Вазорати умури хориҷӣ оид ба ихроҷи шаҳрвандони тоҷик ба далели тағйири ному насаб ба Русия номаи эътирозӣ ирсол кардааст

0


Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар эътироз ба гирифторӣ ва ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия дар фурудгоҳи Санкт-Петербург ба далели тағйири ном бо истифода аз пасвандҳои форсӣ номаи эътирозӣ ирсол кардааст.

 





Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон имрӯз, 24 октябр, дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ин мушкил дар ҳоли ҳозир дар Русия мавриди баррасӣ қарор дорад. Вале дар рафтуомади шаҳрвандони мо ба Русия дар ҳоли ҳозир ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад.



Ҳамрохон Зарифӣ ҳамчунин гуфт, ки барои аз байн бурдани ин мушкилот ВХ тасмим дорад, дар ояндаи наздик шиносномаҳои биометриро ба мисли дигар кишварҳо роҳандозӣ кунад.



Вале дар ҳоли ҳозир Вазорати хориҷа талош дорад, дар Тоҷикистон чопхонаи худро дошта бошад, то дар чопи шиносномаҳои тоҷикӣ мушкилоте пайдо нашавад. Ба ин далел, ки дар ҳоли ҳозир, шиносномаҳои тоҷикӣ дар Қазоқистон нашр мешаванд.

Реклама на asia+

Дар Хуҷанд бинои истиқоматии баландошёнаи муҷаҳҳаз бо системаи таъмини барқу гармӣ аз энергияи офтоб ба истифода дода мешавад

0


Хуҷанд. 24-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон дар шаҳри Хуҷанд яке аз биноҳои нахустини манзили зисти баландошёнаи муҷаҳҳаз бо системаи таъмини барқу гармӣ аз энергияи офтоб ба истифода дода мешавад.





           

Тавре директори иҷроияи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Механизатор» Зоҳирҷон Ӯрунов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, сохтмони се адад чунин биноҳо бо ҷалби сармоягузории хусусӣ моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз ёфтааст.



Номбурда зикр кард, ки дар ин биноҳо сокинон бо тамоми шароитҳо таъмин

 

карда хоҳанд шуд. «Яке аз махсусиятҳои чунин биноҳо дар он аст, ки онҳо бо системаи

 

таъмини барқу гармӣ аз энергияи офтоб муҷаҳҳаз карда мешаванд ва дар сурати норасоии он, сокинон бемалол аз ин сарчашмаи алтернативии истеҳсоли энергия истифода бурда метавонанд», – гуфт З.Ӯрунов.




 



Реклама на asia+

Президенти Тоҷикистон омӯзгорону донишҷӯёни ДДМТ-ро бо ҷашни 60-солагии донишгоҳ табрик кард

0



           

Душанбе. 24-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ба таъсиси Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ДДМТ) 60 сол пур мешавад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорону донишҷӯёни ин даргоҳи илму маърифатро табрику таҳният гуфта, сипас дар маросими ифтитоҳи бинои хобгоҳи нави донишгоҳ ширкат варзид.





           

Э.Раҳмон зикр кард, ки дар давоми фаъолият донишгоҳ барои ҷумҳурӣ ҳазорон мутахассисони кордону варзидаро тайёр кардааст, ки то имрӯз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар ба нафъи мардум хизмат мекунанд. Қобили зикр аст, ки сарвари давлат низ хатмкунандаи ин муассисаи таълимӣ аст.




           

Ба ин муносибат бо иштироки сарвари давлат дар «Кохи Ваҳдат» маҷлиси ботантана доир мегардад. Интизор меравад, ки дар он ба донишҷӯёну омӯзгорон мукофотҳои давлатӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда хоҳанд шуд. Маҷлиси ботантана бо консерти

 

санъаткорону ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ ба анҷом мерасад.


Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон маротибаи панҷум дар ин моҳ заминҷунбӣ рух дод

0




           

Душанбе. 24-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Тоҷикистон заминҷунбии навбатӣ рух дод. Тавре аз маркази зилзиласанҷӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, он дар соати 8-у 50 дақиқаи субҳи имрӯз ба вуқӯъ пайваст.







