Соли равон дар вилояти Суғд 101 адад корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар онҳо 3740 ҷойҳои корӣ фароҳам оварда шуданд
.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шуъбаи энергетика ва саноати ҳукумати вилояти Суғд хабар доданд, соли гузашта дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 65 корхонаи нав таъсис дода шуда, 3485 ҷойҳои корӣ муҳайё гардида буданд.
Ба иттилои манбаъ, айни замон дар қаламрави вилоят дар маҷмӯъ 280 адад корхонаҳои саноатӣ амал мекунанд, ки 3-то онҳо фаъолияти худро қатъ намудаанд. Аз ин шумор 28 корхона ба коркарди нахи пахта машғул аст.
Зимнан зикр гардид, ки дар зарфи 10 моҳи соли равон корхонаҳои вилоят ба маблағи умумии 2 млрд. 931 млн. 747 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, иҷрои нақшаи истеҳсолотро ба миқдори 115,9% таъмин карданд.



