Комиссияи Марказии интихоботи ЧТ хостори тагйирот ба қонуни

0


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Комиссияи Марказии интихобот ва райъпурсии (КМИ) ҶТ перомуни ворид намудани тагйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ» 11 пешниҳод таҳия кардааст. Дар робита ба ин мавзӯъ бо ширкати намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Мусоидати касбӣ ба баргузорӣ ва ислоҳоти интихобот дар ҶТ», ки Бунёди байнулмилалии низоми интихоботӣ доир кард, мулоқот доир гардид. Ба гуфтаи Муҳибулло Додоҷонов, роҳбари Дастгоҳи КМИ ҶТ, комиссия пешниҳод дорад, ки барои номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ муқаррароти зарурияти дар панҷ соли ахир дар Тоҷикистон зиндагӣ кардан бекор карда шавад. Ӯ мегӯяд, ки КМИ ҳамчунин пешниҳод дорад, ки дар гаравпулии интихоботӣ на миқдори маоши ҳадди ақал , балкимаблағи мушаххас нишон дода шавад ва воситаҳои воридшуда на ба буҷаи давлатӣ, балки ба буҷаи КМИ гузаронида шаванд. «Илова бар ин, мо пешниҳод дорем, ки ҷамъ кардани имзоҳо барои дастгирии номзадҳо бекор карда шавад, – идома дод М.Додоҷонов. – Дар сурати мавҷудияти чунин муқаррарот миқдори имзоҳои тақаллубӣ на бо фоизҳо (3%), балки бо рақами мушаххас (масалан 15 имзо) нишон дода шавад». Яке аз тағйиротҳои усулие, ки КМИ пешниҳод мекунад, ба чунин муқаррароти қонун дахл дорад, ки дар он аз як тараф интихобот озод ва ихтиёрӣ номида шудааст, аммо аз тарафи дигар, гуфта мешавад, ки интихобот дар он сурат доиргардида маҳсуб мешавад, ки агар дар он на кам аз 50%-и интихобкунандагон ширкат варзида бошанд. «Ин ба таври демократӣ нест, бигзор ҳамон миқдори интихобкунандагоне ширкат варзанд, ки ба он майлу хоҳиш дошта бошанд. Мо пешниҳод дорем, ки меъёри эътирофи интихобот аз рӯи ширкати интихобкунандагон умуман бекор карда шавад», – изҳор дошт роҳбари дастгоҳи КМИ. Ба қавли ӯ, акнун КМИ пешниҳодоти худро барои омӯзиш ба комиссияи корӣ медиҳад, ки дар рӯзҳои наздик ба фаъолият оғоз мекунад. Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадалии Ҳайит, намояндаи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) изҳор дошт, ки муқаррарот дар бораи гаравпулии интихоботӣ бояд умуман аз матни қонун бароварда шавад. «Аксари номзадон ба курсии вакилӣ намояндагони равшанфикрон мебошанд ва бо мавҷудияти чунин муқаррарот мо онҳоро аз имкони ширкат дар интихобот маҳрум месозем, чунки бештари онҳо дар камбағалӣ умр ба сар мебаранд, – таъкид сохт ӯ. – Бинобар он ҲНИТ минбаъд низ қотеъона талаб хоҳад кард, ки муқаррароти мазкур бекор карда шавад».

Дар Душанбе сенатори амрикои масоили вазъи робитаҳои байнипарлумонии Точикистону Амрикоро барраси мекунад

0


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар чаҳорчӯби боздиди ҳайати ИМА таҳти роҳбарии сенатори штати ЮТА Ҷон Валентай, ки имрӯз ба шаҳри Душанбе омадаанд, масоили вазъи робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Амрико мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Аз ВКХ ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки зимни сафари чоррӯза сенатор ният дорад, бо сарвазири ҶТ Оқил Оқилов, вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ, вазири маорифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ вохӯриву мулоқотҳо доир намояд.

