КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 165 вагони боркаш харид

Шурӯъ аз оғози соли равон Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 165 адад вагони боркаши истеҳсоли Украинаро дастрас намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори корхона Владимир Собкалов хабар дод, айни замон боз 10 вагони дигар дар роҳ буда, рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон ворид мешаванд. «То охири сол мо воридоти боз 25 вагони боркаш, 15 […]

Заррина Эргашева


Шурӯъ аз оғози соли равон Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 165 адад вагони боркаши истеҳсоли Украинаро дастрас намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори корхона Владимир Собкалов хабар дод, айни замон боз 10 вагони дигар дар роҳ буда, рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон ворид мешаванд.

«То охири сол мо воридоти боз 25 вагони боркаш, 15 вагони мусофирбар аз корхонаи Крюково ва 2 локомотиви истеҳсоли Қазоқистонро интизорӣ дорем. Маблағи қарордодҳо дар ин хусус сирри тиҷоратӣ аст», – гуфт номбурда.

Қобили зикр аст, ки феълан КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» беш аз 2 ҳазор адад вагонҳои боркаш, 424 адад вагонҳои мусофирбар ва 55 адад тепловозро дар ихтиёр дорад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.