Тамдиди дубораи муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари аслии ҳамла ба “Крокус” барои 3 моҳ

Додгоҳи Басманнийи Маскав муҳлати ҳабси пешакии чаҳор гумонбари аслии ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Ҳол”-и Маскавро дубора барои 3 моҳ, яъне то 22-юми ноябри соли 2024 тамдид кард. Дар ин бора Хадамоти матбуотии додгоҳҳои салоҳияти қазоии умумидоштаи шаҳри Маскав хабар медиҳад. Мурофиаи додгоҳӣ имрӯз, 16-уми август ба таври пӯшида баргузор шуд. Ба иттилои манбаъ, […]

Asia-Plus

Додгоҳи Басманнийи Маскав муҳлати ҳабси пешакии чаҳор гумонбари аслии ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Ҳол”-и Маскавро дубора барои 3 моҳ, яъне то 22-юми ноябри соли 2024 тамдид кард. Дар ин бора Хадамоти матбуотии додгоҳҳои салоҳияти қазоии умумидоштаи шаҳри Маскав хабар медиҳад.

Мурофиаи додгоҳӣ имрӯз, 16-уми август ба таври пӯшида баргузор шуд.

Ба иттилои манбаъ, мувофиқи қарори додгоҳ Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Шамсиддини Фаридун то 22-уми ноябри соли 2024 дар ҳабси пешакӣ боқӣ мемонанд.

Сабаби тамдиди муҳлати ҳабси пешакии онҳо шарҳ дода нашудааст.

Бо қарори ҳамин додгоҳ онҳо то 22-юми август бояд дар ҳабси пешакӣ қарор мегирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки ин бори дуввум аст, ки додгоҳи Басманнийи Маскав ҳукми чаҳор гумонбари аслии ин ҳамларо тамдид мекунад.

Рӯзи 16 майи соли равон додгоҳ муҳлати ҳабси онҳоро, ки аз рӯзи боздошташон 23-юми март то 22-юми май буд, барои 3 моҳ то 22-юми август дароз карда буд.

Мувофиқи ҳуҷҷатҳои судӣ вобаста ба ин ҳодиса 18 нафар дар боздошт қарор доранд.

Маъмулан, муҳлати ҳабси пешакӣ замоне тамдид мешавад, ки тафтишот барои исботи гуноҳи гумонбаршуда, далели кофӣ дар даст надорад.  

Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсидин як рӯз пас аз ҳодисаи “Кроскус Сити Ҳол” -23-юми марти соли равон боздошт ва бо қарори Додгоҳи ноҳияи Басманнийи Маскав то 22-юми майи соли равон ба ҳабс гирифта шуда буданд.

Шеваи боздошту ба ҳабс гирифтани онҳоро ҳомиёни ҳуқуқи инсон интиқод каранд. Ҳамаи онҳо дар додгоҳ бо рӯи кафидаву осори зарбу лат намудор шуданд.

Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир  ФайзовДалерҷон МирзоевСаидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.

Ёдрас мекунем, ки амали террористӣ дар толори “Крокус Сити Холл”-и вилояти Маскав шоми рӯзи 22 март рух дод. Пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” мардони мусаллаҳ ба тирпаронӣ дар толор оғоз намуданд, ки дар пайи он сӯхтор сар зада, майдони 13 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифт. Бар асари ин амали террористӣ 145 нафар ҳалок шуда, зиёда аз 550 кас осеб диданд.

Масъулияти ҳамларо бахши афғонистонии созмони террористии "Давлати исломӣ" – Вилояти Хуросон ба уҳда гирифт.

Баъди ҳамлаи террористӣ фишор болои муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби мақомоти Русия ва бегонаситезӣ аз сӯйи афроди алоҳида бештар шуд.

Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса ва ҷараёни боздошти гумонбаронро дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.