Боздиди сафири Кувайт аз парлумони Тоҷикистон

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷиистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз сафири Давлати Кувайт дар Тоҷикистон Наваф  Абдулазиз Аленезӣ ва ҳамроҳони ӯро баҳузур пазируфт. Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот муҳимтарин масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, аз ҷумла тақвияти ҳамкориҳои сиёсӣ, парлумонӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илму маориф баҳсу баррасӣ шуданд. Ш.Зуҳуров дар […]

ASIA-Plus



Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷиистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз сафири Давлати Кувайт дар Тоҷикистон Наваф  Абдулазиз Аленезӣ ва ҳамроҳони ӯро баҳузур пазируфт.

Бино ба

иттилои

сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот муҳимтарин масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, аз ҷумла тақвияти ҳамкориҳои сиёсӣ, парлумонӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илму маориф баҳсу баррасӣ шуданд.

Ш.Зуҳуров дар оғози мулоқот сафирро ба муносибати ба ин вазифа таъин шуданаш табрик намуда, ба ӯ ва ҳайати кормандони сафорати ин кишвар дар ҷумҳурии мо барори кору муваффақият орзу намуд ва изҳори итминон кард, ки дипломати соҳибтаҷриба дар таҳкими робитаҳои дуҷониба саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт 11 Созишномаи фарогири самтҳои гуногун  ба имзо расида, барои пешбурду ривоҷи ҳамкориҳои ҳамаҷониба байни кишварҳо тамоми асосҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст ва вақти он расидааст, ки барои амали созии ин пояи қарордодӣ иқдомоти ҷиддӣ сурат гирад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.