Тоҷикистон расман довталаби баргузории Ҷоми футболи Осиё-2031 шуд

0

Рӯйхати ниҳоии довталабон барои баргузории Ҷоми футболи Осиё-2031 маълум шуд. Тоҷикистон ҳамроҳи Ӯзбекистону Қирғизистон довталаби баргузории ин мусобиқа дар соли 2031 гардид.

Қабули дархостҳо пас аз ташаббуси Салмон бин Иброҳим ал-Халифа, президенти КФО, ки тасдиқи кишварҳои мизбони мусобиқаҳои соли 2031 ва 2035-ро дар доираи як конгрес дархост кард, оғоз шуда буд. 

Қабули дархостҳо барои баргузории Ҷоми Осиё-2035 ҳам ба охир расид. Акнун КФО ба марҳилаи минбаъда – ҳамкорӣ бо федератсияҳои номзад ҷиҳати омодагии бастаи пурраи ҳуҷҷатҳо тибқи регламент ва муҳлат оғоз мекунад.

Тавре ки КФО хабар медиҳад, дар рӯйхати ниҳоии кишварҳои хоҳишманди қабули Ҷоми футболи Осиё-2031, 6 дархост, аз Австралия, Ҳиндустон, Индонезия, Корея, Кувайт, инчунин дархости муштарак аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон тасдиқ шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Қаблан, Амороти Муттаҳидаи Араб низ дархост дода буд, вале охири моҳи ноябр он бозхонд шуд. Дар назар аст, ки Конфедератсияи футболи Осиё кишвари мизбони ин мусобиқаро соли 2026 эълон кунад. Мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё-2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Номзадҳо ба баргузори мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё-2035 Австралия, Ҷопон, Корея, Кувейт шуданд.

Мувофиқи итизориҳои КФО, мизбонони ояндаи мусобиқаи солҳои 2031 ва 2035 бояд на танҳо сатҳи баланди тадорукотиро таъмин созанд, балки дар шакли зерсохтор, болоравии таваҷҷуҳ ба футбол ва таҳкими нуфузи байнулмилалии мусобиқа нақши арзанда гузоранд.

Қаблан, Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон барои дар соли 2035 баргузор намудани Ҷоми Осиё оид ба футбол дархости муштарак пешниҳод карда буданд.

Қобили зикр аст, ки мизбонони мусобиқа ба таври автоматӣ ба роҳхат барои иштирок дар Ҷоми Осиё соҳиб мешаванд.

Ҷоми футболи Осиё (AFC) шурӯъ аз соли 1956 дар 4 сол 1 маротиба пас аз 1 соли мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон гузаронида мешавад. Аз ҳама бештар – 4 бор Ҷоми футболи Осиёро мунтахаби Ҷопон соҳиб шудааст. Охирин мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё соли 2023 дар Қатар баргузор шуда, бо ғалабаи соҳибони майдон – футболбозони Қатар анҷом ёфт. Ҷоми футболи навбатии Осиё соли 2027 доир мегардад. Аз соли 2019 дар ин мусобиқа 24 дастаи мунтахаби қора иштирок мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мақомот сӯхтор дар нуқтаҳои фурӯши қисмҳои мошин дар Душанберо шарҳ доданд

0

Шаби гузашта, 5-уми феврал дар нуқтаҳои фурӯши қисмҳои мошини ҶДММ “Маҳмадуллои Давлат”, маъруф ба “морги Автосентр” дар шаҳри Душанбе сӯхтор сар зад.

Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, субҳи 6-уми феврал хабар дод, ки оташсӯзӣ 2 раста ва 74 нуқтаи савдои қисмҳои мошинро дар масоҳати 2000 метри мураббаъ фаро гирифтааст.

“Дар натиҷаи амалиётҳои фаврӣ ва саривақтии кормандони ХДО сӯхтор дар соати 23:35 дақиқа иҳота карда шуда, соати 00:10 дақиқа дар масоҳати аввалааш ба пуррагӣ хомӯш карда шуд”,-навиштааст манбаъ. 

Ҳоло сабаби рух додани сӯхтор ва хисороти он маълум нест. Ин макон дар кӯчаи Ҷанубӣ 1-и ноҳияи Фирдавсӣ  воқеъ аст.

Аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ҷиҳати муайян кардани сабаби сар задани оташсӯзӣ ва миқдори хисороти он гурӯҳи корӣ таъсис ёфта дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.

Навори сӯхтори макони мазкур шаби гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида, таваҷҷуҳи зиёди корбаронро ҷалб карда буд. Дар навор дида мешавад, ки алангаи оташ масоҳати калонро фаро гирифта дуди ғализи он дар қисме аз ин маҳалла мушоҳида мешавад.

