Дар Тоҷикистон маблағи кумакпулии иҷтимоӣ ба камбизоатон зиёд мешавад

Дар Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2025 маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ (КУИ) ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд карда мешавад. Бо назардошти ҳаҷми ҳозираи нишондиҳанда барои ҳисоб маблағи кумакпулӣ аз 720 сомонӣ то ба 792 сомонӣ боло меравад. Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо)-и […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2025 маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ (КУИ) ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд карда мешавад. Бо назардошти ҳаҷми ҳозираи нишондиҳанда барои ҳисоб маблағи кумакпулӣ аз 720 сомонӣ то ба 792 сомонӣ боло меравад.

Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Тоҷикистон” қарор қабул кард. Матни он дар сомонаи нашрияи ҳукумат – “Ҷумҳурият” нашр шудааст.

Мувофиқи ин санад, аз 1 январи соли 2024 андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои як оила ва шаҳрванди камбизоат барои 12 моҳ дар ҳаҷми 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва иловатан 1 (як) нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як кӯдак ташкил дода, ҳар семоҳа ба андозаи 25% пардохт карда мешавад.

Ғайр аз ин, иловатан аз 1 сентябри соли 2024 барои ҳар як кӯдак 1 (як) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои як оилаи камбизоат, ки ду ва зиёда шахси маъюб дошта, дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ё мактаб-интернат фаро гирифта нашудаанд, 2 (ду) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳар семоҳа ба андозаи 25% пардохт карда мешавад.

Гуфта мешавад, аз 1 январи соли 2025 андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои як оила ва шаҳрванди камбизоат барои дувоздаҳ моҳ ба андозаи 11 (ёздаҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва иловатан: 2 (ду) нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як кӯдаки то 16-сола; 2 (ду) нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як оилаи камбизоат, ки дар ҳайати худ ду ва зиёда шахси маъюб дошта, дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ё мактаб-интернатҳо фаро гирифта нашудаанд;  2 (ду) нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои пиронсолони аз 80-сола болои аъзои оилаи камбизоат, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд ва дар муассисаҳои давлатии хизматрасонии иҷтимоӣ фаро гирифта нашудаанд, ташкил дода, ҳар семоҳа ба андозаи 25 дарсади андозаи муқарраршуда пардохт карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар ин қарор боби нав дар бораи муайян намудани шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат илова шудааст, ки пештар набуд.

Кумакпулии иҷтимоӣ ба киҳо дода мешавад?

Кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди Тоҷикистон истиқомати доимӣ дошта, тибқи баҳодиҳии вазъи моддию маишӣ ва сатҳи некуаҳволии онҳо камбизоат эътироф гардидаанд, таъин карда мешавад.

Кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои ҷуброн намудани хароҷоти истифодаи неруи барқ ва гази табиӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, инчунин мусоидат ба таъмини  дастрасии кӯдакони чунин оилаҳо ба ғизои солим, таҳсилот ва касбомӯзӣ пешбинӣ шудааст.

Барои муайян намудани камбизоатии шаҳрвандон (оилаҳо) ва ҳуқуқи гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ маълумоти зерини индикаторҳои некуаҳволии шаҳрванд (оила) ба инобат гирифта мешаванд: ҳайати оила, вазъи иҷтимоӣ ва сатҳи маълумотнокии сардори оила, теъдоди маъюбон, ноболиғон, пиронсолони аз 80-сола боло ва дигар аъзои ғайриқобили меҳнат дар оила, даромади пулию молиявии шаҳрвандон (оилаҳо), молу мулки шаҳрвандон (оилаҳо), ҳолати манзили истиқоматӣ, қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва заминҳои дигари дар ихтиёри оила қарордошта, шумора ва намудҳои чорвои шаҳрвандон (оилаҳо) ва дигар нишондиҳандаҳо. 

Бино ба маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон, соли 2024 ба оилаҳои камбизоат ба сифати кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва унвонӣ 219 млн сомонӣ ҷудо карда мешавад, ки 65 млн сомонӣ зиёдтар нисбат ба соли 2023 аст. Ин кумак ба ҳудуди 300 ҳазор оилаҳои камбизоат дода мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбиву техникӣ созишнома ба имзо расониданд

Санад метавонад барои табодули силоҳ, технологияҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам оварад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.