарбойҷон, намоишгоҳҳои аккосиву санъати ороишӣ-амалӣ баргузор хоҳад гашт.



Маврид ба ёдоварист, ки рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон аз 16-ум то 20-уми октябри соли равон дар шаҳри Боку гузаронида шуданд. Мувофиқа дар бораи баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Боку ва Озарбойҷон дар Душанбе, дар ҷараёни вохӯрии руасои ҷамоҳири кишварҳо Илҳом Алиев ва Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи боздиди расмии президенти Тоҷикистон ба Озарбойҷон дар моҳи августи соли 2007 ҳосил шуда буд.

  



Реклама на asia+

Дар Лондон мурофиаи навбатии додгоҳӣ миёни «Талко» ва «Ансол» шурӯъ шуд

0


Душанбе. 29-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи душанбе, 27-уми октябр, дар як додгоҳи Лондон, пойтахти Бритониё, боз як мурофиаи додгоҳ


ӣ


миёни Корхонаи оҳиди давлатии «Ширкати алюминсозии То


ҷ


икистон» (Талко) ва Аваз Назаров, раҳбари ширкати “Ансол” ва Абдуқодир Эрматов, мудири собиқи корхонаи алюминсозии Регар, шур


ӯ


ъ шуд. КВД «Талко» Назаров ва Эрматовро дар сирқати наздики ним миллиард доллар пули корхона муттаҳам мекунад. Аз ҳаққи КВД «Талко» дар додгоҳҳои Бритониё ширкати ҳуқуқии “Ҳерберт Смиф” дифоъ мекунад ва бар асоси хабарҳои нашршуда,


ҷ


ониби То


ҷ


икистон то кунун ба ин ширкати бритониё


ӣ


беш аз 100 миллион доллар ҳаққи хидмат пардохт кардааст.




Аммо Эрматов ва Назаров иттиҳомоти алайҳи онҳо эълоншударо радд мекунанд. Аваз Назаров, ба навбаи худ, раҳбарони КВД «Талко»-ро дар


ҷ


абран берун кардани


ӯ


ву ширкаташ аз ти


ҷ


орати алюминиуми тавлиди корхона муттаҳам мекунад ва дар ин замина ба додгоҳи Бритониё шикоят низ бурдааст.



Ширкати “Ансол”

 

то поёни соли 2004 таъминкунандаи асосии гилхок(глинозем) – ашёи хом барои тавлиди алюминиум – барои корхонаи алюминсозии То


ҷ


икистон буд. Аммо дар пайи табдили раҳбарияти корхона Назаров низ тарки То


ҷ


икистон кард ва, бино ба хабарҳо, дар ҳоли ҳозир, дар Бритониё ба сар мебарад.



КВД «Талко» бузургтарин корхонаи саноатии То


ҷ


икистон маҳсуб шуда, солона беш аз 400 000 тонна алюминиуми аввалия тавлид ва умдатан ба хори


ҷ


содир мекунад. Бахши аъзами содироти То


ҷ


икистон аз ҳисоби фур


ӯ


ши тавлидоти ҳамин корхона ба даст меояд.


Реклама на asia+

Оғохон ба муносибати Ҷашнвораи Тиллоӣ ба Тоҷикистон меояд

0



Душанбе. 29-уми октябр –



Интизор меравад, ки Волоҳазрат Оғохон, Имоми мусулмонони шиаи Исмоилӣ ва поягузору Сарвари Бунёди рушди Оғохон (АКДН) рӯзи ҷумъа, 31-уми октябр барои боздиди расмӣ ба муддати 6 рӯз ба Тоҷикистон меояд.




Дар иттилоияи интишорнамудаи Бунёди рушди Оғохон гуфта мешавад, ки ташрифи Оғохон бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад, ки он низ дар қатори ташрифҳои сершумори Волоҳазрат ҷиҳати истиқболи Ҷашнвораи Тиллоӣ, ҳамчун Имоми имомати мусулмонони шиаи Исмоилӣ дохил мешавад. Волоҳазрат пас аз бобояш Сэр Султон Муҳаммад Оғохон имомии Имоматро аз 11 июли соли 1957 ба дӯш дорад.





Дар ин сафари худ Волоҳазрат Оғохон президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва дигар ашхоси расмӣ вохӯрӣ хоҳад дошт. Интизор меравад, ки сӯҳбатҳо дар атрофи мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, аз ҷумла ҳамкориҳои давомдор дар байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бунёди рушди Оғохон бобати рушди соҳаҳои маориф, иҷтимоъ ва иқтисод доир хоҳанд гашт.



Волоҳазрат ҳамчунин аз лоиҳаҳои мавҷудаи сохтмонии АКДН дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе боздид мекунад, ки ба қатори ин лоиҳаҳо меҳмонхонаи Серена ва маркази Исмоилия ва яке аз макотиб дохил мешаванд.





Волоҳазрат Оғохон сафари худро дар ВМКБ идома дода, дар он ҷо бо аъзои ҷамоаи Исмоилиён вохӯрӣ мегузаронад. Дар назар аст, ки эшон ҳамчунин ба қитъаҳои лоиҳаҳои дар вилоят амалишавандаи АКДН, аз ҷумла ба Боғи Хоруғ, ки ҳоло аз ҷониби Хазинаи фарҳанги Оғохон барқарор шуда истодааст ва инчунин ба Мактаби таҳсилоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) хоҳад омад.





Ташрифи Волоҳазрат Оғохон ба Тоҷикистон дар доираи сафари 10-рӯзаи вай ба кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон сурат мегирад. Интизор меравад, ки дар Қазоқистон эшон президенти кишвар Нурсултон Назарбоев ва дигар вазирон барои сӯҳбат оид ба ташаббусҳои дар кишвар барои рушд нигаронидашуда вохӯрӣ мегузаронад. Волоҳазрат Оғохон дар Ҷумҳурии Қирғизистон бо намояндаггони воломақоми давлатӣ вохӯрӣ гузаронида масъалаи шаҳраки донишҷӯёни ДОМ-ро дар шаҳри Норин баррасӣ менамояд. Се кишвари зикршуда – Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон шартномаи

 

байналмиллариро роҷеъ ба таъсиси ин донишгоҳ соли 2000 ба имзо расонидаанд.


Реклама на asia+