“Ҳуқуқи кӯдакон поймол мешавад”. Шарҳи аз таҳсил дур мондани кӯдакон дар Русия

0

Як намояндаи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз таҳсил дур мондани фарзандони муҳоҷирон дар Русия ва баргаштани 9 ҳазор хонандаи тоҷик аз ин кишварро боиси нигаронӣ хонда, гуфт, баъзе ҳуқуқҳои кудак, пеш аз ҳама ҳуқуқ ба таҳсил дар ин кишвар поймол мешаванд.

Ин нуктаро Суҳайлӣ Қодирӣ, сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон рӯзи 9-уми феврал дар нишасти хабарӣ зикр кард.

Қаблан Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар дар нишасти хабарии ниҳоди роҳбарикунандааш дар ин бора иттилоъ дода, гуфта буд, ки 9 ҳазор кӯдаки баргардонидашуда дар Тоҷикистон “ба таҳсил фаро гирифта шудаанд”.

Ба қавли Суҳайлӣ Қодирӣ, ин теъдод хонандаи тоҷик, ки соли 2025 аз Русия ба кишвар баргардонида шуданд, баъди супоридани имтиҳон ва дубора қабул нашудан ба мактабҳои Русия ба Тоҷикистон оварда шудаанд.

Ӯ бозгардонидани ин миқдор хонандаи тоҷикро боиси нигаронии амиқ номида, далели онро ба якчанд тайғироте рабт дод, ки ахиран ба қонунгузории Русия ҳам дар соҳаи муҳоҷират ва ҳам дар соҳаи маориф ворид шуданд.

Ба қавли ӯ, дубора қабул нашудани хонандагони тоҷик ба макотиби Русия ба тағйироти қонунгузории ин кишвар дар самти маориф, ки “ҳам шумораи муайяни кӯдакон дар як синф ва ҳам сатҳи донистани забони русиро танзим мекунад, вобаста аст”.

“Якчанд ҳуқуқҳои кӯдак, пеш аз ҳама ҳуқуқи кудак ба таҳсил вайрон мешавад. Мо дар тамоми вохӯриҳое, ки бо ҷониби Русия дорем, аз уҳдадориҳои давлат дар самти амалисозии ҳуқуқи кудак ҳамеша ёдоварӣ мекунем, ки бояд амалӣ шаванд”, – изҳор дошт ӯ.

Ба қавли ӯ, хатари дигари ин раванд аз оила дур шудани кӯдак аст. Зеро агар кӯдакон дар макотиби Русия ба таҳсил фаро гирифта нашаванд, эҳтимоли ба кишвар баргардонидани онҳо зиёд мешавад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Суҳайлӣ Қодирӣ

“Мутаносибан, дар пайи ин, эҳтимолияти ба кишвар баргаштани падару модар низ зиёд мешавад, ки метавонад бинобар наёфтани ҷойи корӣ мушкили молиявию иҷтимоӣ ба миён орад”, – таъкид кард ӯ.

Ба ишораи ӯ, агар падару модар ба кишвар барнагарданд, хатари аз оила дур мондани кӯдакон пайдо мешавад.

“Ҳеҷ як кудаки тоҷик, гарчанд дар берун аз кишвар аз таҳсил дур монда бошад, дар сатҳи миллӣ дар Тоҷикистон аз таҳсил берун монда наметавонанд. Ҳоло ягон мушкил дар самти ҷобаҷокунии онҳо дар кишвар вуҷуд надорад”, – гуфт ӯ.

Аммо, ба таъкиди ӯ, новобаста аз ин, мушкилоти алоҳида ҳанӯз дар Русия боқӣ мемонад.

Гуфта шуд, ки ҳоло имкони баррасӣ ва ё пешниҳод ба Русия дар ин самт вуҷуд надорад, зеро аллакай ин тағйирот дар қонунгузории Русия ворид шудааст.

“Ин мушкилот боқӣ мемонад. Минбаъд инҳо марҳила ба марҳила ҳамин низомро танзим карданианд, аз ҷумла бо назардошти хориҷ кардани онҳо аз низоми таҳсил”, – таъкид кард ӯ.

Бояд гуфт, омори дақиқи кӯдакони тоқик, ки дар Русия қарор доранд, маълум нест.

Вазири маорифи кишвар ҳам дар нишасти хабарии охир аз таҳсил дур мондани фарзандони муҳоҷирон тоҷик дар Русияро нигаронкунанда гуфта буд. Дар ҳамин ҳол, ӯ баъзе мушкилеро, ки ҳангоми дар ватан ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакони аз Русия баргашта пеш омад, зикр кард.

Аз ҷумла, вазир гуфта буд, як хонанда, “масалан, дар Тоҷикистон синфи 7-ро хатм мекунад ва ба Русия мераваду онҷо ба таҳсил фаро гирифта намешавад ва вақте баъди 1-2 сол бармегардад, мехоҳад таҳсилро дар синфи 8 ё 9 давом диҳад, ки ин имкон надорад”.

Бояд гуфт, баъди қабули қонун дар бораи санҷиши сатҳи забондонии фарзандони муҳоҷирон пеш аз қабул ба мактабҳои ин кишвар, ҳазорҳо кӯдакон аз таҳсил дур монданд. Худи муҳоҷирон низ мегӯянд, ки дар баъзе аз макотиби манотиқи Русия бо баҳонаи надонистани забони русӣ кӯдаконашонро ба мактаб қабул намекунанд.

Ин тасмими мақомоти Русияро баъзе аз равшанфикрон ва мансабдорони ин кишвар ҳам интиқод карданд. Аз ҷумла Рустам Миннихонов, раиси Ҷумҳурии Тотористон гуфта буд, ки кӯдакон бояд аз таҳсил канор намонанд ва ба онҳо имкон фароҳам оварда шавад, ки дар мактаб бошанд. Ӯ зикр карда буд, ки кӯдакон тез забон меомӯзанд.

Аммо сарфи назар аз ин, қонун қабул ва мушкили муҳоҷирон боз бештар шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 феврали соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз Додгоҳи Олӣ (соати 10:00), Хадамоти гумрук (соати 10:00), Вазорати корҳои дохилӣ (соати 11:00), Вазорати адлия (соати 14:00) нишасти матбуотӣ доир карда, аз фаъолияти яксолаи худ назди хабарнигорон ҳисобот медиҳанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 12 ФЕВРАЛ

Соли 1958 – Ба шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) аввалин чархболи МИ-1 ворид гардид.

Соли 1990 – Ҳодисаҳои маъруф бо номи “Баҳманмоҳи хунин” оғоз гардиданд. Дар ин рӯз гурӯҳе аз мардум дар назди бинои Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ҷамъ омада, истеъфои роҳбарияти ҷумҳуриро талаб карданд. Тазоҳурот ба бетартибиҳо ва задухӯрдҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ табдил ёфт. Дар натиҷа чандин нафар кушта ва захмӣ шуданд. Барои барқарор кардани тартибот, дар шаҳр вазъияти фавқулода эълон гардид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин рӯйдодҳо ҳамчун оғози нооромиҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон дониста мешаванд, ки баъдан ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Баъзе таҳлилгарон бар он назаранд, ки ин ҳодисаҳо натиҷаи иғвоангезии гурӯҳҳои манфиатдор буданд, ки мехостанд вазъияти сиёсиро ноором созанд ва ба ҳадафҳои худ бирасанд.

