Ба харакати нақлиёт тавассути тунели «Истиқлол» иҷозат дода шуд

            Душанбе. 30-уми октябр – Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон эълом кард, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути тунели «Истиқлол», ки маркази кишварро бо вилояти Суғд, дар шимол, мепайвандад, аз сар гирифта шудааст.             Ду моҳ қабл ба манзури таъмирим системаи тасфияи ҳаво ва рушноӣ ва ҳамчунин рафъи обҳои зиёди зеризаминӣ дар тунели «Истиқлол», ҳаракати нақлиёт […]

ВВС


            Душанбе. 30-уми октябр – Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон эълом кард, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути тунели «Истиқлол», ки маркази кишварро бо вилояти Суғд, дар шимол, мепайвандад, аз сар гирифта шудааст.





           

Ду моҳ қабл ба манзури таъмирим системаи тасфияи ҳаво ва рушноӣ ва ҳамчунин рафъи обҳои зиёди зеризаминӣ дар тунели «Истиқлол», ҳаракати нақлиёт дар ин тунел мутаваққиф шуда буд.




           

Дар ин муддат ҳаракати мошинҳо дар масири Душанбе-Хуҷанд аз тариқи ағбаи Анзоб, ки беш аз


50 км

тӯл дорад, сурат мегирифт.




           

Аммо масъулони вазорат мегӯянд, ҳамакнун ба дунболи бориши барф дар ин ағба, ки хатаротеро барои васоили ҳамлу нақл эҷод кардааст, давлат тасмим гирифт, ки ҳамлу нақл ва рафтуомад тавассути тунели «Истиқлол» сурат бигирад.




           

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, бориши борону барф дар манотиқи куҳистонӣ, бахусус дар ағбаи Анзоб, то ду рӯзи дигар идома хоҳад дошт ва хатари резиши тарма вуҷуд дорад. Ба ин далел, масъулони вазорат мегӯянд, ҳаракати васоили ҳамлу нақл дар ағбаи Анзоб мамнӯъ шудааст.




           

Ба гуфтаи Каримҷон Аҳмадов, масъули умури тарҳхои мавриди иҷро дар вазорат, ҳамзамон бо ҳаракати васоили ҳамлу нақл аз тариқи тунели «Истиқлол» умури сохтмонӣ дар ин лоиҳа низ ҷараён дорад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.