Дар ҳошияи сафари кории худ ба мамолики Аврупо рӯзи 22 ноябри соли ҷорӣ вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ ба пойтахти Австрия – шаҳри Вена ташриф овард.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, дар нимаи аввали рӯз, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ бо директори генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат (ЮНИДО) – Ҷаноби Кандэ К. Юмкелла мулоқот доир намуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили марбут ба энергетикаву саноат ва иқдомоти СММ таҳти унвони «Энергетикаи устувор барои ҳама»-ро, ки дар он Тоҷикистон доир ба рушди бахши манбаъҳои азнавбарқароршавандаи энергия чун кишвари пилотӣ интихоб гардид, баррасӣ карданд.
Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ ҷиҳати минбаъда густариш додани ҳамкориҳо оид ба барномаҳои энергетикӣ ва саноатӣ дар Тоҷикистон бо ЮНИДО таклифҳо ба миён гузошт.
Зимнан зикр гардид, ки дар доираи барномаи ЮНИДО ба наздикӣ бо мақсади рушди саноати хурокворӣ, бахусус коркарди хушкмева дар Тоҷикистон 1 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо карда мешавад.
Азбаски аз моҳи июли соли 2013 ваколатҳои ҷаноби К.Юмкелла чун сарвари бахши энергетикаи СММ оғоз мешавад, вобаста ба он ҷаноби Вазир доир ба тавсиаи ҳамкориҳо дар масъалаи CASA -1000 ва дигар лоиҳаҳои энергетикӣ таклиф пешниҳод кард. Имрӯз Гул Шералӣ бо мақомоти раҳбарии вазорати иқтисоди Австрия вохӯрӣ доир менамояд.
ЮНИДО дар шароити кунунии ҷаҳоншавӣ ба кишварҳои рў ба тараққӣ ниҳодаи ҷаҳон дар давраи гузариши иқтисодӣ бобати мубориза бар зидди кўҳнапарастӣ кўмак мерасонад. Ташкилоти мазкур бо ҷалби дониш, таҷриба, иттилоот ва технология дар масъалаи ба кор ҷалб намудан, рушди иқтисодиёти рақобатпазир ва таъмини устувории иқтисодӣ мусоидат менамояд.
ЮНИДО соли 1966 таъсис ёфта, соли 1985 чун муассисаи махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид шинохта шудааст.
Дар давраи сохти Идоравии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИДО) доир ба ҳамкориҳо ва кўмак ба 174 давлати рў ба инкишоф ниҳода масъул мебошад. Идораи асосии Ташкилот (ЮНИДО) дар шаҳри Вена ҷойгир буда, дар маҳалҳо доир ба кўмак ба 34 шуъбаи кишварӣ ва минтақавӣ, 19 шуъба оид ба кўмакҳо дар самти сармоягузорӣ ва расонидани технология ҳамчунин бо 9 маркази технологӣ фаъолияти пурсамар дорад.


