Ба маҳкама кашидани тоҷикдухтари 18-сола дар Русия



Суди вилояти Владимирски Русия зодаи Тоҷикистон Мавзуна Мазориеваро ба даст доштан дар даъватҳои оммавӣ ба амалисозии фаъолияти ифротгароӣ тариқи шабакаи Интернет айбдор мекунад.

Муовини прокурори ин вилоят нисбати Мавзуна Мазориеваи 18-сола хулосаи айбномаро дар содир намудани ҷиноятҳо тибқи моддаи 280, қ. 2-и Кодекси ҷиноии Русия (даъватҳои оммавӣ ба амалисозии фаъолияти ифротгароӣ бо истифода аз шабакаи Интернет) тасдиқ кардааст. Дар ин бора прокуратураи вилояти Владимирск

хабар медиҳад

.

Ҳамин тариқ, мувофиқи хулосаи мақомоти прокуратура, аз моҳи июни соли 2015 шаҳрванди Тоҷикистон Мазориева ба макони иқомати муваққатӣ ба шаҳри Колчугинои  вилояти мазкур омада, таҳти таъсири маводи иттилоотӣ дар шабакаи Интернет ба афкори исломи тундгаро моил ва нисбати дигар афроде, ки аз ислом пуштибонӣ надоштаанд, ҳисси нафрату адоват пайдо кардааст.

«Дар шабакаи иттилоотиву коммуникатсионӣ ӯ бо маълумоти гуногуни дорои мавқеи ифротгароӣ шинос шуда, дар ҷараёни он қасди содир намудани ҷинояти марбут ба даъватҳои оммавӣ ба амалисозии фаъолияти ифротгароӣ ба вуҷуд омадааст», – гуфта мешавад дар маълумоти мақомоти прокуратура.

Санаи 12 августи соли ҷорӣ зимни қарор доштан дар макони иқомати муваққатӣ, Мавзуна дар шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» бо сабти номи «Асмаа на пути Аллаха (Замужем)» (Асмаа дар роҳ ба сӯи Аллоҳ (Оиладор) саҳифаи шахсии худро боз намудааст.

Бо истифода аз телефони ҳамроҳ (мобилӣ)-и ба Интернет васлшуда ӯ дар саҳифаи худ сабти видеоии кушода барои дастрасӣ дар шакли сухангӯиро гузоштааст, ки дар он мафҳумҳои дорои даъват ба содир намудани амалҳои зӯроварона нисбат ба гурӯҳи шахсон аз рӯи аломатҳои мазҳабӣ ҷой доштаанд. Дар ин амали содиршуда Мавзуна пурра ба гуноҳи худ иқрор шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное