Моҷарои оилавӣ дар бозори Истаравшан ва захмишавии ҳамсарон

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Истаравшанро бо гумони суиқасд ба куштор дастгир намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки номбурда рӯзи 29 ноябр дар ҳолати мастӣ дар ҳудуди бозори марказии шаҳри Истаравшан бо ҳамсараш, зани 24-сола ба муноқишаву ҷангу ҷанҷол пардохта, сипас бо мақсади куштор […]

ASIA-Plus



Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Истаравшанро бо гумони суиқасд ба куштор дастгир намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки номбурда рӯзи 29 ноябр дар ҳолати мастӣ дар ҳудуди бозори марказии шаҳри Истаравшан бо ҳамсараш, зани 24-сола ба муноқишаву ҷангу ҷанҷол пардохта, сипас бо мақсади куштор бо корди хоҷагии дар дасташ буда, якчанд маротиба ба узвҳои бадани ҳамсараш задааст.

Гуфта мешавад, баъдан гумонбаршуда бо мақсади худкушӣ бо корди мазкур 1 маротиба ба қафаси синаи худ низ зарба задааст. Дар натиҷа зану шавҳар ҷароҳатҳои гуногуни чисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.