Соли 2010 –  Дар Вашингтон аввалин машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Амрико баргузор гардид.

Соли 2011 – Дар Тоҷикистон барои аввалин бор технологияи 4G ба таври санҷишӣ фаъол гардид.

Соли 2018 – Мақомоти Душанбе қарор қабул карданд, ки сокинони биноҳои баландошёна наметавонанд либосҳои шусташударо дар пешайвонҳои кушод ва берун аз тиреза хушк кунанд.

Соли 2020 – Директори собиқи ширкати сохтмонии “Манзили дастрас” ба 21 соли зиндон маҳкум шуд. Панҷ шарики ӯ аз 8 то 16 сол ҳукм гирифтанд.

Соли 2021 – Руҳонии тоҷик Эшони Сироҷиддин ба 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд.

Соли 2022 – Мӯҳлати дубора сабти ном кардани симкортҳо бо шиносномаҳои нав дар Тоҷикистон дигарбора тамдид шуд. Ин мӯҳлат то 15 феврали 2023 эътибор дошт.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1463 – Мавлуди Фахруддин Алии Сафӣ, шоир, ориф ва нависандаи форс-тоҷик, писари Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва муаллифи “Латоифу-т-тавоиф”.

Фахриддин Алии Сафӣ нависанда, мутарҷим ва муаррихи машҳури асри XVI буда, дар Ҳирот ба дунё омадааст. Ӯ фарзанди Ҳусайн Воизи Кошифӣ буда, чун падараш олиму воиз, фақеҳу муҳаддис, муфассири Қуръон ва шоиру нависандаи тавонои замони худ ба шумор мерафтааст.

Яке аз осори маъруфи ӯ “Латоиф-ут-тавоъиф” мебошад, ки маҷмӯаи ҳикоёт ва латифаҳои таърихӣ буда, маълумоти арзишмандро дар бораи шахсиятҳои маъруфи замонаш гирд овардааст. Ин китоб манбаи муҳими омӯзиши таърихи фарҳанг ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ мебошад.

Соли 1919 – Мавлуди Бахтулҷамол Карамхудоев, ҳунарпешаи театр ва коргардони тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бахтулҷамол Карамхудоев

Соли 1936 аввалин театри касбии Помир таъсис ёфт ва Карамхудоев яке аз аъзоёни асосии он буд. Саҳми ӯ дар рушди театри Помир босазо арзёбӣ мешавад. Ӯ дар давоми фаъолияти худ зиёда аз 45 нақш офаридааст, аз ҷумла дар намоишномаҳои маъруфи “Қишлоқи тиллоӣ”, “Майсара”, “Макр ва муҳаббат”, “Оршин мололон” ва ғайра.

Ӯ аз соли 1944 ба коргардонӣ пардохта, беш аз 48 намоишнома ба саҳна гузоштааст.

Соли 1927 – Зодрӯзи Холмурод Шарипов, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, олим ва нависандаи тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Холмурод Шарифов

Ӯ  муддате ҷонишини мудири шуъбаи идеологияи КМ ҲК Тоҷикистон, муовини аввали вазири маданият ва солҳои 1968-1979 мудири шуъбаи маданияти КМ ҲКТ, раиси Кумитаи табъу нашри Тоҷикистон, солҳои 1990-1996 раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ, солҳои зиёд узви Кумитаи шӯравии ҳамдилии мамолики Осиёву Африқо, узви КМ ҲКТ, депутати Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 8-11) будааст.

Солҳои 1990-2002 раисии Кумитаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба адабиёт, санъат ва меъмориро бар уҳда дошт. Холмурод Шарипов 26-уми декабри соли 2017 аз олам чашм пӯшид.

Соли 1931 – Мавлуди  Муҳиддин Зоиров, ходими шӯравӣ, котиби якуми кумитаи вилоятии Бадахшони Кӯҳии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, вазири кишоварзии Тоҷикистони Шӯравӣ.

Соли 1961 – Мавлуди Азизи Азиз, нависандаи тоҷик, роҳбари шӯъбаи адабиёти бачагонаи Иттифоқи нависандагон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Азизи Азиз, ки ҳамчун нависандаи бачагон маъруфият дорад, зодаи ноҳияи Деваштич буда, Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷандро хатм кардааст. Ӯ солҳо ҳамчун омӯзгор ва баъдтар ҳамчун муҳаррир дар ҳафтаномаву маҷаллаҳо фаъолият намудааст. Ҳоло роҳбари шӯъбаи адабиёти бачагонаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Ӯ асосан барои бачаҳо эҷод мекунад. Гулчини офаридаҳояш дар китобҳои “Афсона ва ҳикояҳо”, “Хандонак”, “Қиссаи пирамарди тоҷик ва сарлашкари муғул”, “Фил аз чӣ метарсад?”, “Афсонаи тарс”, “Ҷануб кадом тараф аст?” ба чоп расидаанд.

Азизи Азиз аз нависандагонест, ки аз китобу адабиёт пайваста ҳимоят мекунад ва ошкоро аз дурӣ аз китобу кам шудани таваҷҷуҳ ба он андешаҳояшро изҳор доштааст. Аз ҷумла, борҳо бо расонаҳо пиромуни китоб, адабиёти кӯдакона ва китобу китобхонӣ дар кишвар суҳбат кардааст. "Азия-Плюс" низ соле пеш дар ҷамъбасти ҳафтаи китоби кӯдакона бо ӯ суҳбат ва матлаб нашр карда буд, ки дар матлаби “Рақс ҳаст, суруд ҳаст, аммо китоб нест”. Адабиёти кӯдакона дар Тоҷикистон бо кадом мушкилот рӯбарӯст? мутолиа кунед.

“Азия-Плюс” соли 2024 оид ба кору пайкори Азизи Азиз ба муносибати 64-солагиаш мусоҳиба анҷом дод, ки дар ин пайванд метавонед хонед.

Соли 1967 – Зодрӯзи Маҳмаддовуд Саломиён (Саломов), адабиётшинос ва ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Маҳмаддовуд Саломиён

Маҳмаддовуд Саломиён ҳоло ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, қаблан дар вазифаҳои роҳбарикунандаи самти таълиму адабиёт кор кардааст.

Ӯ хатмкардаи ДМТ буда, аз соли 1995 дар ҳамин донишгоҳ ҳамчун омӯзгор ба фаъолият пардохтааст. Солҳои баъдӣ, аввал муовини декани факултети филология, мудири кафедраи таърихи забон ва типология ва аз соли 2008 декани ин факултет буд.

Ӯ муаллифи китобҳои “Ифодаи маҷоз дар ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ”, “Машқи хатти арабиасоси тоҷикӣ (дастури таълимӣ), “Орифаи дарёдил” аст.

Соли 1974 – Зодрӯзи Ашӯрбой Солеҳзода, собиқ ректори Донишкадаи молия ва иқтисод ва ёрдамчии  пешини президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ашӯрбой Солеҳзода

Фаъолияти Солеҳбой Ашурзода аз Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон оғоз шуда, дар ин даргоҳ аз ассистент то муовини декан кор кардааст.