           

Маркази заминларза дар 8 километрии ҷанубу ғарбии шаҳри Душанбе, дар ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ буд. Шиддати заминларза дар маркази он ба 3 балл ва дар шаҳри Душанбе ба 2 балл баробар шудааст. Дар бораи осеб ва талафоти ҷонӣ маълумоте дастрас нашудааст.






           

Ёдрас мекунем, ки дар моҳи сентябр ин панҷумин ҳодисаи заминларза дар ҷумҳурӣ мебошад.






 


Реклама на asia+

М.Убайдуллоев дархост кард, ки мӯҳлати будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бидуни қайд то даҳ рӯз тамдид ёбад

0



           

Душанбе. 24-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Анҷумани


III


-уми байнипарлумонии «Русияву Тоҷикистон: имконоти ҳамкории минтақавӣ» раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев муттаҳидсозии кӯшишу талошҳои муштаракро дар муқобили таҳдиду бӯҳронҳо, терроризму ифротгароиҳои ҷаҳони имрӯза таъкид сохта, аз намояндагони парлумони Русия дархост кард, ки барои дароз кардани мӯҳлати будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия то даҳ рӯз мусоидат намоянд.





           

«Дар муддати се рӯзе, ки имрӯз тибқи қонунгузорӣ иҷоза дода шудааст, шаҳрвандони мо наметавонанд, ҷойи кор пайдо карда, худро ба қайд гузоранд ва пас аз он ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ табдил мешаванд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки то даҳ рӯз дароз кардани ин мӯҳлат мувофиқи мақсад аст.




           

Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Сергей Миронов зимни суханронӣ изҳор дошт, ки дар анҷумани имрӯза ҷараёни амалисозии қарордодҳои қаблан имзогардида мавриди таҳлил қарор хоҳанд гирифт.


Реклама на asia+

Сохтмони зеристгоҳҳои хати интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол» дар арафаи анҷомёбист

0


Душанбе. 24-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳудуди 60 дарсади корҳои сохтмони хати баландшиддати интиқоли барқи 500 Кв «»Ҷануб-Шимол» дар зеристгоҳи шаҳри Душанбе ба анҷом расидааст.




Тавре роҳбари лоиҳаи мазкур Қурбоналӣ Тешаев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, корҳои сохтмонӣ дар зеристгоҳи «Регар» ба охир расида, дар зеристгоҳи шаҳри Хуҷанд 60 дарсади корҳои асосии сохтмон иҷро шуданд.



Номбурда афзуд, ки айни замон 14 такягоҳҳо миёни якдигар пайваст гардида, барои 500 такягоҳ чуқуриҳо канда шудаанд. «Корҳои бетонпӯш кардани беш аз 400 такягоҳ низ ба анҷом расиданд», – гуфт ӯ. Дар ин хати интиқоли барқ дар маҷмӯъ, ҷобаҷогузории 575 такягоҳҳо ба нақша гирифта шудааст.


Реклама на asia+

Имрӯз ба таъсиси Созмони Милали Муттаҳид 63 сол пур мешавад

0


Душанбе. 24-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Созмони Милали Муттаҳид (СММ) 63-солагии таъсисёбиашро ҷашн мегирад. Маҳз 24-уми октябри соли 1945 Оинномаи созмон аз ҷониби кишварҳои Чин, Фаронса, собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Бритониёи Кабир, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои дигар мавриди амал қарор гирифт.




Муқаррароти оинномаи созмон 25-26-уми

 

апрели соли 1945 дар шаҳри Сан-Франтсиско дар конфронси Милали Муттаҳид оид ба таъсиси созмони байнулмилалӣ аз ҷониби намояндагони 50 кишвар таҳия гардид.



Номи «Милали Муттаҳид»-ро президенти Амрико Франклин Рузвелт пешниҳод кардааст. Ба ин муносибат шоми имрӯз дар толори СММ консерт доир мегардад.



Феълан дар Тоҷикистон беш аз 10 сохтори СММ фаъолият мекунанд. Дар се соли ахир СММ ба Тоҷикистон беш аз $50 млн. маблағ ҷалб сохта, аз расонидани кӯмаки башардӯстона ба зинаи дигар – кӯмак ҷиҳати рушди кишвар тавассути ҳамкории зич бо ҳукумати ҷумҳурӣ гузаштааст, ки он баҳри пурсамар амалӣ гаштани барномаҳои созмон мусоидат мекунад.


