Эътирози тоҷиктаборони Бомиён алайҳи поккории қавмӣ

Як гурӯҳ аз тоҷикони қавмии вилояти Бомиёни Афғонистон, ки аз ҳолатҳои поккорӣ тибқи аломатҳои этникӣ норозианд, рӯзи сешанбе дар шаҳри Кобул ба намоиши эътирозӣ даст заданд. Дар ин бора хабаргузории « Бухди »-и Афғонистон иттилоъ медиҳад. Ба иттилои манбаъ, тазоҳургарон изҳор доштаанд, ки тоҷикон – сокинони вилояти Бомиён мавриди зулму ситам қарор гирифта, дар натиҷа ба […]

ASIA-Plus



Як гурӯҳ аз тоҷикони қавмии вилояти Бомиёни Афғонистон, ки аз ҳолатҳои поккорӣ тибқи аломатҳои этникӣ норозианд, рӯзи сешанбе дар шаҳри Кобул ба намоиши эътирозӣ даст заданд. Дар ин бора хабаргузории «


Бухди


»-и Афғонистон иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, тазоҳургарон изҳор доштаанд, ки тоҷикон – сокинони вилояти Бомиён мавриди зулму ситам қарор гирифта, дар натиҷа ба таври оммавӣ қаламрави ин вилоятро тарк мекунанд.

«Афроди дар намоиш ҳузурдошта мегӯянд, ҳукумат бояд ба арзу шикоят ва поймолкунии ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар Бомиён расидагӣ кунад. Тазоҳургарон изҳороте интишор карданд, ки дар он гуфта мешавад, онҳо ба иштирок дар равандҳои миллӣ ва сиёсии ин вилоят ҳуқуқ доранд», – менависад хабаргузорӣ.

Гуфта мешавад, иштирокдорони намоиш аз ҳукумати марказӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ тақозо намудаанд, ки иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва сохторҳои давлатиро таъмин намоянд.

Онҳо зикр кардаанд, ки ҳарчанд 40%-и аҳолии вилояти Бомиён тоҷикони қавмӣ бошанд ҳам, онҳо дар ҳаёти иқтисодии вилоят иштирок надоранд ва мисол овардаанд, ки аз 2 ҳазор мағозаи мавҷуда дар вилоят ҳеҷ кадоме ба тоҷиктаборон тааллуқ надорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.