Ӯ соли 2013 аввал муовини ректор оид ба илми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз моҳи декабри соли 2013 ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон буд. Аз соли 2017 ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ буд. Ахиран ӯ дар вазифаи муовини аввали вазорати рушди иқтисод ва савдо кор мекард.

Соли 1986 – Мавлуди Ҷаҳон Қурбонов, муштзани маъруфи тоҷик.

Соли 1988 – Зодрӯзи Дилшод Восиев, собиқ футболбози тими миллии футболи Тоҷикистон.

Соли 1984 – Абдулаҳад Қаҳҳоров, ходими ҳизбӣ ва давлатӣ, раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистони Шӯравӣ дар синни 70-солагӣ аз олам даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдулаҳад Қаҳҳоров

Абдулаҳад Қаҳҳоров баъди хатми Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод ва курси яксолаи бозомӯзии коркунони роҳбарикунандаи ҳизбию шӯравӣ фаъолияти кориашро ҳамчун нозири шуъбаи меҳнати округи Қӯқанд оғоз карда, минбаъд дар вазифаҳои котиби Кумитаи комсомолии ноҳияи Панҷакент, мудири шуъбаи ноҳиявии “Тоҷиктранс”, ҷонишини раиси кумитаи иҷроияи шаҳри Панҷакент ва кумитаҳои ҳизбӣ фаъолият кардааст.

Шурӯъ аз соли 1956 дар вазифаҳои ҷонишини раиси Шӯрои вазирон ва ҳамзамон раиси Кумитаи давлатии банақшагирии ҶШС Тоҷикистон фаъолият кард.

Солҳои 1961-1973 раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон буд.

Абдулаҳад Қаҳҳоров 12-уми феврали соли 1984 дар 70-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии илм ва инсонгароӣ ё Рӯзи Дарвин таҷлил мешавад. Ин сана ба рӯзи таваллуди олими машҳури англис, табиатшинос Чарлз Дарвин рост меояд. Ин рӯз на танҳо барои қадрдонии кашфиёти Дарвин, балки барои таблиғи илм ва арзишҳои инсонӣ ҷашн гирифта мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз зодрӯзи Авраҳам Линколн, 16-умин президенти ИМА (1861-1865) ва аввалин президенти ҳизби ҷумҳурихоҳ (1854) аст. Линколн яке аз бузургтарин шахсиятҳои сиёсӣ дар таърихи ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Акси ӯро метавон дар доллари амрикоӣ дид ва номи ӯро як ширкати автомобилсозӣ низ истифода мебарад.

Яке аз дастовардҳои асосии ӯ барҳам додани ғуломдорӣ буд, ки қадами муҳиме дар таъмини озодии воқеии инсон ба ҳисоб мерафт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Рӯзи байналмилалии агентиҳои ақди никоҳ низ ҳамасола 12 феврал таҷлил карда мешавад. Ин ҷашн бори аввал 1 декабри соли 2010 дар Департаменти моликияти зеҳнии Вазорати маориф ва илми Украина ба қайд гирифта шуда, аз ҷониби агентиҳои ақди никоҳи ИМА, Канада, Олмон, Фаронса, Италия, Испания, Швейтсария ва Русия дастгирӣ ёфт.

Мақсади ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба фаъолияти агентиҳои ақди никоҳ ва густариши хизматрасониҳои онҳо мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои водию доманакӯҳӣ борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 0+5º гарм, дар водиҳо шабона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар  доманакӯҳҳо рӯзона 7+12º гарм, дар водиҳо шабона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 3+8º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо баъзан борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф борида, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо шиддат мегирад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -1+4º, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят шиддат мегирад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 0-5º сард, дар баъзе минтақаҳо то 8-10º сард, дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе минтақаҳо то 26-28º сард. 

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 11+13º гарм, шабона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борон борида, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 10+12º гарм, шабона 3+5º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 5+7º гарм, шабона -1+1º.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 12 ба 13-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз аввалин ситорашинос то посдори забони тоҷикӣ. Корномаи бонувони тоҷик дар улум

0

11-уми феврал Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм таҷлил мешавад. Ин сана аз ҷониби Созмони милали муттаҳид барои баланд бардоштани нақши бонувон дар илм, бартараф кардани нобаробарии ҷинсӣ дар STEM (илм, фанноварӣ, муҳандисӣ ва риёзиёт), таъмини дастрасӣ ба таҳсил ва рушди касбии занону духтарон таъсис ёфтааст.

Дар Тоҷикистон заноне ҳастанд, ки дар самти илмии интихобкардаи худ муваффақ буда, дар таърихи илми кишвар ҷойгоҳи вижа доранд.

“Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки бо баҳонаи Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм аз чанде занони дар илм пешсафи тоҷик ёд оварад. Албатта, ин рӯйхати расмӣ нест ва танҳо дар пайи суҳбатҳо бо донишмандони кишвар таҳия шудааст.

 

Тоҷике дар сайёраи осмонӣ

Гулчеҳра Қоҳирова нахустин бонуи нуҷумшиноси тоҷик аст, ки сайёраи осмоние номи ӯро гирифтааст. Соли 2014 Иттиҳоди байналмилалии ситорашиносон барои саҳми ӯ дар илм, сайёраи хурдеро зери рақами 24533 бо номи "Kokhirova" номид.  Инчунин, ӯ аввалин зан дар Тоҷикистон аст, ки ҷоизаи асосии ИДМ – “Ситораҳои Иттиҳод”-ро барои дастовардҳои баландтарин дар соҳаи гуманитарӣ дар солҳои 2019 ва 2020 ба даст овардааст.

Аз Қоҳирова аввалин зани роҳбар дар таърихи Институти астрофизикаи Тоҷикистон ном мебаранд. Бо сарварии ӯ нахустин шабакаи болидӣ (шиҳоби калони дурахшон) дар кишвар, ки дар Осиёи Миёна низ аввалин дониста мешавад, таъсис ёфтааст. Инчунин солҳои 2014-2016 таҳти роҳбарии Қоҳирова Расадхонаи байналмилалии Санглох ва телескопи якметраи он барқарору навсозӣ шудаанд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Гулчеҳра Қоҳирова

Тадқиқоти илмии Қоҳирова ба ҷисмҳои хурди системаи Офтоб, хусусияти физикӣ ва динамикӣ, пайдоиш ва муносибати байни ин ҷисмҳо алоқаманд аст. Ӯ барои омӯхтани спектрҳои метеорҳо услуберо ба кор бурдааст, ки дар асоси он дар бораи таркиби миқдори моддаи метеорӣ натиҷаҳои нав ба даст омадаанд.

 

“Зани сол” дар Амрико

Муҳиба Яқубова, олими илмҳои биологӣ дар Тоҷикистон буда, соли 2004 аз ҷониби Институти биографии Амрико унвони “Зани сол”-ро соҳиб шудааст. Бо ташаббуси Яқубова соли 1974 нахустин маротиба дар кишвар ба кафедраи биохимия асос гузошта шудааст. Инчунин бо талошҳои ӯ, дар назди Академияи илмҳои Тоҷикистон “Маркази биология ва тибби инноватсионӣ” таъсис дода шуд, ки ба он ду лаборатория: бехатарии биологӣ ва тибби инноватсионӣ шомиланд. Соли 1995 бошад ӯ Анҷумани “Занони илми Точикистон”-ро таъсис додааст.