Реклама на asia+

Бародаршаҳрҳои Душанбеву Санкт-Петербург перомуни баргузории Рӯзҳои шаҳри ҳамдигар тавофуқ ҳосил карданд

0


Душанбе. 24-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати бародаршаҳри Душанбе – шаҳри Санкт-Петербурги Русияро таҳти сарварии раиси Кумитаи шуғли аҳолии ҳукумати ин шаҳр Павел Панкратов ба ҳузур пазируфт.




Тавре сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар мулоқот масоили ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба мушкилоти ҳифзи ҳуқуқ ва будубоши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда шуд.



Бино ба иттилои манбаъ, П.Панкратов пешниҳод кардааст, ки дар чаҳорчӯбаи таҷлили ҷашни 10-солагии бародаршаҳр гаштани шаҳрҳо соли оянда дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург ва минбаъд Рӯзҳои Душанбе дар ин шаҳр гузаронида шуда, чунин чорабинӣ мунтазам доир гардад. Ин пешниҳод аз тарафи М.Убайдуллоев ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт.


Реклама на asia+

Эмомалӣ Раҳмон аз парлумонҳои кишвар изҳори умеду боварӣ кард

0


Душанбе. 24-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар маросими ифтитоҳи Анҷумани


III


-уми байнипарлумонии «Русияву Тоҷикистон: имконоти ҳамкории минтақавӣ» президенти Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҳамоиши имрӯза ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.




Ба гуфтаи сарвари давлати Тоҷикистон, муносиботи ҳамкории Русияву Тоҷикистон дар сатҳи баланд қарор доранд. «Ба наздикӣ сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ба анҷом мерасад, ки дар қаламрави собиқи шӯравӣ назир надорад ва он маҳз дар ҳамроҳӣ бо Русия бунёд мегардад», – гуфт ӯ.



Э.Раҳмон таъкид сохт, ки 20 дарсади муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон ба Русия рост меояд. «Ҳудуди 60 дарсади сармоягузориҳои хориҷӣ дар 9 моҳи соли равон аз ҷониби Русия амалӣ шуданд», – изҳор дошт президенти Тоҷикистон.



Ба ақидаи президенти Тоҷикистон, сатҳи ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ нокофӣ аст. «Танҳо бо баргузории намоишгоҳҳову фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба чизе муваффақ нахоҳем гашт», – таъкид сохт ӯ.



Эмомалӣ Раҳмон аз ширкатҳо ва фондҳои сармоягузории Русия даъват ба амал овард, ки ба фаъолияти худ дар ҷумҳурӣ густариш бахшанд ва зикр кард, ки Тоҷикистон то ҳанӯз оид ба роҳандозии ҳамкориҳо дар бахши истихроҷ ва коркарди уран пешниҳоди Русияро интизор аст.



Ба ақидаи президенти Тоҷикистон, ҳамоишҳои қаблӣ натиҷаҳои дилхоҳ надодаанд. «Боварӣ дорам, ки қарорҳои анҷумани кунунӣ аз ҳарду ҷониб ба иҷро хоҳанд расид», – гуфт дар хотима Э.Раҳмон.



Ёдрас мекунем, ки ан


ҷ


уман таҳти ҳамраисии Раиси Ма


ҷ


лиси миллии Ма


ҷ


лиси Олии


ҷ


умҳур


ӣ


Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Раиси Ш


ӯ


рои Федератсияи Ма


ҷ


лиси Федеролии Федератсияи Русия Сергей Миронов


ҷ


араён мегирифта, дар кори он вакилони парлумонҳои ҳарду кишвар, роҳбарони вилоятҳо, кормандони ҳокимияти иҷроия, намояндагони доираҳои илмӣ ва аҳли ҷомеа ширкат хоҳанд варзид. Интизор меравад, ки ба масъалаи такмили заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии ҳамкориҳо таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад шуд.



Дар доираи чорабиниҳои анҷуман вох


ӯ


рию мулоқотҳои доираҳои ти


ҷ


оратии То


ҷ


икистону Русия доир мегарданд, ки дар онҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкории иқтисодию ти


ҷ


оратии ду кишвар мавриди баррас


ӣ


қарор мегиранд. Ҳамзамон баргузории мизҳои гирд дар мавз


ӯ


ъҳои «Раванди танзими ҳуқуқии муҳо


ҷ


ирати меҳнат


ӣ


» ва «Рушди робитаҳои и


ҷ


тимо


ӣ


ва гуманитар


ӣ


» ба нақша гирифта шудааст. Ба имзо расонидани Созишномаи ҳамкор


ӣ


байни сохторҳои соҳав


ӣ


, вилоятҳои То


ҷ


икистон бо субъектҳои марбутаи Федератсияи Русия дар назар аст.