Ҳамасола садҳо ҳодисаи сӯхтор дар бинову иншооти давлативу хусусӣ, бозорҳо ва марказҳои хидматрасониву савдо рух медиҳад, ки молу мулки давлативу хусусиро ба коми худ мекашад. Аз ҷумла, чанд соли охир сӯхтори бозорҳо дар кишвар зиёд шудааст.

Ахиран дар мағозаҳои қолин, кӯрпаворӣ ва кошонаи ҳусн дар ҳудуди бозори “Корвон” сӯхтор рух дод.

Пештар аз ин шаби 12 ба 13- уми ноябри соли гузашта дар бозори “Гулистон”-и шаҳри Панҷакент, ки бо номи “Латтабозор” низ машҳур аст, сар зад, ки дар пайи он 280 нуқтаи савдои дохили бозор ва 20 мағозаи ҳамшафати бозор сӯхтанд.

Мақомот аксаран сабаби сӯхторҳоро риоя нашудани коидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ё расиши ноқилҳо мегӯянд. Соҳибкорони аз сӯхтор зарардида шикоят карда буданд, ки дар пайи чунин сӯхторҳо молу колои онҳо ба коми оташ меравад, вале баъдан касе ба онҳо ҷуброн намекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Боздошти сардори идораи замини Исфара бо иттиҳоми гирифтани пора

0

Муҳаммад Бобозода, сардори идораи замини шаҳри Исфара бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт шудааст ва ҳоло нисбати ӯ тафтишот идома дорад.

Шарифҷон Ҷумъазода, раиси шаҳри Исфара рӯзи 2-юми феврал дар  нишасти хабарӣ аз вазифа сабукдӯш шудани Муҳаммад Бобозода, сардори идораи замини ин шаҳрро тасдиқ карда, гуфт, ки “ҳоло дар ин маврид як иттилоъ аст, ки ӯ бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир шудааст”.

“Ҳоло тафтишоти пешакӣ  идома дорад. То хулосаи суд содир шудан, наметавон дақиқан дар ин бора чизе гуфт”, – изҳор дошт раиси шаҳри Исфара.

Аммо дар бораи ҳаҷми пора, аз кӣ гирифтани он ва аз сӯйи кадом ниҳод боздошт шудани он тафсилот надод.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шарифҷон Ҷумъазода

 

Як манбаи дигар аз ин ниҳод тасдиқ кард, ки Муҳаммад Бобозода айни ҳол дар боздоштгоҳ аст, аммо ӯ ҳам аз ироаи тафсилот худдорӣ кард.

Талошҳоли мо барои муайян кардани тафсилоти боздошти сардори идораи замини шаҳри Исфара аз ниҳодҳои тафтишотӣ бесамар анҷомид.

Ҳамчунин, назари худи муттаҳам ё пайвандони ӯ ҳам барои расонаҳо дастрас нест.

Ба гуфтаи раиси шаҳри Исфара, Муҳаммад Бобозода аз 6-уми январ аз вазифа озод шуда, ба ҷойи ӯ Маҳина Ҷӯраева иҷрокунандаи вазифаи сардори идораи замини Исфара таъин шудааст.

Бояд гуфт, боздошт ва муҷозоти масъулини идораҳои замин дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз мушкили доғ боқӣ мемонад, ки ахиран раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода низ аз он нигаронӣ кард. Ӯ дар нишасти ахири матбуотии худ гуфт, ки давоми соли 2025 дастикам 64 ҳолати қонуншиканӣ дар бахши замин аз сӯйи ниҳодҳои дахлдори кишвар ошкор шудааст.

Аз ҷумла, тобистони соли 2025 Шокирҷон Қаробоев, сардори идораи замин дар ноҳияи Шаҳристон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуда буд ва барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин (моддаи 338 КҶҶТ) айбдор шуда, бо пардохти ҷарима, аз ҷавобгарӣ озод шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 21

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми бисту якуми ин асари таърихиро манзури ҳаводорони китоб мешавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

 Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба Тоҷикистон дар як сол қариб 1,8 млн сайёҳ омадааст

0

Теъдоди сайёҳоне, ки соли гузашта ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, қариб 1,8 млн будааст. Дар ин бора Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, хабар дод.

“Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазору 454 сайёҳ омад, ки ин нисбат ба соли 2024 27,5% ва ё 384 ҳазору 299 нафар бештар аст”, – гуфт Ҷумъахонзода.

Кумитаи рушди сайёҳии кишвар мегӯяд, ки теъдоди сайёҳон аз кишварҳои хориҷи дур 32,8%  ва аз кишварҳои ИДМ 19,2% боло рафтааст.