Фаъолияти илмии Яқубова асосан дар самти биохимия, биофизика, физиология ва генетикаи рустаниҳои кишоварзӣ буда, дар бораи танзими реаксияҳои биохимиявӣ ҳангоми фотосинтез таҳқиқот анҷом додааст. Ҳамчунин, дар бораи биохимияи рустаниҳо, тавсифи сохторӣ-вазифавии хлоропластҳои пахта, фотосинтез ва монандшавии азот дар пахта ва ғайра беш аз дусад кори илмӣ навиштааст. Яқубова маълум кардааст, ки чӣ тавр реаксияҳои химиявӣ дар растаниҳо ҷараён мегиранд ва чӣ гуна онҳо ба ҳосилнокӣ таъсир доранд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳиба Яъқубова

Бонуи пиряхшинос

Дилором Қаюмова аввалин зани пиряхшиноси тоҷик аст, ки соли 2018 дар экспедитсияи пиряхшиносӣ иштирок ва “Иттиҳодияи бонувони пиряхшинос”-ро дар Тоҷикистон таъсис додааст. Ҳоло дар ин Иттиҳодия 14 зан аъзо буда, 4 нафари онҳо аллакай дар экспедитсияҳо ширкат мекунанд.

Ба таъкиди Қаюмова, мақсади асосии иттиҳодия ҷалби занон ба таҳқиқот ва ҳифзи пиряхҳо аст. Аъзои он ҳар тобистон ба экспедитсияҳо мераванд ва нафаре ҳатто то ба баландии 5500 метр аз сатҳи баҳр баромадааст.

Қаюмова коршиноси гидрологияи изотопҳо буда, дар рушди илми криосфера дар кишвар саҳм гузоштааст. Ӯ дар тадқиқоти худ усулҳои муосири изотопӣ ва гидрохимиявиро барои омӯзиши пиряхҳо, қабати барф ва равандҳои ташаккули захираҳои об дар заминаи тағйирёбии иқлим истифода мебарад.

Самтҳои асосии фаъолияти ӯ татбиқ ва таҳияи усулҳои изотопӣ дар омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон аст. Тадқиқоти ӯ заминаи илмии мониторинги ҳолати пиряхҳо ва пешгӯии захираҳои обро дар шароити тағйирёбии иқлим ташкил медиҳад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дилором Қаюмова

Дар олами ихтироот

Миёни занони тоҷик ихтирокороне низ ҳастанд, ки дар сатҳи байналмилалӣ шинохташудаанд. Мубашира Раҳимова профессор ва доктори илмҳои кимиё аз зумраи чунин занон аст, ки дар чандин озмуну намоишҳои байналмиллалии ихтироъкорон иштирок карда, ба дастовардҳои зиёд ноил шудааст. Ӯ тӯлӣ фаъолияти беш аз 50-солаи худ дар самти ихтироъкорӣ дар ҳамдастӣ бо дигар ихтирокорон 43 ихтироъ дорад.

Барои ихтирооташ дар Суис ва Куриёи Ҷанубӣ нишони тилло ва дар Покистону Кувайт медали нуқра ба даст овардааст.

Ҳамзамон, ӯ нахустин зани тоҷик аст, ки бо дипломи “Беҳтарин зани ихтироъкор”-и Эрон ва шаҳодатномаи Индонезия қадрдонӣ шудааст. Гузашта аз ин, Раҳимова се маротиба (солҳои 2015, 2017 ва 2019) дар кишвар сазовори мақоми беҳтарин зани ихтироъкор шудааст.

Ҳамаи ихтирооти Раҳимова ба пайвастҳои комплексии металҳои микроэлементҳо бо тезобҳои органикӣ вобастагӣ доранд. Ба таъкиди ӯ, агар ихтирооти ӯ дар истеҳсолот ба роҳ монда шавад, хоҷагии қишлоқ ба маротиб рушд хоҳад кард.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мубашира Раҳимова

Посдори забон

Фарангис Шарифзода аввалин занест, ки дар таърихи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ ба мақоми роҳбарии ин муассиса расидааст. Ӯ доктори илмҳои филологӣ ва профессор буда, аз рӯзҳои нахустини роҳбариаш, дар назди Институт шуъбаи таҳқиқи забонҳои бостон, забонҳои бадахшонӣ ва яғнобиро таъсис дод.

Шарифзода, асосан, дар мавзӯъҳои вижагиҳои луғавию маъноӣ ва наҳвии осори асрҳои Х-ХІ таҳқиқоти илмӣ навиштааст. Аксари пажӯҳишҳои ӯ дар бораи сохтори наҳвии ҷумла дар осори се давраи рушди таърихи забон ва вижагиҳои луғавии асари тасаввуфии “Кашф-ул-маҳҷуб”-и Ҳуҷвирӣ, “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолуддини Балхӣ, “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва ашъори Рӯдакӣ аст.

Шарифзода чандест барои шабеҳсозии грамматикаи забони тоҷикии муосир бо суннатӣ ва аз байн бурдани хатоҳои дастурҳои нави таълимӣ мақолаҳои илмӣ ба чоп мерасонад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Фарангис Шарифзода

Бояд гуфт, бо талошҳои ӯ китоби дарсии “Забони паҳлавӣ” аз форсӣ ба хатти кирилӣ баргардон ва нашр шудааст. Ҳамчунин, Шарифзода муаллифи китобҳои дарсии забони давлатӣ барои синфҳои таҳсилашон бо забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва қирғизӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Афзоиши воридоту ҳаҷми ММД ва коҳиши таваррум. Нишондиҳандаҳои иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2025 чӣ гунаанд?

0

Дар соли 2025 ҳаҷми гардиши савдои Тоҷикистон 10,8 млрд доллар, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 176,9 млрд сомонӣ ва сатҳи таваррум 3,5% -ро ташкил додааст. Дар ин бора  Абдураҳмон Абдураҳмонзода, вазири рушди иқтисод ва савдо рӯзи 11-уми феврал дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Соли гузашта гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба 10 млрд 793 млн 100 ҳазор доллар баробар шудааст, ки ин назар ба соли 2024-ум 20,5% ё 1 млрд 838 млн 100 ҳазор доллар зиёд будааст.

Мисли солҳои қабл, Тоҷикистон нисбат ба фурӯш бештар харид кардааст ва воридот нисбат ба содирот қариб 5,8 млрд доллар зиёд будааст.

Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, соли гузашта воридоти молу маҳсулот 8 млрд 305 млн доллар ва содироти он 2 миллиарду 487,9 млн долларро ташкил додааст. Содирот нисбат ба соли 2024-ум 18,5%  ва воридот 27,7% афзудааст.

 

Бештар аз кадом кишварҳо воридот шудааст?

Соли гузашта ба Тоҷикистон бештар маҳсулоти маъданӣ (16,7%), мошину таҷҳизот (14,6%), фузулоти арзон ва маснуоти онҳо (11,6%), маҳсулоти тайёри озуқа (8,1%) ва маҳсулоти растанипарварӣ (6,4%) ворид шудааст.

