Хуҷанд: Боздошти духтари 20-солаи аз ҷойи садама ғайбзада

Дар шаҳри Хуҷанд духтари 20-солае боздошт гардид, ки бо автомашинааш раҳгузареро пахш намуда, аз ҷойи ҳодсаи ғайб зада буд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» корманди хадамоти матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарифов хабар дод, шоми рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон зимни ҳаракат дар роҳи кӯчаи ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд ронандаи автомашинаи тамғааш […]

Мавлуда Рафиева


Дар шаҳри Хуҷанд духтари 20-солае боздошт гардид, ки бо автомашинааш раҳгузареро пахш намуда, аз ҷойи ҳодсаи ғайб зада буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» корманди хадамоти матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарифов хабар дод, шоми рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон зимни ҳаракат дар роҳи кӯчаи ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд ронандаи автомашинаи тамғааш номаълум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, сокини 30-солаи шаҳрро, ки дар канори роҳ қарор дошт, пахш мекунад ва аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

«Ронанда дарҳол ҷойи ҳодисаро тарк намуда, ба Д.Шамсиддинови осебдида кӯмак нарасонид ва баъдан ахирӣ ба бемористон мунтақил гардид», – гуфтанд дар раёсат.

Ба иттилои манбаъ, баъди муддати начандон зиёд ба гумони даст доштан дар ин амал ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», ҷавонзани 20-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мадина Холбекова боздошт шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки бобати нисбати боздоштшуда боз кардани парвандаи ҷиноӣ мутобиқи моддаҳои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дар ҳолати хатарнок гузоштани ҷабрдида чораҷӯӣ мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.