Ба даҳгонаи аввали кишварҳое, ки шаҳрвандонашон ба Тоҷикистон чун сайёҳ омадаанд, инҳо шомил ҳастанд:

Ӯзбекситон – 1 млн 46 ҳазор 672

Русия- 396 ҳазор 475

Қирғизистон – 137 ҳазору 530

Қазоқистон – 37 ҳазор 288

Хитой – 33 ҳазору 178

Афғонистон – 14 ҳазор 577

Амрико – 12 ҳазор 350

Эрон – 11 ҳазору 866

Олмон – 7 ҳазор 668

Туркманистон – 6 ҳазор 475

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷамшед Ҷумъахонзода

Ҷамшед Ҷумъахонзода гуфт, ки барои рушди сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ҳоло бо Чин лағви раводид баррасӣ мешавад ва “умедвор ҳастем, ки натиҷаи хуб медиҳад”.

Ба гуфтаи ӯ, ин яке аз роҳҳои ҷалби бештари сайёҳон аз бозори асосии сайёҳӣ ба кишвар аст.

“Барои Тоҷикистон кишварҳои арабӣ, Англия, Олмон, Фаронса, Русия, Чин, Кореяи Ҷанубӣ бозори асосии сайёҳиро ташкил медиҳанд”,- гуфт Ҷамшед Ҷумъахонзода.

Ба қавли ӯ, шаҳрвандони ин кишварҳо “бештар ба истироҳат ва сайёҳат завқ доранд”.

Аммо коршиносон ин омори пешниҳодкардаи Кумитаи рушди сайёҳиро ба чолиш мекашанд ва зикр мекунанд, ки он баёнгари вазъи воқеӣ нест. Дар асл теъдоди сайёҳони воқеӣ бамаротиб камтар аст ва ин тафовути рақамҳо дар пайи ҳисоби нодуруст ба миён омадааст. Яъне, теъдоди сайёҳон бо меъёри қабулшудаи ҷаҳонӣ ҳисоб нашудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 феврали соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (соати 09:00), Вазорати корҳои хориҷӣ (соати 10:00), Хадамоти зиддиинҳисорӣ (соати 11:00), Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ (соати 14:00), ҳукумати ноҳияи Нуробод (соати 09:00) ва шаҳри Роғун (соати 10:00) нишасти матбуотӣ доир мекунанд ва аз фаъолияти яксолаи худ назди рӯзноманигорон гузориш медиҳанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1925 – Аввалин дастаи пулис таҳти роҳбарии комиссар Абдулло Ёрмуҳаммадов аз Бухоро ба Душанбе омад.

Соли 2008 – Шумораҳои аввалини рӯзномаи ВКД-и Тоҷикистон – “Қонун ва ҷомеа” ва рӯзномаи нерӯҳои марзбонӣ бо номи “Сарҳадчӣ” нашр шуданд.

Соли 2014 – Доир ба мубодилаи санадҳои тасвибии созишномаи байнидавлатӣ дар бораи шароит ва муҳлати будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон протокол ба имзо расид.

Соли 2020 – Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ба ҳар оилаи Тоҷикистон китоби “Тоҷикон” туҳфа карда шавад.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1933 – Зодрӯзи Икромиддин Муҳиддинов, мардумшинос, доктори илмҳои таърих.

Соли 1942 – Мавлуди Ҷӯрабой Холиқов, кимиёдони тоҷик,  доктори илмҳои химия.

Соли 1967 – Зоҳир Дӯстматов, ҳунарпешаи театру синамои тоҷик, иҷрокунандаи нақши "Қори ишкамбу" дар синни 52-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Зоҳир Дустматов дар нақши "Корӣ ишкамба"

Симои Зоҳир Дӯстматов бо иҷрои нақши “Қори ишкамба” дар филми “Марги судхӯр” дар хотироти ҳар як бинандаи тоҷик фаромӯш нашудааст.

Ӯ Институти давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи шаҳри Маскавро хатм кардаааст. Фаъолияташро аз Театри Лоҳутӣ оғоз карда, муддате дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хуҷанд ҳунарнамоӣ кардааст. Баъдан боз ба театри Лоҳутӣ баргашта, то поёни умр он ҷо ҳунарманди ин театр будааст.

Зоҳир Дӯстматов  дар театр дар песаҳои “Шаби 28”, “Тӯҳфа барои хушхабар”, “Таърифхоҷаев” ва дар синамои тоҷик дар филмҳои “Дохунда”, “Коваи оҳангар”, “Қисмати шоир” ва ғайра нақш офаридааст. Барҷастатарин комёбии эҷодиаш симои Қорӣ Ишкамба аз филми бадеии “Марги судхӯр” мебошад, ки хислату характери қаҳрамонашро ҳамаҷиҳата инъикос карда тавонистааст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Дар ин рӯзи соли 1626 дар Фаронса фармони манъи дуэлҳо имзо шуд. Ин тасмим бо мақсади ҳифзи беҳтарин сарбозони артиш гирифта шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Луи XIII, ҳангоми имзои фармон изҳор дошт, ки ҳам даъваткунандагон ва ҳам даъватшудагон ба дуэл ҷазо хоҳанд гирифт, аз ҷумла аз ҳамаи мансабҳо, нафақаҳо ва дигар марҳаматҳои шоҳ маҳрум карда мешаванд.