Эмомали Раҳмон аз Точикистонро дастгири накардани кишварҳои узви ИДМ дар бухрони иқтисодии зимистони гузашта изҳори таассуф кард

0


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» /Баҳром Маннонов/ – Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Санкт-Петербург дар ҳамоиши ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ ширкат варзид. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд, мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои ИДМ дар қасри Константини шаҳри Санкт-Петербург баргузор гашт. Дар мулоқот масоили омода кардани стратегияи рушди иқтисодии ИДМ, тавсиаи фаъолияти байнидавлатии гуманитарӣ ва омодагӣ ба ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд. Зимни муҳокимарониҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамгироии иқтисодӣ ва хосса энергетикии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар муқобили равандҳои глобализатсия нокифоя номида, аз пешниҳод дар бораи соли 2009-ро дар доираи ИДМ – соли энергетика эълон кардан, пуштибонӣ намуд. Ӯ изҳори тассуф кард, ки дар бӯҳрони иқтисодии зимистони гузашта дар Тоҷикистон дастгирии кишварҳои узви ИДМ ҳис нагардид. «Ҳамкории иқтисодии кишварҳоро бояд мардуми он ҳис кунанд», – гуфт ӯ. Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки лоиҳаи аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳодшудаи Консепсияи сиёсати муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ мавриди дастгирӣ қарор мегирад. Президенти ҶТ ҳамчунин аз фаъол гаштани Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки имрӯз шаҳри Душанбе ба баргузории Форуми 3-юми зиёиёни илмию эҷодии кишварҳои аъзои ИДМ омодагии ҷиддӣ мебинад. Хотиррасон бояд кард, ки форуми мазкур моҳи сентябр дар мавзӯи «Рушди гуфтугӯи фарҳангҳо дар миқёси Иттиҳод» таҳти шиори «Бо гуфтугӯи фарҳангҳо ва шаффофият – сӯйи ғанигардонии ҳамдигар ва пешрафти мардумони Иттиҳод» баргузор хоҳад гашт. Дмитрий Медведев, президенти Русия дар маърӯзааш ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳоро самти муҳимтарини фаъолияти ИДМ номид. Эмомалӣ Раҳмон ва сарони кишварҳои дигари узви ИДМ ҳамчунин дар намоишномаи Анҷумани XII-уми байнулмилалии иқтисодии Санкт-Петрбург ширкат варзида, бо комёбиҳои тозатарини илму техника шинос гардиданд. Сипас Э.Раҳмон бо президенти Русия Д.Медведев мулоқот кард. Тибқи иттилои манбаъ, ҷонибҳо маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба ва мавзӯҳои муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русияро баррасӣ карданд. «Сарони кишварҳо аз муносиботи тарафайн изҳори қаноатмандӣ карда, сохтмони НОБ-и «Сангтӯда-1»-ро намунаи барҷастаи ин ҳамкориҳо арзёбӣ намуданд, – идома доданд аз дафтари матбуот. – Ба гуфти Дмитрий Медведев ҷониби Россия манфиатдор аст, ки дар татбиқи дигар лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон низ иштироки фаъол дошта бошад. Сарони кишварҳо ҳамчунин аз сатҳ ва мӯҳтавои ҳамкории сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Русия қаноатмандӣ изҳор намуданд. «Ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму техника ва маориф воситаи хуби рушди муносибатҳои байни давлатҳо ва мардумони онҳо маънидод гашт, – зикр кард манбаъ. – Эмомалӣ Раҳмон ба Дмитрий Медведев барои омодагӣ баҳри кушодани филиалҳои як зумра муассисаҳои олии таълимии Русия дар шаҳри Душанбе арзи сипос намуд». «Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили байналмилаливу минтақавӣ, авзои кунунии Афғонистон ва таҳкими ҳифзи сарҳад бо он муҳокима гардиданд», – афзуданд дар дафтари матбуоти сарвари кишвар. Дар ҳошияи мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои ИДМ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо роҳбарони як қатор давлатҳо, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ва дигарон оид ба масоили мавриди таваҷҷӯҳ мубодилаи афкор намуд.