Asiaplus4tajikistan: Ба Тоҷикистон ҳамроҳ кумак мекунем!

Ташаббуси ҷамъоварии маблағ барои дастгирии табибони Тоҷикистон тариқи гурӯҳҳои ихтиёриён (ризокорон) ва кормандони ихтиёрии “Азия-Плюс” амалӣ мешавад. “Давоми ҳафтаҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз шумо садҳо муроҷиат ба мо мерасад. Гурӯҳе дар ин вазъи душвор аз мо кумак пурсида, мусибати худро менависанд. Чандеи дигар мепурсанд, ки бо кадом роҳу восита  ба кишвару ҳамватанони худ дар […]

Asia-Plus

Ташаббуси ҷамъоварии маблағ барои дастгирии табибони Тоҷикистон тариқи гурӯҳҳои ихтиёриён (ризокорон) ва кормандони ихтиёрии “Азия-Плюс” амалӣ мешавад.

“Давоми ҳафтаҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз шумо садҳо муроҷиат ба мо мерасад. Гурӯҳе дар ин вазъи душвор аз мо кумак пурсида, мусибати худро менависанд. Чандеи дигар мепурсанд, ки бо кадом роҳу восита  ба кишвару ҳамватанони худ дар мубориза бо коронавирус кумак расонида, ин замони душворро метавон паси сар кард. Мо тасмим гирифтем, ба хонандагони худ ҷиҳати кумак ба шахсоне, ки имрӯз воқеан ба он ниёз доранд – табибону ҳамшираҳои шафқат ва санитарҳо, ки бо COVID-19 мубориза мебаранд, имкон фароҳам созем”, – мегӯяд сармуҳаррири “Азия-Плюс” Умед Бобохонов.

Корбарони “Азия-Плюс” дар саросари дунё – Тоҷикистону Русия, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ғарб даҳҳо ва садҳо ҳазоранд. Агар ҳар кадоме мувофиқи имкон ба ҳамёни умумӣ 1 сомонӣ, 1 рубл ё 1 доллар хайр кунад, маблағе ҷамъоварӣ хоҳад шуд, ки ҳаёти касеро наҷот медиҳад ё вазъро беҳтар месозад.

Ба хонандагони “Азия-Плюс” – касоне, ки аз дасташон меояду кумак кардан мехоҳанд, имкон доданием. Бигзор ин кумак начандон зиёд бошад, лекин мутамаинем, ки танҳо бо талошҳои дастҷамъона ин балоро аз сарамон дур карда метавонем.

Ба ақидаи созмондиҳандагон, ташаббуси “Ба Тоҷикистон ҳамроҳ кумак мекунем!” тариқи гурӯҳҳои ихтиёриён ва кормандони ихтиёрии “Азия-Плюс” амалӣ мешавад. Дар доираи он “Азия-Плюс” ба эҳтиёҷмандон бо таҷҳизот ва маводи тиббӣ, ғизо ва маълумоти муфид ёрӣ мерасонад.

Тамоми маълумот дар бораи маблағҳои воридшуда ва хароҷоти он ба ҳамаи хонандагон дастрас хоҳад буд.

Фаъолият оид ба ҷамъоварӣ ва хароҷоти маблағҳоро ҳуқуқшинос, роҳбари ширкати ҳуқуқии “Ҳимоя” Наврӯз Одинаев ва директори иҷроияи хабаргузории “Азия-Плюс” Искандар Икромӣ танзиму ҳамоҳанг мекунанд.

Суратҳисобҳои мо:

Ҳамёни Alif mobi: +992987203939

Суратҳисоб дар Alif Bank (корти миллӣ): 5058 2702 8051 0909

PayPal: [email protected]

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио