Табибони тоҷик бори нахуст бидуни буриш майнаи сарро ҷарроҳӣ кардаанд

Дар Душанбе табибони тоҷик бори нахуст бе буриш ҷарроҳии рагҳои калони мағзи сарро анҷом додаанд. Ин гуна ҷарроҳӣ то кунун дар хориҷа ё бо овардани мутахассисони хориҷӣ гузаронида мешуд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, табибони Маркази миллии тиббии “Шифобахш” (маъруф ба бемористони Қарияи Боло) дар […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Душанбе табибони тоҷик бори нахуст бе буриш ҷарроҳии рагҳои калони мағзи сарро анҷом додаанд. Ин гуна ҷарроҳӣ то кунун дар хориҷа ё бо овардани мутахассисони хориҷӣ гузаронида мешуд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, табибони Маркази миллии тиббии “Шифобахш” (маъруф ба бемористони Қарияи Боло) дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Маркази ташхисию табобатии “Дастаи Дил” бори нахуст ҷарроҳии косахонаи сари сокини 16-солаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлонро, ба таври махсус – тариқи эндоваскулиярӣ, яъне бе буриш гузаронидаанд.

Косахона ва майнаи сари бемор ҳангоми афтодан ҷароҳати ҷиддӣ бардошта будааст. Маълум нест, ки ҷарроҳӣ кай гузаронида шудааст.

“Ташхис нишон дод, ки раги калони майнаи сари бемор ҳангоми дохил шудан ба косахонаи сар сурох гардида, бо рагҳои варидӣ пайваст шудааст, ки дар натиҷа дар бемор нобиноӣ, варам ва сурхии чашм ва инчунин рафтани хунравиҳои шадид аз бинӣ ва даҳон  ба вуҷуд омадааст”, – гуфтааст Субҳониддин Баҳодуров, табиби ҷарроҳи “Шифобахш”.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло вазъи саломатии бемор хуб аст ва бемориаш пурра бартараф шудаааст. Чанд рӯз пас бемор ба хона рухсат мешавад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ менависад, ки чунин ҷарроҳӣ яке аз ҷарроҳиҳои мушкил ва мураккаби рагҳои калони мағзи сар ба ҳисоб мерафт.

Ин гуна ҷарроҳӣ то кунун дар кишвар гузаронида намешуд ва беморон ё ба кишварҳои хориҷӣ сафар мекарданд ва ё барои гузаронидани чунин ҷарроҳиҳо мутахассисон аз хориҷи мамлакат даъват карда мешуданд.

Гуфта мешавад, “бо фароҳам гардидани дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ба табибони ватанӣ имконият даст дод, ки чунин амалиёти мураккаби ҷарроҳиро бори аввал дар кишвар бомуваффақият гузаронанд”.

Ёдовар мешавем, ки Субҳониддин Баҳодуров, табиби ҷарроҳи бемориҳои мағзи сари “Шифобахш”, ки амалиёти ҷарроҳии мазкурро бо ҳамкорони хеш гузаронидааст, дар самти омухтани ҷарроҳиҳо дар риштаи мағзи сар давоми якуним сол дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аз такмили ихтисос гузашта, донишу малака ва таҷрибаи хешро баланд бардоштааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан дар Маркази миллии тиббии “Шифобахш” амалиёти ҷарроҳии гематомаи дохили мағзи сар бори аввал бомуваффақият анҷом дода шуда буд. Онро ҷарроҳи нейрохирург Назрулло Рахимов анҷом дода буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.