Тарсу ҳароси 46 донишҷӯйи тоҷикистонӣ дар Ухан

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар Вазорати корҳои хориҷӣ ба “Азия-Плюс” дар мавриди ин масъала изҳор доштанд, ки сафорат ба шаҳрвандон дар Чин кумак мекунад, лекин донишҷӯён мегӯянд, кормандони намояндагии дипломатӣ ба онҳо ҷавоб намедиҳанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ ҶТ хабар доданд, сафорати Тоҷикистон дар Чин бо шаҳрвандони кишвар, бахусус, шаҳрвандони муқими шаҳри Ухан мудом дар тамос аст.

– Тибқи маълумоти сафорат, дар шаҳри Ухан 46 нафар донишҷӯёни тоҷик қарор дошта, қисмате аз онҳо аз дигар шаҳрҳои Чин омадаанд. Сафорати мо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони донишгоҳҳои Чин дар тамос аст. Ҳамчунин дар торнамои сафорат тарзи робита бо шахсони масъул нашр шудааст. Миёни сироятёфтагон тоҷикистониён нестанд. Вазъ зери назорати доимии сафорат қарор дорад, – гуфтанд дар Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ ҶТ.

“Танҳо ба худамон умед баста метавонем”

Донишҷӯйи тоҷик Аҳмадҷон (ном бо дархости донишҷӯ иваз шудааст, – идораи АП), ки дар Ухан таҳсил мекунад, ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки ягон навъи нақлиёт дар шаҳр кор намекунад. Ӯ худаш ба кӯча набаромада, дар хона хӯрок тайёр мекунад, чунки дар шаҳр карантин аст.

– Дар мессенҷер (WeChat) сафорати Тоҷикистон дар Чин як гурӯҳи муштарак ташкил кард. “Мо ба онҳо ному насаб ва тарзи иртибот бо худ”-ро равон кардем, лекин онҳо то ҳол занг назадаанд, – мегӯяд Аҳмадҷон. – Шояд онҳо бо намояндагони мо аз донишгоҳ дар робита шуда бошанд, зеро ҳамаи донишгоҳҳо байни тоҷикон намояндагони худро доранд”.

Вай афзуд, волидонаш аз ӯ хеле дар ташвиш буда, ҳар рӯз занг мезананд, то ки аз вазъи солимиаш хабардор шаванд.

– Ба ҳамаи дӯстон ва ҳамдиёронам, ки дар Чин қарор доранд, гуфтаниям, ки ҳозир вақти воҳимаву ба ҳарос афтодан ва аз касе ёрӣ пурсидан нест, зеро танҳо худамон ба ҳамдигар кумак карда метавонем, – мегӯяд донишҷӯ.

Дар ҳамин ҳол, як гурӯҳ донишҷӯёни ӯзбек, ки дар Чин таҳсил мекарданд, ба Тошканд баргаштанд. Айни замон онҳо дар фурудгоҳи байнулмилалии Тошканд аз муоинаи дақиқи табибон мегузаранд.

“Мо дар ҳаросем”

Донишҷӯйи дигари тоҷик Муҳаммад, ки дар шаҳри Чэнду таҳсил мекунад, қайд кард, ду рӯз пеш дар ин шаҳр 7 нафар ва рӯзи дигар аллакай 19 нафар сироят ёфтаанд.

– Мо дар ҳаросем. Ман ва боз ду нафар донишҷӯёни тоҷик имрӯз хостем, ки аз Чин ба дигар ҷой парвоз кунем, аммо аз фурудгоҳ моро бозпас гардониданд. Ин ҷо намефаҳмӣ, чӣ ҳодиса шудааст, – мегӯяд ӯ. – Тоҷикон дар Ухан зиёданд, мо бо онҳо дар робитаем. Дар WeChat гурӯҳ дорем, ки дар он беш аз 300 нафар тоҷикони Чин иштирок доранд. Агар дар Ухан ба касе кумак лозим бошад, ёрӣ мерасонем. Бачаҳо пул ҷамъоварӣ карда, ба донишҷӯёни ин шаҳр фиристоданд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ касе ба онҳо дасти ёрӣ дароз накарда, худашон ба ҳамдигар кумак мекунанд. “На аз сафорату на аз худи Тоҷикистон ҳеҷ хабаре намерасад. Онҳо ҳамеша мегӯянд, ки интизор шавед, ҳамааш хуб мешавад”, – мегӯяд ҷавон.

– Боз ниқобҳо хеле қимат шуданд – пештар яктои он бо пули мо 1 сомонӣ нарх дошт, имрӯз нархи он то ба 50 юан (қариб 70 сомонӣ) расидааст. Моро лозим аст, ки сари ҳар 1,2 соат ниқобро иваз кунем. Ба Худо қасам, ки вазъи бачаҳо хеле бад аст, – иброз дошт Муҳаммад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.