Дар соли 2025 Чин бори аввал дар гардиши молу маҳсулот бо Тоҷикистон аз Русия пеш гузашт. Дар ин давра гардиши мол бо Чин 46% ва Русия – 25% афзудааст. Ҳаҷми савдо бо Чин беш аз 2,8 млрд доллар ва Русия – ҳудуди 2,4 млрд долларро ташкил додааст.

Ҳаҷми савдо бо Қазоқистон -1,1 млрд доллар, Ӯзбекистон – 718 млн доллар, Эрон – 483,9 млн доллар, Ҳолланд – 440,9 млн доллар, Туркия 412,9 млн доллар ва Швейтсария – 386 млн долларо ташкил медиҳад.

Соли 2025 Тоҷикистон дар умум бо 127 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 10 кишвари узви ИДМ ва 117 давлатои хориҷи дур молу маҳсулот додугирифт кардааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдураҳмон Абдураҳмонзода

Тоҷикистон бештар чиро содирот кардааст?

Аз Тоҷикистон дар ин давра бештар фузулоти арзон ва маснуоти он – 821,1 млн доллар, маҳсулоти маъданӣ – 806 млн доллар, фулузоти қиматбаҳо – 338,2 млн доллар, газвори насоҷҷӣ ва маснуоти он – 229,6 млн доллар ба хориҷа содирот шудаанд.

Маҳсулоти содиротиро асосан маъдану консентратҳо (24,8%), маъдани сурма (20,1%), фулузоти қиматбаҳову нимқиматбаҳо (13,6%), алюминии аввалия ва маҳсулот аз он (9,9%), нахи пахта (7,1%), қувваи барқ (5,7%), маҳсулоти кишоварзӣ (2,9%), мис ва маҳсулот аз он (2,4%), либосҳои гуногун ва бофташуда (1,8%), ангишт (0,9%) ва семент (0,6%) ташкил медиҳад.

 

Таваррум пасту ҳаҷми ММД зиёд шудааст

Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон соли гузашта 3,5%-ро ташкил додааст, ки ин назар ба соли 2024-ум 0,1 банди фоизӣ камтар будааст.

Ба гуфтаи Абдураҳмон Абдураҳмонзода, таваррум асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти озуқа – 4,5%, молҳои ғайриозуқа – 1,5% ва хидматрасонӣ – 5,7% ташаккул ёфтааст.

Инчунин, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон соли гузашта  176 миллиарду 900 миллион сомониро ташкил додааст, суръати рушди он ба 8,4%  баробар аст.

Вазири рушди иқтисод ва савдо мегӯяд, ки ҳаҷми иқтисоди миллӣ соли гузашта асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22,1%, кишоварзӣ 9,5%, гардиши савдо 13,9%, мусофиркашонӣ 10,9%, хидматрасонии пулакӣ 13,2%, боркашонӣ 15,2%, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 23% таъмин шудааст.

Бояд гуфт, ки пас аз поинравии рушди ММД дар соли 2020 (то 4,5%), тайи 5 соли ахир иқтисоди Тоҷикистон бино ба маълумоти расмӣ, бо суръати нисбатан баланди кофӣ рушд мекунад: 9,2% дар соли 2021-ум, 8% – дар соли 2022-юм, 8,3% – дар соли 2023-юм, 8,4% – дар соли 2024 -ум ва 8,4% – дар соли 2025-ум.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам зимни ироаи паёми ахири худ ба парлумон зикр карда буд, ки тайи 10 соли охир ҳаҷми ММД 3,4 баробар ва суръати миёнаи солонаи рушди иқтисод дар ин давра 7,6%-ро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Соли 2025 Тоҷикистон қариб $7 млрд сармояи хориҷӣ ҷалб кардааст

0

Соли 2025 Тоҷикистон қариб 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб кардааст, ки нисбат ба соли 2024 наздики 2 миллиард доллар ё 35,1 дарсад зиёд мебошад. Дар ин бора Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ имрӯз зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2025 воридоти сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон 6 миллиарду 925 миллиону 300 ҳазор долларро ташкил додааст, ки ин нишодиҳанда нисбат ба соли 2024 дар ҳаҷми 1 миллиарду 798 миллиону 600 ҳазор доллар зиёд мебошад.

Раҳимзода гуфт, дар ин давра воридоти сармояи хориҷӣ аз давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил 3 миллиарду 31 миллион доллар ё 43,8 дарсади ҳаҷми умумиро ташкил карда, нисбат ба соли 2024 дар ҳаҷми 1 миллиарду 67 миллион доллар ё 54,4 дарсад зиёд шудааст.

Раиси Кумита афзуд, воридоти сармояи хориҷӣ аз кишварҳои хориҷии дур 3 миллиарду 894 миллион доллар ё 56,2 фоиз аз ҳаҷми умумиро ташкил карда, дар муқоиса ба соли 2024-ум 731 миллиону 300 ҳазор доллар ё 23,1 фоиз зиёд шудааст.

 

МЕДИА (IFRAME)

“Бо мақсади ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию содиротии кишвар ва дар ин замина, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Кумита тибқи қарорҳои дахлдори ҳукумати Тоҷикистон 9 созишномаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 681,2 миллион доллар бо ташкили беш аз 3 ҳазору 778 ҷойҳои кории нав ба имзо расонида шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузориро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт дар бар мегирад”, – гуфт Султон Раҳимзода.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъкид кард, ки яке аз омилҳои муҳими таъмини ҷалби сармояи хориҷӣ ин такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани қонунгузорӣ дар самти сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад, бо пешниҳоди Кумита Қонуни ҶТ “Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ” дар таҳрири нав аз 14-уми майи соли 2025 қабул шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Бо гузашти 10 сол маблағи амонатгузорон пардохт нашуд. Кадом бонкҳои муфлисшудаи Тоҷикистон чӣ миқдор қарздоранд?

0

Дар нишасти хабарии Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон қарзи 4 бонки муфлисшуда матраҳ шуд, ки бо гузашти аз 3 то 10 сол онҳо натавонистаанд пули шаҳрвандонро баргардонанд.

Зокир Аминзода, муовини раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ рӯзи 10-уми феврал ба рӯзноманигорон гуфт, ки раванди барҳамдиҳии бонкҳои “Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвестбонк”, “Тоҷпромбонк” ва “Кафолатбонк” ҳамчунон идома дорад.

 

“Тоҷиксодиротбонк”: Аз 326 миллион то 42,5 миллион сомонӣ

Ба гуфтаи Аминзода, “Тоҷиксодиротбонк” дар оғози муфлисшавӣ аз 9 ҳазору 816 амонатгузор 326 миллиону 400 ҳазор сомонӣ қарздор буд. То ҳоло бонк ба 8 ҳазору 916 пасандозгузорон 283 миллиону 900 ҳазор сомонӣ пардохт кардааст.

Зокир Аминзода гуфт, маблағи боқимондаи қарз 42 миллиону 500 ҳазор сомонӣ буда, шумораи амонатгузорони боқимонда 900 кас аст.

Моҳи августи соли 2025 Додгоҳи олии иқтисодӣ маълумот дода буд, ки “Тоҷиксодиротбонк” аз амонатгузорон 94,7 миллион сомонӣ қарздор аст. Дар он давра гуфта мешуд, бонк аз соли 2021 то августи соли 2025 тавонистааст 278 миллион сомонӣ қарзи амонатгузоронашро пардохт кунад.

