Вокуниши Ӯзбекистон ба “рейд”-и мақомоти Русия дар маросими хурсандии муҳоҷирон

Агентии муҳоҷирати Ӯзбекистон ба "рейд"-и мақомоти Русия дар консерти сарояндаи ӯзбек Ҷалолиддин Аҳмадалиев дар Красноярск ва боздошту "ҳамла" ба муҳоҷирон расман вокуниш кард ва Консулгарии генералии ин кишвар дар Новосибирск бархе ҷузъиёти ҳодисаро гуфт. Дар иттилои расмии Агентии муҳоҷирати Ӯзбекистон, ки рӯзи 24-уми сентябр нашр гардидааст, таъкид мешавад, ки “намояндагии Агентии муҳоҷират дар Русияи барои ҳимояи ҳуқуқ […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Агентии муҳоҷирати Ӯзбекистон ба "рейд"-и мақомоти Русия дар консерти сарояндаи ӯзбек Ҷалолиддин Аҳмадалиев дар Красноярск ва боздошту "ҳамла" ба муҳоҷирон расман вокуниш кард ва Консулгарии генералии ин кишвар дар Новосибирск бархе ҷузъиёти ҳодисаро гуфт.

Дар иттилои расмии Агентии муҳоҷирати Ӯзбекистон, ки рӯзи 24-уми сентябр нашр гардидааст, таъкид мешавад, ки “намояндагии Агентии муҳоҷират дар Русияи барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон вакили дорои иҷозатномаро таъин кардааст”.

Консулгарии генералии Ӯзбекистон дар Новосибирск ҳам вокуниш карда, сабаби гузаронидани рейди мақомоти Русияро бо мақомоти маҳаллӣ мувофиқа нашудани консерти Ҷалолиддин Аҳмадалиев гуфтааст

Ба иттилоот манбаъ, муҳоҷирон рӯзи 22-юми сентябр барои тамошои консерти сарояндаи маъруфи ӯзбек Ҷалолиддин Аҳмадалиев ба толори зиёфатии “Корона”-и деҳаи Солонсӣ дар кишвари Красноярск ҷамъ омада буданд.

“Аммо чорабинӣ бо тартиби расмӣ бо идораҳои дахлдори маҳаллӣ мувофиқа нашуда буд, ки сабаби баргузории рейд гашт”, – навиштааст Консулгарӣ.

Консулгарӣ дар баёноти худ таъкид кардааст, “баргузории чунин рейдҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд асосҳои ҳуқуқии муҳкам дошта бошад ва ба фароғати фарҳангии шаҳрвандон монеъ нагардад”.

Тибқи маълумоти Консулгарӣ, натиҷаҳои рейд чунин будааст:

– 8 шаҳрванди Ӯзбекистон боздошт гардидаанд;

– 4 тани дигар ҷарима ва аз ҳудуди Русия ихроҷ шудаанд.

Қаблан гуфта мешуд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар ҷамъ 26 нафарро аз толори консерт ба шӯъбаи полис бурдаанд. Ба иттилои консулгарӣ, ҳоло теъдоде аз шаҳрвандони Ӯзбекистон дар Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Дар изҳорот омадааст, ки намояндагии дипломатии Ӯзбекистон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар робита ба ин ҳодиса ҳамкорӣ ва аз ҳуқуқи шаҳрвандонаш дифоъ мекунад.

Консерти Ҷалолиддин Аҳмадалиев шоми 22-юми сентябр дар толори “Корона” баргузор шудааст ва дар ин чорабинӣ тақрибан 620 меҳмон ҷамъ омаданд, ки 210 тани онҳо муҳоҷирон будаанд. Дар давоми консерт ногаҳон гурӯҳе аз кормандони мақомот вориди толор шуданд ва раванди консертро барҳам заданд.

Чаро мақомоти Русия ба шоми хурсандии муҳоҷирон “ҳамла” карданд ва ҳуқуқшинос ба ин кирдори мақомоти рус чӣ шарҳ дорад, дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.