Имрӯз ба таъсиси Созмони Милали Муттаҳид 63 сол пур мешавад

Душанбе. 24-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Созмони Милали Муттаҳид (СММ) 63-солагии таъсисёбиашро ҷашн мегирад. Маҳз 24-уми октябри соли 1945 Оинномаи созмон аз ҷониби кишварҳои Чин, Фаронса, собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Бритониёи Кабир, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои дигар мавриди амал қарор гирифт. Муқаррароти оинномаи созмон 25-26-уми   апрели соли 1945 дар шаҳри Сан-Франтсиско дар конфронси […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 24-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Созмони Милали Муттаҳид (СММ) 63-солагии таъсисёбиашро ҷашн мегирад. Маҳз 24-уми октябри соли 1945 Оинномаи созмон аз ҷониби кишварҳои Чин, Фаронса, собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Бритониёи Кабир, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои дигар мавриди амал қарор гирифт.




Муқаррароти оинномаи созмон 25-26-уми

 

апрели соли 1945 дар шаҳри Сан-Франтсиско дар конфронси Милали Муттаҳид оид ба таъсиси созмони байнулмилалӣ аз ҷониби намояндагони 50 кишвар таҳия гардид.



Номи «Милали Муттаҳид»-ро президенти Амрико Франклин Рузвелт пешниҳод кардааст. Ба ин муносибат шоми имрӯз дар толори СММ консерт доир мегардад.



Феълан дар Тоҷикистон беш аз 10 сохтори СММ фаъолият мекунанд. Дар се соли ахир СММ ба Тоҷикистон беш аз $50 млн. маблағ ҷалб сохта, аз расонидани кӯмаки башардӯстона ба зинаи дигар – кӯмак ҷиҳати рушди кишвар тавассути ҳамкории зич бо ҳукумати ҷумҳурӣ гузаштааст, ки он баҳри пурсамар амалӣ гаштани барномаҳои созмон мусоидат мекунад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.