Моҳи августи соли 2024 бошад, Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфта буд, ки аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2024 “Тоҷиксодиротбонк” 212 миллион сомонӣ маблағи муштариёнро баргардонидааст. Аз омори августи соли 2025 бармеомад, ки давоми як сол бонк 117 миллиону 300 ҳазор сомонӣ қарзи иловагиро бозпас додааст.

Иҷозатномаи “Тоҷиксодиротбонк” 26-уми майи соли 2021 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бозхонд шуда буд. Бонк дар натиҷаи буҳрони бонкии соли 2016 бо мушкили пардохтпазирӣ дучор шуд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Агроинвестбонк”: Қарзи 444 миллион сомонӣ боқӣ мондааст

Ба гуфтаи муовини раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ, то ҳол “Агроинвестбонк” ба 2 ҳазору 237 шахси воқеӣ пурра ва ба 3 ҳазору 474 нафар қисман, дар маҷмӯъ 82 миллиону 200 ҳазор сомонӣ пардохт кардааст. Уҳдадориҳои иҷронашудаи бонк дар назди 3 ҳазору 474 шахси воқеӣ ба маблағи 444 миллион сомонӣ боқӣ мондааст.

Моҳи августи соли 2025 худи Аминзода маълумот дода буд, ки “Агроинвестбонк” аз 3 ҳазору 616 шаҳрванд 445,5 миллион сомонӣ қарздор аст. Он замон гуфта мешуд, бонк то моҳи июли соли 2025 маблағи 86,7 миллион сомониро ба 2 ҳазору 95 нафар пурра ва ба 3 ҳазору 616 нафар қисман баргардонидааст.

Теъдоди амонатгузорон замони муфлис гардидани бонк 5 ҳазору 711 нафар буда, қарзи бонк назди онҳо 532,2 миллион сомонӣ зикр мешуд.

Моҳи августи соли 2024 маҷмӯи уҳдадориҳои “Агроинвестбонк” 1,6 миллиард сомониро ташкил медод. То августи соли 2025 бонк 200 миллион сомонӣ қарзи худро пардохт карда буд.

“Агроинвестбонк” 1-уми июни соли 2021 бо қарори Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон муфлис эътироф шуд. Ин бонк низ дар натиҷаи буҳрони бонкии соли 2016 бо мушкили пардохтпазирӣ дучор шуда буд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

“Тоҷпромбонк”: Қариб 18 миллион сомонӣ боқӣ мондааст

Тавре Зокир Аминзода гуфт, то моҳи январи соли 2026 “Тоҷпромбонк” ба 4 ҳазору 929 шахси воқеӣ 159 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ва ба 338 шахси ҳуқуқӣ 67 миллиону 700 ҳазор сомонӣ пардохт кардааст.

Уҳдадории иҷронашуда назди 100 шахси воқеӣ 15 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ва назди 140 шахси ҳуқуқӣ 2 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, қарзи боқимонда 17 миллиону 900 ҳазор сомонӣ аст.

Моҳи августи соли 2025 Зулфия Саидзода, додраси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон маълумот дода буд, ки “Тоҷпромбонк” аз 174 шахси воқеӣ 26,2 миллион сомонӣ қарздор аст. Он вақт ӯ қарзит шахсони ҳуқуқиро нагуфта буд. Бонк то он вақт қарзи 5 ҳазору 752 пасандозгузорро баргардонида буд.

Соли 2023, замоне ки “Тоҷпромбонк” расман муфлис эълон гардид, ҳаҷми қарзи бонк аз 169 амонатгузор 26,6 миллион гуфта мешуд.

Бонк то моҳи октябри соли 2027 муҳлат дорад, ки пули пасандозгузоронро баргардонад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Раванди муфлисшавии “Тоҷпромбонк” моҳи марти соли 2017 бо қарори Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе оғоз гардида буд. Қарори бозхонди иҷозатномаи бонк 24-уми феврали соли 2017 аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон содир гардид.

Амволи бонк дар маҷмӯъ 450 миллион сомонӣ ва ҳаҷми умумии уҳдадориҳои он наздики 550 миллион сомонӣ арзёбӣ мешуд.

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе соли 2020 Ҷамшед Зиёев, раиси пешини “Тоҷпромбонк”-ро бо 4 банди Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста, ӯро ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Бонк 1-уми августи соли 2023 расман аз ҷониби Додгоҳи олии иқтисодӣ муфлис эълон гардид.

 

“Кафолатбонк”: 78,8 миллион сомонӣ аз бонкҳои эронӣ қарздор аст

Зокир Аминзода гуфт, “Кафолатбонк” то моҳи январи соли 2026 ба 420 амонатгузор 1 миллиону 324 ҳазор сомонӣ пардохт кардааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аммо уҳдадориҳои бонк дар робита ба муфлисшавӣ дар назди бонки эронии “Бонки Сармоя” ҳамчун ҳаммуссис ва бонки “Содироти Эрон” ба маблағи 78 миллиону 779 ҳазор сомонӣ боқӣ мондааст.

Моҳи августи соли 2025 дар бораи вазъияти “Кафолатбонк” маълумоти муфассал ироа нашуда буд. Ин бонк низ дар раванди барҳамдиҳӣ қарор дорад.

 

МЕДИА (IFRAME)

Додгоҳ чӣ чора меҷӯяд?

Зокир Аминзода дар нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки ҳоло амволи дар гаравгузоштаи ҳамаи бонкҳо боқӣ мондаанд. Баъди фурӯхтани онҳо аз ҷониби мудири махсус вобаста ба навбат маблағҳо ба амонатгузорон тақсим карда мешаванд. Ба қавли ӯ, ҳоло мурофиаи ин 4 бонк идома дорад.

Моҳи августи соли 2025 Додгоҳи олии иқтисодӣ иттилоъ дода буд, ки муҳлати мурофиаи барҳамдиҳии бонкҳо “бинобар пурра иҷро нашудани уҳдадориҳо ва ба фурӯш нарафтани дороиҳо” то соли 2027 дароз карда шудааст.

Бо гузашти аз 3 то 10 сол бонкҳои муфлисшудаи Тоҷикистон ҳамчунон қарзи худро ба таври пурра пардохт накардаанд. Аз 5 бонки муфлисшудаи асосӣ танҳо “Фононбонк” пурра барҳам дода шудааст. Дигар бонкҳо дар марҳилаи барҳамдиҳӣ боқӣ мондаанд. То кунун борҳо шаҳрвандон тариқи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз суст будани раванди баргардонидани маблағҳо шикоят мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Муаррифии HONOR X8d-и услубӣ аз ҷониби HONOR

0

Ширкати HONOR, таҳиягари ҷаҳонии низоми экологии дастгоҳҳои ҳуши маснӯӣ, смартфони нави HONOR X8d-ро аз силсилаи эътирофшудаи X Series муаррифӣ кард. Дастгоҳ бо мақсади фароҳам овардани таҷрибаи ҳарчи бароҳати корбарӣ таҳия шуда, тарҳи ултратунук, батареяи боэътимод ва корбурдҳои пешрафтаи ҳуши маснӯиро муттаҳид месозад.