6-уми феврали соли 1900 бори аввал дар ҷаҳон сигнали радиофонии хатари баҳрӣ фиристода шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ин рӯз, дар наздики ҷазираи Лавансарии Финландия яхе, ки 50 моҳигир рӯйи он буданд, пора шуд ва онҳоро ба баҳр бурд. Киштии яхшикани “Ермак” барои наҷоти моҳигирон ирсол гардид. Яхшикан фавран ба баҳр баромада, моҳигиронро бомуваффақият наҷот дод. Аввалин паёми радиофонии сигнали хатарро дар ҷаҳон олими рус Александр Попов ирсол кардааст.

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии бидуни телефонҳои мобилӣ таҷлил мегардад. Ҷонибдорони он ба одамон пешниҳод мекунанд, ки дар бораи фоида ва зиёни телефони мобилӣ андеша кунанд. Ҳарчанд алоқаи мобилӣ зиндагии моро осон кардааст, вале ҳамзамон мушкилоти зиёдеро низ эҷод кардааст.

Бовар меравад, ки идеяи баргузории “Рӯзи бидуни телефони мобилӣ” ба рӯзноманигор ва нависандаи фаронсавӣ Фил Марсо тааллуқ дорад, ки ӯ онро соли 2001 пешниҳод карда буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Оё шумо метавонед, ҳатто барои як рӯз аз телефони мобилӣ даст кашед?

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -3+2º, дар водиҳо шабона -2+3º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 9-11º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан шиддат мегирад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона -1+4º, дар  доманакӯҳҳо рӯзона -2+3º, дар водиҳо шабона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3º.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои абрнок, борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан ҳолатҳо шиддат мегирад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -2+3º, дар водиҳо шабона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 2+7º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 1-6º сард, дар баъзе минтақаҳо то 10-12º сард, дар ғарби вилоят шабона 4-9º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, дар шарқи вилоят шабона 17-22º сард, дар баъзе минтақаҳо то 32-34º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  абрнок пешгӯӣ шуда, борон ва барф борида, баъзан ҳолатҳо бошиддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 1+3º гарм, шабона 0+2º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, баъзан ҳолатҳо борон меборад. Ҳарорат:рӯзона 3+5º гарм, шабона -1+1º.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 1+3º гарм, шабона 0+2º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, баъзан ҳолатҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 1+3º гарм, шабона 6-8º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 6 ба 7-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз ҳабси Рухшона Ҳакимова як сол гузашт. Фарзандонаш чӣ ҳол ва волидону вакили дифоаш чӣ тасмим доранд?

0

Имрӯз, 5-уми феврал аз эълони ҳукми Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори тоҷик, ки соли 2025 бо ҳукми додгоҳ бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ба муддати 8 сол равонаи зиндон шуд, як сол гузашт. Давоми ин муддат, ҳам созмонҳои байналмилалӣ, ҳам пайвандон ва ҳам вакили дифои ӯ ба унвони мақомоти дахлдор, аз ҷумла раисҷумҳур ва Додситонии кул нома навишта, бозбинии ҳукмро хостаанд, аммо то ҳол натиҷае ҳосил нашудааст.

Дар баробари ин, созмонҳои рӯзноманигорӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи инсон ҳам борҳо аз мақомоти Тоҷикистон бозбинии ҳукми Рухшона Ҳакимоваро хостанд. Аз ҷумла, Созмони байналмилалии Гузоришгарони бидуни марз (RSF), Дидбони ҳуқуқи башар (HRW)  ва Эътилофи байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар (The Observatory for the Protection of Human Rights Defenders)  ҳукми 8 соли зиндони Рухшона Ҳакимоваро маҳкум карда, аз мақомоти Тоҷикистон озодии ӯро талаб карданд.

Номаи бонувони рӯзноманигори тоҷик ба унвони раисҷумҳури кишвар ҳам барои аз зиндон раҳо шудани Рухшона кумак накард. Ӯ ҳоло дар зиндони занонаи шаҳри Норак аст. Ду фарзанди хурдсоли ӯ бо шавҳараш ва волидонаш калон мешаванд.

Хонаводаи Рухшона Ҳакимова имрӯз дар пойтахти кишвар, дар хонаи иҷора зиндагӣ доранд. Ду кӯдаки ноболиғаш хумори дурии модар мекашанд ва бо дидани аксҳои ӯ ва дидоре, ки моҳе як бор муаяссар мешавад, оташи пазмониашонро андаке хомӯш мекунанд.

