Ифтитоҳи корхонаҳои нав дар шаҳри Исфара

Ахири ҳафтаи гузашта раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аз  шаҳри саноатии Исфара боздид намуда,  зимнан  дар маросими ифтитоҳи  корхонаи коркард ва бастубанди меваи хушк ва маркази  хизматрасонӣ  дар мавзеи Гулистони ҷамоати деҳоти Кӯлканд  иштирок намуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, корхонаи коркард ва бастубанди меваи хушки  ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ҳаракати Исфара», […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аз  шаҳри саноатии Исфара боздид намуда,  зимнан  дар маросими ифтитоҳи  корхонаи коркард ва бастубанди меваи хушк ва маркази  хизматрасонӣ  дар мавзеи Гулистони ҷамоати деҳоти Кӯлканд  иштирок намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, корхонаи коркард ва бастубанди меваи хушки  ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ҳаракати Исфара», бо ибтикори соҳибкор Инъомҷон Азимҷонов  бунёд гашта, бо ба кор даромадани коргоҳи нав ин ҷо 20 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷои корӣ гаштанд.

Коргоҳи дигари коркард ва бастубанди меваи хушк  аз тарафи ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Неъматҳои табиати Исфара» таъсис ёфт, ки он барои 15 нафар ҷои корӣ фароҳам овардааст. Ин корхонаи нав  бо  технологияи муосири истеҳсоли  Ҷумҳуриҳои Русия ва Украина таҷҳизонида шуда, асосан бо коркарди чормағзи заминӣ, тухми офтобпараст ва  бандубасти вакуумии он тахассус дорад.

Маҷмааи хизматрасонии «Нури Исфара» бо ташаббуси соҳибкор  Сулҳиддин Неъматов  дар ҷамоати деҳоти Кӯлканд  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки  дорои меҳмонхона барои  20 нафар,  ошхона ва дигар шароитҳои хуби замонавӣ  мебошад. Дар маҷмӯъ дар  ҷамоати деҳоти Кӯлканди шаҳри Исфара барои 60 нафар ҷои нави корӣ таъсис дода шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.