Эҳёи анъанаҳои миллии сафедоршинонӣ дар Суғд

Бо қарори раиси вилояти Суғд аз 26 ноябри соли равон Барномаи «Эҳёи анъанаҳои миллии сафедоршинонӣ барои солҳои 2016-2020» қабул карда шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ин барномаи бо мақсади таъмини аҳолии вилоят бо масолеҳи сохтмонии ватанӣ, истифода аз чӯбу тахтаҳои дарахтони сафедорҳои зудбавоярасанда ва ба ин васила коҳиш додани воридоти чӯбу […]

ASIA-Plus



Бо қарори раиси вилояти Суғд аз 26 ноябри соли равон Барномаи «Эҳёи анъанаҳои миллии сафедоршинонӣ барои солҳои 2016-2020» қабул карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ин барномаи бо мақсади таъмини аҳолии вилоят бо масолеҳи сохтмонии ватанӣ, истифода аз чӯбу тахтаҳои дарахтони сафедорҳои зудбавоярасанда ва ба ин васила коҳиш додани воридоти чӯбу тахта аз хориҷи кишвар рӯйи кор гирифта мешавад.

Гуфта мешавад, мақсади асосии Барнома дастрас намудани масолеҳи сохтмонӣ ва дигар маҳсулоти чӯбӣ дар бозорҳои дохилии кишвар буда, инчунин амалигардонии он барои беҳтар намудани шароити иқтисодии мардум ва бо ин роҳ кам кардани сатҳи муҳоҷирати шаҳрвандон ба хориҷи кишвар гардида, ба беҳдошти вазъи муҳити зист, кам сохтани таъсири антропогенӣ ба ҷангалҳои табиӣ мусоидат менамояд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамзамон бунёди сафедорзорҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ оид ба самаранокии парвариши дарахтони зудбавоярасанда дар минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилоят, эмин нигоҳ доштани қабати болоии замин, минтақаҳои муҳофизатии ҷангалзорҳо, мубориза бо биёбоншавӣ ва пешгирии эрозияи заминҳо, пайдо кардани даромадҳои иловагӣ аз фурӯши чӯби корӣ, ҳезум ва дигар масолеҳи аз чӯб тайёршаванда ва ғайраҳо саҳми назаррас дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.