Ягона суоле, ки то ҳол пайвандонаш пайваста такрор мекунанд ва посух наёфтаанд, ин аст, ки “ҷурми Рухшона чӣ буд?”.

 

МЕДИА (YOUTUBE)

“Ягона умедам ба шумост”. Номаи Рухшона ба Эмомалӣ Раҳмон

Ахиран, нусхаи мактуби худи Рухшона Ҳакимова ба унвони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар, ки аз зиндон навиштааст, дастраси “Азия-Плюс” шуд. Ӯ дар он мактуб аз раисҷумҳури кишвар хостааст, ба қазияаш расидагӣ кунад.

Рухшона дар мактуб менависад, ӯ барои он маҳкум шуд, ки гӯё ҳамчун рӯзноманигор дар иртибот ба муносибатҳои Тоҷикистону Чин бо 30 таҳлилгару журналисти Тоҷикистон мусоҳиба анҷом дода, “маълумотеро, ки ба сирри давлатӣ мансуб будааст, ба яке аз давлатҳои хориҷа фиристодааст”.

Дар номаи худ вай таъкид кардааст, ки дар мусоҳибаҳо вобаста ба “кӯмакҳои байналмилалии Хитой” танҳо фикри шахсии коршиносон пурсида шуда, бо ягон нафари онҳо дар бораи маълумоти дорои сирри давлатӣ суҳбат нашудааст.

Рухшона зикр мекунад, ки ташкилоти “Барометр”, ки бо ӯ шартномаи кутоҳмуддат дошт, ба рӯйхати ташкилотҳои фаъолияташон мамнуъ дар Тоҷикистон ворид нашудааст ва дар рафти тафтишот низ “аз ташкилоти хориҷӣ супориши махсус гирифтани ӯ вобаста ба ҷамъ намудани маълумоти дорои сирри давлатӣ исбот нашуд”.

“Дар хулосаи эксперт аниқу мушаххас нишон дода нашудааст, ки маҳз кадом гуфтаҳои респондентон сирри давлатиро ошкор кардаанд”, – менависад Рухшона.

Ба гуфтаи ӯ, коршиносоне, ки вай бо онҳо мусоҳиба анҷом дод, дар ягон мақоми қудратии Тоҷикистон фаъолият намекунанд ва танҳо ақидаи шахсии худро баён кардаанд.

Номбурда аз президент имдод хостааст, ки қазияашро бевосита пайгирӣ намуда, “ҳақро ба ҳақдор расонад”.

“Ягона умедам ба шумост”, – хостааст ӯ аз президенти кишвар.

Баъди навиштани ин мактуб, аз Додситонии кулли кишвар ба волидони Рухшона Ҳакимова посух омадааст, ки ҳукм қонунӣ буда, барои бекор кардан ё тағйир додани он асос мавҷуд нест.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Муҳокимаи одилона ва беғаразонаи додгоҳӣ таъмин карда шавад”

Ҳамчунин, баъди як моҳи эълони ҳукми додгоҳ, Созмони таҳқиқотии “Барометр” (Central Asia Barometer Canada) дар робита ба парвандаи Рухшона Ҳакимова ба Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон нома навишта, бознигарии ҳукми ӯро хостааст.

Дар нусхаи номае, ки ба дасти мо расид, Татяна Волкова, директори ин созмон гуфтааст, воқеан бо Рухшона Ҳакимова 21-уми январи соли 2024 шартнома баста шуд, аммо “вазифаи ӯ танҳо дар ҷустуҷӯи посухдиҳандагон аз се соҳаи фаъолият ва анҷом додани мусоҳибаҳо тибқи саволномаи аз ҷониби гурӯҳи илмӣ тасдиқшуда маҳдуд мешуд”.

Бояд гуфт, ин таҳқиқот ҳанӯз нашр нашудааст.

Созмони осиёимиёнагии “Барометр” аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардааст, “агар парвандаи Рухшона Ҳакимова воқеан бо ҳамкории кӯтоҳмуддати ӯ бо ин созмон вобаста бошад, қазия аз нав баррасӣ шуда, муҳокимаи одилона ва беғаразонаи додгоҳӣ таъмин карда шавад”.

 

“То замоне, ки озод нашавед, мубориза мебарем”

Поёни моҳи декабри соли 2025, замоне ки ҳама ба таҷлили Соли нав омодагӣ медиданд Созмони байналмилалии “Гузоришгарони бидуни марз” аз рӯзноманигорони зиндонишуда, аз ҷумла, Рухшона Ҳакимова ёдовар шуда, гуфт, “муборизаро барои озодии рӯзноманигорон ва озодии сухан дар саросари ҷаҳон бо азми боз ҳам қавитар идома хоҳад дод”.

