Суғд: Таъсиси беш аз 100 корхонаи нав дар соли ҷорӣ

Соли равон дар вилояти Суғд 101 адад корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар онҳо 3740 ҷойҳои корӣ фароҳам оварда шуданд . Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шуъбаи энергетика ва саноати ҳукумати вилояти Суғд хабар доданд, соли гузашта дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 65 корхонаи нав таъсис дода шуда, 3485 ҷойҳои корӣ муҳайё гардида […]

Мавлуда Рафиева


Соли равон дар вилояти Суғд 101 адад корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар онҳо 3740 ҷойҳои корӣ фароҳам оварда шуданд

.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шуъбаи энергетика ва саноати ҳукумати вилояти Суғд хабар доданд, соли гузашта дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 65 корхонаи нав таъсис дода шуда, 3485 ҷойҳои корӣ муҳайё гардида буданд.

Ба иттилои манбаъ, айни замон дар қаламрави вилоят дар маҷмӯъ 280 адад корхонаҳои саноатӣ амал мекунанд, ки 3-то онҳо фаъолияти худро қатъ намудаанд. Аз ин шумор 28 корхона ба коркарди нахи пахта машғул аст.

Зимнан зикр гардид, ки дар зарфи 10 моҳи соли равон корхонаҳои вилоят ба маблағи умумии 2 млрд. 931 млн. 747 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, иҷрои нақшаи истеҳсолотро ба миқдори 115,9% таъмин карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.