HONOR X8d бо танаи ултратунук ва сабук бо ғафсии ҳамагӣ 7,5 мм фарқ мекунад. Ба туфайли технологияҳои пешрафтаи эксимерӣ ва матнҳои микро-нано, тана намуди дурахшон ва ҷолиб дорад ва чорчӯбаи нозуки металлии он тарҳи зоҳириро комил месозад.

Смартфон бо батареяи бузурги ғунҷоишаш 7000 мА•соат муҷаҳҳаз буда, то 52 соат кори мустақил ва то 31 соат тамошои наворро таъмин менамояд. Низоми назорати бисёрнуқтагии ҳарорат кори устувори аккумуляторро дар ҳарорати аз –20°C то 45°C кафолат медиҳад. Илова бар ин, HONOR SuperCharge бо иқтидори 45 Вт имкон медиҳад, ки дастгоҳ зуд нерӯ гирад ва барои истифодаи дарозмуддат омода бошад.

Бо шарофати тугмаи Instant AI Button, HONOR X8d сенарияи нави ҳамкорӣ бо ҳуши маснӯиро пешниҳод мекунад. Бо як пахш тозакунии хотира ва суръатбахшии кори низом оғоз мешавад, дар ҳоле ки пахши дарозмуддат корбурдҳои ҳуши маснӯӣ, аз ҷумла Circle-to-Search, AI Subtitles, AI Writing ва Blur Private Info-ро фаъол месозад. Смартфон дар асоси MagicOS 10 (Android 16) кор карда, чунин имконотро пешниҳод мекунад: Magic Capsule, Magic Portal, AI Memories, AI Settings Agent ва ёвари Google Gemini.

Сарфи назар аз тарҳи ултратунук, HONOR X8d ба зарба тобовар аст ва ба SGS Premium Performance Certification of Drop & Crush Resistance мутобиқ мебошад. Он афтодан аз баландии то 2 метрро таҳаммул мекунад ва тибқи стандарти IP65 аз об муҳофизат шудааст. Технологияи Wet-Hand Touch Enhancement истифодаи дастгоҳро бо ангуштони тар ё равғанӣ имконпазир месозад.

HONOR X8d бо камераи 108-мегапикселии ултратозаи ҳуши маснӯӣ муҷаҳҳаз буда, тафсилоти баланд ва сифати устувори аксбардориро дар рӯшноии рӯзона ва шабона таъмин мекунад. Функсияи 3x Lossless Zoom сабти кадрҳои ифоданокро бо масофаҳои гуногуни фокусӣ имкон медиҳад. Абзорҳои AI Eraser, AI Upscale, AI Cutout ва AI Outpainting таҳрири аксҳоро мустақиман дар смартфон содда месозанд. Бо HONOR Connection ирсоли “аксҳои зинда” ба дастгоҳҳои iOS низ дастрас аст.

Смартфон бо дисплейи 6,77-дюймаи OLED бо басомади навсозии 120 Гс, равшании қуллаи то 3000 нит ва дастгирии 1,07 миллиард ранг муҷаҳҳаз мебошад. Он инчунин маҷмӯи технологияҳои ҳифзи бинишро дар бар мегирад, аз ҷумла ШИМ 3840 Гс, коҳиши нури кабуд, Circadian Night Display ва E-Book Mode.

HONOR X8d бо протсессори Snapdragon 6s 4G Gen 2 фаъолият мекунад. Технологияи RAM Turbo ҳаҷми хотираи фавриро то 16 ГБ (8 ГБ ҷисмонӣ + 8 ГБ маҷозӣ) мерасонад. Ҳаҷми хотираи дохилӣ метавонад то 512 ГБ бошад.

HONOR X8d дар се ранг пешниҳод мегардад: Light Blue, Velvet Black ва Velvet Grey. Маълумот дар бораи нарх ва дастрасӣ минбаъд эълон карда мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Истифодаи ғайримақсадноки беш аз 1,1 миллиард сомонӣ. Дар низоми молиявии кадом сохторҳо қоидавайронкунӣ ошкор шуд?

0

Соли 2025 Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар натиҷаи санҷиши молиявӣ дар вазорату идораҳои давлатӣ, марказҳо ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, инчунин дар бонкҳо 1 млрд 116 млн 600 ҳазор сомонӣ камбуд дар низоми молиявӣ ошкор кардааст. Дар ин бора Ҷамшед Каримзода, раиси Палатаи ҳисоб имрӯз дар нишасти хабарӣ иттилоъ дода, гуфт, давоми соли гузашта дар умум 188 санҷиши аудитӣ гузаронидааст.

Ба иттилои ӯ, беш аз 60 дарсад, яъне 710 млн 600 ҳазори ин маблағ вобаста ба ташаккул ва иҷрои буҷети давлатӣ будааст. Ҳамчунин:

– 352,6 млн сомонӣ дар пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ;

– 14,8 млн сомонӣ дар идоракунии моликияти давлатӣ;

– 37,5 млн сомонӣ дар соҳаи сохтмон;

– 1,1 млн сомонӣ дар қоидавайронкуниҳои дигар ғайримақсаднок истифода бурдани маблағҳо ошкор шудааст.

Каримзода нагуфт, ки дар кадом вазорату идораҳо ё бахшу соҳаҳо аз ҳама бештар истифодаи ғайримақсадноки пули буҷаи давлатӣ ошкор шудааст. Ба суоли такрории “Азия-Плюс” ҳам дар ин бора посухи мушаххас надод. Дар ҳоле, ки солҳои пеш ин ниҳод ҳар ниҳодро ошкор мекард.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷамшед Каримзода

Раиси Палатаи ҳисоб мегӯяд, 756,2 миллион сомонӣ, яъне 67,7 фоизи маблағи умумӣ барқарор карда шудаанд. Аз ҷумла:

– 110,7 млн сомонӣ ба "Амонатбонк";

– 40,5 млн ба Вазорати молия;

– 307,8 млн ба дигар суратҳисоби дахлдори буҷети давлатӣ;

– 297,2 млн сомонӣ ба корхонаҳо.

 

Аз Бӯстону Норак то Мурғобу Шуғнон

Ҷамшед Каримзода мегӯяд, дар 103 вазорату идораҳои давлатӣ, аз ҷумла ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 23,9 миллион сомонӣ муайян ва ҳамаи ин маблағ барқарор карда шудааст.

Аз ҷумла, дар:

– шаҳри Бӯстон, ноҳияҳои Айнӣ, Спитамен ва Кӯҳистони Мастчоҳ – 8,8 млн

– шаҳри Норак, ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, А.Ҷомӣ ва Дӯстӣ – 4,8 млн;

– ноҳияҳои Мурғоб, Шуғнон ва Ишкошим – 3,5 млн сомонӣ;

– шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои И.Сомонӣ, Варзоб, Лахш ва Файзобод – 15,9 млн сомонӣ.

Ҳамчунин, ба қавли раиси Палатаи ҳисоб, дар 19 марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ санҷиш гузаронида шуда, истифодаи ғайримақсадноки 19,4 миллион сомонӣ ошкор ва ҳамаи ин маблағ пурра барқарор шудааст.

46 субъекти хоҷагидории давлатӣ низ зимни санҷиш қарор гирифта, 240,7 миллион камбуд дар ниҳзоми молиявӣ ошкор ва аз ин маблағ 150 миллион барқарор шудааст.