“Мо аз ҳукуматҳо талаби масъулият мекунем, ба додгоҳҳо аз уҳдадориашон ёдрас мешавем. Мо то замоне, ки шумо озод нашавед ва натавонед дубора ба кори худ баргардед, мубориза мебарем”, – навиштааст ин созмон.

Имрӯз, 5-уми феврал бори дигар Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла “Гузоришгарони бидуни марз” аз Рухшона Ҳакимова ёд оварда, “ин ҳукми худсарона ва ноодилонаро маҳкум ва озодии фаврии ӯро талаб карданд”.

Аммо мақомоти Тоҷикистон то ҳол ба он вокуниш накардаанд.

 

“Барои озодиаш талош мекунем”

Бино ба охирин маълумоти дастраскардаи “Азия-Плюс” пайвандон ва вакили дифои Рухшона тасмим доранд, барои таъмини адолат ва муҳокимаи одилонаи парванда ба Шурои Созмони милали муттаҳид (СММ) оид ба ҳуқуқи башар муроҷиат кунанд.

Туроб Дилаев, вакили дифои Рухшона Ҳакимова гуфт, Рухшона иттиҳомро напазируфтааст ва бо вуҷуди он ки талошҳояш барои озодии ӯ то ҳол натиҷае надодаанд, ҳанӯз аз мубориза даст накашидааст.

“Ба президенти кишвар ва Додситонии кулл такроран нома менависем ва барои озодиаш талош хоҳем кард”, – мегӯяд ӯ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар Тоҷикистон зиёда аз 150 сиккаи асри яки мелодӣ бозёфт шудааст

0

Аввали соли 2026 дар ноҳияи Шаҳритус беш аз 150 сиккаи мисини аҳди Кӯшониён бозёфт шудааст, ки ба асри якуми милодӣ марбут аст. Дар ин бора Қобилҷон Хушвахтзода, президенти Академияи миллии илмҳо (АМИТ) имрӯз, 5-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин ганҷина аз ҷониби як сокини маҳаллии ноҳияи Шаҳритус ҳангоми анҷом додани корҳои рӯзмарраи хоҷагидорӣ тасодуфан кашф гардидааст. Ӯ зимни иҷрои корҳои заминдорӣ ба як кӯзачаи сафолӣ дучор омада, дар дохили он шумораи зиёди сиккаҳои зангзада дарёфтааст.

“Дар натиҷа, гурӯҳи таҳқиқотӣ ба ноҳияи Шаҳритус сафарбар гардида, ганҷинаи мазкур ба АМИТ интиқол дода шуд”, – гуфт Хушвахтзода.

Абдувалӣ Шарифзода, яке аз сиккашиносони тоҷик, зимни нишасти хабарӣ, ин сиккаҳоро рӯнамоӣ карда, гуфт, дар натиҷаи омӯзиши ибтидоӣ муайян гардид, ки ганҷина, зиёда аз 150 сиккаҳои мисии аҳди Кӯшониёнро дар бар мегирад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдувалӣ Шарифзода

“Аксари сиккаҳои ёфтшуда ба асри якуми милодӣ мансуб буда, бо фармони шоҳаншоҳи кӯшонӣ Вима Такту кӯбида шуда, таърихи 2000-сола доранд”, – гуфт сиккашиноси тоҷик.

Ба қавли ӯ, ҳоло Рустам Бурҳонов ва Мануҷеҳр Раҳмонов, тармимгарони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ корҳои поккорӣ ва барқарорсозии ҳолати аслии сиккаҳоро анҷом медиҳанд. Баъди анҷоми ин марҳила, таҳқиқоти ҳамаҷонибаи илмии ганҷина идома хоҳад ёфт.

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


“Бешубҳа, омӯзиши амиқи ин бозёфти нодир метавонад саҳифаҳои нави таърихи давлатдорӣ, иқтисод ва фарҳанги моддии ниёгони тоҷиконро равшан намояд. Пас аз анҷоми таҳқиқоти пурра, натиҷаҳои илмии он дар шакли мақолаи илмӣ ва нашрияҳои тахассусӣ ба табъ хоҳанд расид. Ганҷинаи мазкур дар Осорхонаи тамаддуни ориёии Конуни тамаддуни ориёӣ ба намоиш гузошта хоҳад шуд”, – омадааст дар маълумотномаи АМИТ.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон пештар ҳам чандин ашёву гӯшвору дигар олоти даврони Кӯшониён кашф шудаанд. Аз ҷумла, моҳи июни соли 2025 хабари бозёфти гӯшвораи тиллоие расонаӣ шуда буд, ки мувофиқи маълумоти муқаддамотӣ, ба давраи давлатдории Кӯшониён мансуб аст. Онро бостоншиносони “Осорхонаи миллӣ”-и Тоҷикистон аз ҳудуди ёдгории Ҳалқаҷари деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросон пайдо карда буданд.

