Оғози фаъолияти ширкати «Coca-Cola» дар Тоҷикистон

Соли 2013 ширкати маъруфи «Coca-Cola» ба истеҳсоли маҳсулот дар Тоҷикистон оғоз намуда, барои роҳандозии он дар ҳаҷми 30 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ карданист. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи давлати  сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, нимаи моҳи ноябр вохӯрии намояндагони ширкати Coca-Cola дар ҳайати президенти ширкат оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷаноби Ҳусейн […]

Заррина Эргашева


Соли 2013 ширкати маъруфи «Coca-Cola» ба истеҳсоли маҳсулот дар Тоҷикистон оғоз намуда, барои роҳандозии он дар ҳаҷми 30 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ карданист.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи давлати  сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, нимаи моҳи ноябр вохӯрии намояндагони ширкати Coca-Cola дар ҳайати президенти ширкат оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷаноби Ҳусейн М. Акин, директор оид ба стратегия ва рушди тиҷорат ҷаноби Мелтем Метин ва директори намояндагии Coca-Cola дар Тоҷикистон ҷаноби Мустафа Метен бо раиси кумита Давлаталӣ Саидов доир гардид.

«Сароғоз раиси Кумита намояндагони ширкатро дар сармзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки Тоҷикистон ва бевосита ҳукумати мамлакат ҷиҳати ворид шудани ширкати Coca-Cola ба иқтисодиёти мамлакат ва сармоягузории он ҳавасманд мебошад», – гуфтанд дар кумита.

Ба иттилои манбаъ, дар навбати худ ҷаноби Ҳусейн М. Акин зикр кард, ки дар асл хеле навовариҳои зиёди мусбӣ дар ҷараёни рушди мамлакат ба назар мерасад ва алҳол фазои сармоягузории Тоҷикистон мусоид гашта, новобаста аз ин ислоҳотҳои навин босуръат татбтиқ мегарданд. «Ӯ зикр кард, ки то ҳол бозори Тоҷикистон аз ҷониби ширкати Coca-Cola мавриди омўзиш ва таҳлил қарор гирифта буд ва айни замон, бевосита вақти он расидааст, ки ширкати Coca-Cola ба бозори Тоҷикистон ворид шавад», – гуфт манбаъ.

Ҳамчунин, дар ин замина Ҳусейн М. Акин қайд кард, ки ширкати Coca-Cola омодааст татбиқи лоиҳаи сармоягузориро оид ба истеҳсоли маҳсулоти худ дар Торҷикистон оғоз намуда, дар марҳилаҳои аввал ба андозаи 30 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ ворид гардонад, ки дар муддати 10 соли минбаъда ин нишондиҳанда 2 маротиба зиёд хоҳад шуд.

Зимнан зикр гардид, ки бо ибрози тарафҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои гузошташуда гурӯҳи кории муштарак аз ҳисоби намояндагони ширкати Coca-Cola дар Тоҷикистон ва намояндагони масъули Кумита таъсис дода шуд, ки кори худро шурӯъ намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.