 

Ирсоли беш аз 60 мавод ба мақомоти интизомӣ

Ҷамшед Каримзода афзуд, ки аз натиҷаи санҷишҳои аудитӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 63 мавод барои қабули қарорҳои дахлдор ирсол гардидааст. Аз ҷумла, ба Додгоҳи олӣ 33 мавод, Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод 26 мавод ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) 4 мавод ирсол шудааст.

Дар натиҷаи он 222 нафар “ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ” кашида шудаанд. Аммо мушаххас гуфта нашуд, ки чӣ ҷазо татбиқ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Талаботи нав барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд оилаашонро ба Русия баранд

0

Дар Русия нақша доранд талабот нисбати муҳоҷиронеро, ки оилаашонро ҳамроҳи худ ба Русия меоранд, шадидтар кунанд. Тавре “Российская газета” хабар медиҳад, лоиҳаи қонуни марбутаро комиссияи ҳукуматӣ баррасӣ кардааст.

Ба ақидаи муаллифони санад, навовариҳои пешниҳодшуда ба баланд бардоштани масъулияти иҷтимоии муҳоҷирон нисбат ба фарзандон ва ҳамсари худ мусоидат мекунад.

Дар лоиҳаи қонун, аз ҷумла чунин пешниҳодҳо шудааст:

– Ба муҳоҷир танҳо дар сурате иҷозаи овардани фарзандон ва ҳамсари худ ба Русия дода мешавад, ки музди меҳнати ӯ барои ҳар як узви оила ҳаҷми ҳадди ақалли маблағи зистро бо назардошти коэффисиенти минтақавӣ таъмин карда тавонад

– Уҳдадор кардани муҳоҷир ба пардохти 50% аз меъёри заминавии пардохти сабтшуда оид ба Андоз аз даромади шахси воқеӣ (НДФЛ) барои ҳар як фарзанди ноболиғ, ки ба Русия оварда шудааст.

– Бо ба синни 18-солагӣ расидан фарзандони муҳоҷир бояд дар муддати 30 рӯз кишварро тарк кунанд ё барои худ патент бо пардохти пурраро дарёфт намоянд.

– Маълумот дар бораи даромади муҳоҷирро мақомоти андоз бояд ҳар се моҳ ба ВКД диҳанд. Мавҷуд набудани даромади тасдиқшуда метавонад барои рад кардани пешниҳод ё дароз кардани муҳлати патент асос шавад.

– Барои тасдиқи зисти муваққатӣ ё доимӣ, шаҳрванди хориҷӣ ба пешниҳоди яке аз ҳуҷҷатҳое, ки даромади қонуниро тасдиқ мекунанд, уҳдадор мешавад: маълумотнома дар бораи даромад, эъломияи андоз, ҳуҷҷатҳо дар бораи супоридани пардохти сабтшуда ё даромад аз фаъолияти сармоягузорӣ.

– Иҷоза ба зисти муваққатӣ (РВП) ё Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) метавонанд бекор шаванд, агар муҳоҷир камтар аз 10 моҳ дар як сол кор карда бошад ё даромади ӯ (ё маблағи пардохти сабтшудаи супоридашуда) аз сатҳи зарурӣ ба ҳар як узви оила камтар бошад.

Ҳамчунин дар лоиҳаи қонун дар сурати тасдиқ нагардидани даромад ё насупоридани маблағи пешпардохти сабтшуда, механизми эҳтимоли коҳиши муҳлати будубоши муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ, инчунин аъзои оила онҳо пешбинӣ шудааст, агар онҳо бидуни ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ машғули кор бошанд.

Ба сурати умум, тағйирот ба васеъ кардани асосҳо барои бекор кардани Иҷозаи зисти муваққатӣ ё Ҳуҷҷати иҷозаи зист дар Русия равона шудааст.

Қобили зикр аст, ки мақомоти Русия тайи ду соли ахир пайгирона сиёсати муҳоҷиратро шадид карда, барои кормандони хориҷӣ ҳарчи бештар талабот ва маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд. Аз ҷумла, барои қонуншиканҳо руйхати шахсони таҳти назорат таҳия шуда, талабот дар бораи огоҳиномаи электронӣ пеш аз сафар ҷорӣ шуд. Дар бисёре аз минтақаҳои Русия арзиши патент ба таври назаррас боло рафта, шумори соҳаҳое, ки дар онҳо машғули кор ба муҷҳоҷирон иҷоза шудааст, кам шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар истифодаи замин дар Тоҷикистон қонуншиканиҳои зиёд ошкор шуданд

0

Раиси Кумитаи идораи давлатии замин ва геодезияи Тоҷикистон Ориф Хоҷазода ба рӯзноманигорон дар бораи 13 420 ҳолати қонуншиканиҳо дар истифодаи замин, ки соли 2025 ба қайд гирифта шудаанд, хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, барои бартараф кардани ҳолатҳои ошкоршуда 12 218 таъинот содир шуда, аз рӯи 11 677 далел парвандаҳои маъмурӣ оғоз шудаанд. Аз рӯи натиҷаи санҷишҳо нисбати қонуншиканон ба маблағи умумии зиёда аз 7 млн сомонӣ ҷарима таъин шудааст, ки 5,9 млн сомонӣ аз ин маблағ аллакай ба суратҳисоби махсус гузаронида шудаанд.

Дар нишасти матбуотии рӯзи 10 феврал Хоҷазода зикр кард, ки ғайр аз ин, 1 035 мавод ҷиҳати баҳодиҳии ҳуқуқӣ ба мақомоти додситонӣ ва 927 мавод – ба Хадамоти иҷро фиристода шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ориф Хоҷазода

Ориф Хоҷазода таъкид дошт, ки натанҳо шахсони ҷудогона, балки худи кормнадони Кумитаи идораи замин низ ба қонуншиканиҳо роҳ медиҳанд.

Аз ҷумла, роҳбарони раёсатҳои идораи замин дар шаҳрҳои Исфара, Кӯлоб ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ боздошт шудаанд.

Нисбат ба сардори раёсати идораи замини шаҳри Исфара Муҳаммад Бобозода бо гумони гирифтани пора тафтишот ҷараён дорад. Дар бораи айбдории ӯ танҳо пас аз содир шудани қарори суд метавон ба хулосаи ниҳоӣ расид.

Қаблан соли 2024 дар Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбат ба раиси раёсати идораи замини шаҳри Кӯлоб парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд. Тибқи маълумоти тафтишот, ӯ ба ивази 81 ҳазор сомонӣ ваъда кардааст, ки аз заминҳои таъиноти кишоварзӣ қитъа ҷудо мекунад, лекин ба ваъдааш вафо накардааст.

Қобили зикр аст, ки масъалаи фурӯши қитъаҳои замин дар Тоҷикистон яке аз мушкили доғ дар кишвар аст ва раисҷумҳури Тоҷикистон низ чандин маротиба дар ин хусус изҳори назар карда буд.

Тавре ки Ориф Хоҷазода таъкид дошт, ҳатто кормандони мақомоти идораи замин низ ба қонуншиканиҳо даст мезананд ва ин бори дигар аз зарурати тақвияти мубориза бо коррупсия дар ин соҳа гувоҳӣ медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.