Давлати Кӯшониён ё Шоҳаншоҳии Кӯшонӣ яке аз империяҳои бузурги қадимӣ дар Осиёи Миёна буд, ки тахминан дар асрҳои I–III милодӣ вуҷуд дошт. Он сарзаминҳои васеъ аз Туркистони Шарқӣ то Ҳиндустони Шимолӣ, Афғонистон, Эрон ва Покистонро фаро гирифта буд.

Вима Такту бошад, яке аз шоҳони давлати Кӯшониён буд, ки тахминан дар солҳои 35-65 милодӣ ҳукмронӣ кардааст. Ин давра ба охири асри I мувофиқ меояд ва ӯ пас аз Куҷула Кадфиз ба тахт нишаст, пас аз ӯ писараш Вима Кадфиз ба маснадаш омад.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

“Онҳо қаллоб ва ҷинояткор ҳастанд”. Баҳси фурӯши як хона ба чанд кас ва сохтани ошёнаҳои берун аз нақша дар нишасти хабарии шаҳрдории Душанбе

0

Сохтмони биноҳои нотамом, фурӯши як хона ба чанд нафар, шинохти ширкатҳои “қаллоб” ва сохтмони ошёнаҳои иловагӣ ё аз нақша берун, аз ҷумлаи мавзуҳое буд, ки имрӯз, 5-уми феврал дар нишасти матбуотии шаҳрдории Душанбе ба баҳс кашида шуд.

Аз ҷумла, Бахтиёр Шарифӣ, муовини шаҳрдории Душанбе ба чанд нафар фурӯхтани як хона аз сӯи бархе ширкатҳои бинокоронро кирдори “нанговар” хонда, гуфт, ки масъалаи мазкур таҳти назорати худи шаҳрдори Душанбе қарор дорад.

Ӯ зикр кард, ки ба хотири такрор нашудани чунин кирдорҳо минбаъд, дар ҳамаи биноҳои баландошёнаи пойтахт QR-рамзҳо насб мешаванд, то сокинон дар мавриди ширкатҳои бинокор маълумот гиранд.

“Дар ҳақиқат чунин ҳолат дида мешавад ва ин ҳолати нанговар аст, ки баъзе соҳибкорон дидаю дониста як хонаро ба 3-4 кас ба фурӯш мегузоранд. Онҳоро мо соҳибкор ҳам гуфта наметавонем, онҳо қаллоб ва ҷинояткор ҳастанд”, – таъкид кард муовини шаҳрдор. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бахтиёр Шарифӣ

Бахтиёр Шарифӣ илова кард, ки “марҳала ба марҳала ширкатҳое, ки дар фаъолияташон ба фиребгарӣ даст мезананд, муайян карда, бо онҳо ҳамкорӣ намекунанд".

“Хато аз ҷониби худи шаҳрвандон низ дида мешавад, агар камтар нархи арзонро бинем, кӯшиш мекунем, ҳарчӣ зудтар онро харидорӣ кунем. Он чизе, ки арзон аст, беиллат нест”,-изҳор дошт Шарифӣ.

Баҳсу шикояти сокинони Душанбе бо ширкатҳои бинокор вобаста ба ҳолатҳои қаллобӣ ва як хонаро ба чанд нафар фурӯхтани ширкатҳо зуд-зуд расонаӣ мешавад. Ҳамчунин дар вақти муайяншуда насохтани бино, бо обу барқ таъмин набудани он, насб нагардидани осонбар аз мушкилоти умдаи шаҳрвандон мебошад, ки ҳалли худро наёфтааст.

Чанд рӯз пеш Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон низ дар нишасти матбуотии ниҳоди зери роҳбариаш тасдиқ кард, ки баъзе ширкатҳои бинокор воқеан шаҳрвандонро фиреб дода ва шартномаҳои басташударо инкор мекунанд.

Мирзозода дар пайванд ба шикояти сокинон аз кори ширкатҳои бинокор изҳор дошт, ки барои пеш наомадани мушкил ҳангоми хариди хона дар “нотариус” шартнома банданд.

 

“Ҳолати аз нақша берун бунёд кардани  ошёнаҳо дар биноҳои истиқоматӣ ошкор нашудааст”

Ин мавзӯ низ дар нишатси нишасти хабарии шаҳрдорӣ баҳс шуд ва Самӣ Азизиён, сармеъмори пойтахт дар посух ба хабарнигорон гуфт, ки дар 5- соли охир дар пойтахт ягон ҳолати аз нақша берун бунёд кардани ошёнаҳо дар биноҳои истиқоматӣ ошкор нашудааст.