Чанде қабл раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Русия оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Вадим Густов изҳор дошта буд, ки бо назардошти вазъи кунунӣ ва ҷараёни амалишавии ҳамкориҳои минтақавӣ миёни Русияву Тоҷикистон, то соли 2009 муомилоти мол миёни давлатҳоро то ба 1 млрд. доллари амрикоӣ расонидан аз эҳтимол дур нест. Ба қавли ӯ, дар ин анҷуман, барои расидан ба ин мақсад тадбирҳои муассир андешида хоҳанд шуд.



Ҳайати парлумони Русия субҳи 25-уми октябр бо ҳамроҳони худ ба вилояти Суғд рафта, дар идомаи кори Форуми сеюми байнипарлумонии Тоҷикистону Русия иштирок мекунад. Ба ин муносибат дар шаҳри Хуҷанд намоишгоҳи дастовардҳои меҳнатии мардуми вилоят ва муаррифии барномаҳои инвеститсионӣ барпо мегардад. Ҳайати Русия аз Қасри фарҳангии «Арбоб» ва осорхонаи таърихии вилоят низ боздид хоҳад кард. Дар доираи ин боздид дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки ҳунармандони Тоҷикистону Русия барномаи консертӣ доир хоҳад гашт.



Ёдрас мекунем, ки дар ду анҷумани қаблӣ миёни вилояти Суғд ва вилоятҳои Астрахан, Иваново, Саратов, Оренбург ва кишвари Олтойи Русия созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ба имзо расиданд. Соли ҷорӣ муомилоти мол миёни вилояти Суғд ва Русия ба 360, 6 млн. доллари амрикоӣ баробар шудааст, ки он 48 дарсади ҳаҷми умумии муомилоти молии вилоятро ташкил медиҳад.



Анҷумани аввал моҳи августи соли 2006 дар шаҳри Душанбе баргузор гашта, дар он мақоми доимоамалкунандаро гирифт. Анҷумани дуввум моҳи сентябри соли 2007 дар Русия доир гардида буд.


Реклама на asia+

Раисӣ дар Шӯрои вазирони умури дохилии кишварҳои узви ИДМ ба дӯши Нургалиев вогузор гардид

0



           

Душанбе. 24-уми октябр. – Дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вазирони умури дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) тасмим гирифта шуд, ки мақоми раисӣ дар шӯро ба дӯши вазири умури дохилии Русия Рашид Нургалиев вогузор гардад.





           

Тибқи иттилои хабаргузории ИТАР-ТАСС, қаблан ба ҳайси раиси шӯро вазири умури хориҷии Гурҷистон ифои вазифа мекард, вале таври маълум, ин кишвар аз ҳайати ИДМ хориҷ шуд.




           

Хабар дода мешавад, ки дар ҷаласа вазирони умури дохилии Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Украина ба масоили тиҷорати ғайриқонунии автомобилҳо дар қаламрави кишварҳо таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карданд. «Иштирокдорони ҷаласа оид ба андешидани чораҳо ва баргузории амалиёти муштарак ҷиҳати дарёфту қатъ сохтани роҳу воситаҳои интиқоли автомобили дуздидашуда тавассути марзҳо, пайгирӣ намудани маблағҳои аз ин тиҷорати ғайриқонунӣ бадастомада ва табодули маълумот дар бораи гурӯҳҳои ҷинояткор дар ин самт тавофуқ ҳосил карданд», – иттилоъ медиҳад хабаргузорӣ.




           

Тибқи маълумоти Интерпол, то 40 дарсади автомобилҳои дуздидашуда аз Аврупои Ғарбӣ дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ фурӯхта мешавад. Дар давоми солҳои 2005-2007 танҳо дар Русия беш аз 2 ҳазор адад автомобилҳое, ки дар кишварҳои дигар дуздида шуда буданд, ошкор гаштанд.


Реклама на asia+