Ӯ гуфт, ки “5 ҳолати аз нақша берун сохтани ошёнаҳо дар миёни ширкатҳои бинокор аз солҳои қаблӣ ба қайд гирифта шудааст”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Самӣ Азизиён

Сармеъёмори шаҳр илова кард, ҳоло дар шаҳри Душанбе сохтмони беш аз 1 ҳазору 600 иншоот идома дошта, соли гузашта 327 қарори дахлдор шаҳрдори пойтахт дар бораи сохтмони иншооти баландошёна ба имзо расидааст.

Тибқи маълумоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмон соли 2025-ум дар кори 1 ҳазору 288 ширкати бинокор 7 ҳазору 331 камбудӣ ошкор шуда, онҳо дар умум 547 ҳазору 350 сомонӣ ҷарима шудаанд. Аз ҷумла соли гузашта 72 ширкати бинокор бе хулосаи ташхиси давлатӣ, сохтмони иншоотро оғоз кардаанд.

Бояд гуфт, ки ҳудуди 4 сол пеш, Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе талабот ба иҷрои корҳои сохтмонро сангинтар кард, то ки ба интихоби ширкати арзанда, ҳимоя аз ҳиссагузорону моликон ва пешгирии муҳлати тӯлонӣ давом додани корҳои сохтмон мусоидат кунад. Аммо тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ин иқдом низ  мушкилиҳо дар ин самтро пурра ҳал карда натавонист.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Starlink” аз дастрас шудани интернеташ дар Тоҷикистон хабар дод

0

“Интернети баландсуръати Starlink акнун дар Тоҷикистон дастрас аст”, – навиштааст ин ширкат дар Х.

Моҳи октябри соли 2025 дар доираи Ҳамоиши байнулмилалии сармоягузории “Dushanbe Invest–2025”, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо ширкати “Starlink Tajikistan” (SpaceX) дар бораи оғози кори "Starlink" дар кишвар шартномаи литсензионӣ ба имзо расонида буд.

"Starlink" ин шабакаи ҷаҳонии алоқаи моҳвораӣ барои таъмини интернети баландсуръат дар ҳар гӯшаи ҷаҳон аст.

Пас аз имзои шатрнома, Бахтовар Абдусатторзода, мудири кулли ҶСК “Тоҷиктелеком” гуфта буд, ки ҳамаи шартҳои пешниҳоди хадамот ва фаъолияти шабакаи "Starlink" дар кишвар дар бандҳои дахлдори шартнома зикр шуда, бо санадҳои меъёриву ҳуқуқии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ӯ он замон зикр карда буд, ки ин шартнома дар навбати аввал ҷиҳати насби сокинони ноҳияҳои дурдасту душворгузар ва наздимарзии кишвар ба интернети моҳвораӣ, ки бунёди зерсохтори маъмулӣ (шоҳроҳҳо, нахҳои нурӣ) дар ин ҷойҳо бо сабаби мавзеи кӯҳӣ ва зичии аҳолӣ душвор аст, равона шудааст. Аз ҷумла, муассисаҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ – мактабу бемористон, мақомоти маъмурии деҳот.

Дар робита ба таъсир ба нархи интернет гуфта буд, ки он ба арзиши умумии интернет дар кишвар мустақиман таъсир намерасонад.

“Қобили зикр аст, ки технологияҳои алоқаи моҳвораӣ бо назардошти таҷҳизот нисбат ба шабакаҳои анъанавӣ гаронтаранд, лекин ба туфайли гуфтушунидҳои барпошуда, арзиши таҷҳизот ва таърифаҳо (тарифҳо) вобаста ба воқеъияти минтақавӣ муайян карда мешаванд”, – зикр карда буд Бахтовар Абдусатторзода.

Ба қавли ӯ, дар бисёре аз кишварҳо операторони глобалии беруна ба мисли "Starlink" тавассути шарики миллӣ – ширкати давлатӣ ё оператори миллии алоқа кор мекунанд. Дар ҳолати Тоҷикистон ин ҶСК “Тоҷиктелеком” мебошад.

“Чунин модел ба давлат ҷиҳати назорати трафик, таъмини бехатари киберӣ, танзими таърифаҳо ва риояи қонунгузории миллӣ имкон медиҳад. Имзои ҳамаи созишномаҳои тиҷоратӣ бо провайдерон ба воситаи “Тоҷиктелеком” сурат мегиранд. Ин назорат ба сифати хидматрасониҳо, сиёсати таърифаҳо, тақсими хатҳои гузариш ва масоили амнияти миллиро таъмин мекунад”, – гуфта буд ӯ.

Аз “Тоҷиктелеком” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар наздиктарин фурсат, маълумот дар бораи тарофаҳо, аз ҷумла нархи онҳоро пешниҳод мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.