Изҳороти ошкорои Ҳ.Зарифӣ оид ба мушкилоти обии минтақа


Рӯзи 27 ноябри соли равон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардид.

Дар мулоқоти номбурда Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистоон Ерлан Идрисов, муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Владимир Норов, муовини Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Вефа Ҳоҷиев ва дигар ашхоси расмии ҳайатҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд. Ҳайати Иттиҳоди Аврупо таҳти роҳбарии Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ, ноиби Президенти Комиссияи Аврупо хонум Кэтрин Эштон иштирок намуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо доираи васеи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа, аз ҷумла Стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ дар сатҳи минтақавӣ ва робитаҳои мутақобила, масъалаҳои марбут ба амният ва ҳамкориҳои минтақавӣ, энергетика, муҳити зист, мудирияти захираҳои обӣ ва мубориза алайҳи таҳдиду чолишҳои муштаракро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ҳошияи баррасии Стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ таъкид карда шуд, ки самт ва арсаҳои авлавиятноки дар Стратегия дарҷгардида дар тавсеа ва густариши муносибатҳо байни кишварҳои минтақа ва тақвияти робитаҳо бо Иттиҳоди Аврупо ҳамоно дорои аҳамияти аввалиндараҷа мебошанд.

 Дар баробари мавзӯъҳои рӯзномаи ҷаласа, ҷонибҳои ширкаткунанда оид ба масъалаҳои пешбурди раванди демократӣ, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун дар минтақа табодули афкори судманд анҷом доданд.

 Ҳамаи ҷонибҳои муколама афзалияти робитаҳоро бо Иттиҳоди Аврупо таъкид намуда, ҳавасмандии худро ҷиҳати рушду инкишофи равобити фарогир, аз ҷумла дар самтҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ, амният, таҳкими идораи сарҳадот, нақлиёт ва коммуникатсия иброз доштанд.

 Иштирокчиён нақши боризи масъалаҳои амниятиро қайд карда, муштаракан бо Иттиҳоди Аврупо дар бобати амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавқеи ягонаи худро изҳор намуданд.

Илова ба ин, муҳокимаи ҷонибҳо масъалаҳои иртибот дар соҳаи мубориза алайҳи ҷинояти муташаккили байналмилалӣ, фурӯши одамон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризмро дар ҳама шаклҳо фаро гирифтанд.

Ҷонибҳо барои баррасии пешниҳоди Иттиҳоди Аврупо перомуни таъсиси Муколамаи сатҳи баланд оид ба амният байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Роҳбарони ҳайатҳо дар чаҳорчӯби мулоқоти мазкур масъалаҳои обу энергетика, аз ҷумла истифодаи самаранок, устувор ва оқилонаи захираҳои обиро дар минтақа баррасӣ намуданд. Ҳайати Тоҷикистон ҳозиринро бо мавқеи кишвар дар хусуси масъалаҳои обу энергетика ба таври ошкоро шинос намуд.

Алалхуc таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон, ки аз захираҳои бойи нафту газ маҳрум мебошад, ҳамасола 70% аҳолии кишвар тӯли солҳои зиёд дар давоми 6-7 моҳи мавсими тирамоҳ ва зимистон аз норасоии қувваи барқ ва гармӣ танқисӣ мекашанд. Бинобар ин, дар ин шароит, татбиқи лоиҳаҳои рушди иқтидори гидроэнергетики Тоҷикистон ҳаётан муҳим буда, роҳи ягонаи ҳалли бӯҳрони энергетикӣ дар кишвар маҳсуб мешавад.

Илова ба ин, роҳбари ҳайати Тоҷикистон қайд намуд, ки ба мақсади ҷамъоварӣ ва истифодаи об дар обёрии заминҳои кишварҳои ҳамҷавор, Тоҷикистон дар фасли зимистон истифодаи обро дар низоми тавлиди нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳо коҳиш медиҳад.

 Дар робита ба масъалаи марбут ба рушди соҳаи гидроэнергетика, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон диққати ҳайатҳоро ба ду нуқтаи муҳим ҷалб намуд:

 Якум: қайд карда шуд, ки дар қиёс бо обёрии заминҳои корам, ки обро фурӯ мебаранд, гидроэнергетика обро ба таври бебозгашт фурӯ набурда, танҳо барои истеҳсоли қувваи барқ онро дар турбинаҳои нерӯгоҳҳои обӣ-барқӣ истифода мебарад.

 Дуюм: далел оварда шуд, ки агар кишварҳои поёноб аз имкони таъмини рушди иқтисодиёти худ аз ҳисоби захираҳои бойи газу нафт бархурдор бошанд, гидроэнергетика барои Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки аз захираҳои нафту газ маҳруманд, ягона захираест, ки рушди иқтисоди миллии ин кишварҳоро таъмин хоҳад намуд.

 Ҳамрохон Зарифӣ аз ташаббуси Тоҷикистон оид ба истифодаи муштараки захираҳои гидроэнергекӣ, ки ҳаҷми онҳо се маротиба аз эҳтиёҷоти минтақа бештар мебошанд, ёдовар шуд.

 Зимни суханронӣ, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ изҳор дошт, ки «Тоҷикистон ҷонибдори амалияест, ки он дар зарурати риояи тавозуни манфиатҳои миллӣ ва минтақавӣ асос мегирад. На яке аз тарҳ ва иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон бар зарари ҷониби дигар равона нашудаанд».

 Баҳри ҳалли масъалаҳои мавҷуда дар ин самт, роҳбари ҳайати Тоҷикистон алоқамандии кишварро ба таҳким ва тавсеаи уфуқҳои ҳамкорӣ ва робита бо мамолики минтақаро дар сиғаҳои мухталиф таъкид намуд.

 Ӯ дар ҳузури ҳайатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо изҳори ақида кард, ки «бархӯрди минтақавӣ дар рушд ва азхудкунии захираҳои обӣ-энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ба кишварҳои минтақа имкон медиҳад, ки онро муштарак идора намоянд, ки ба нафъи тамоми давлатҳои минтақа хоҳад буд».

 Иштирокчиёни муколама мавзӯъҳои мубрами байналмилалӣ, хоссатан Афғонистон ва Эронро муҳокима намуданд.

 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ оид ба дигар мавзӯъҳои рӯзномаи ҷаласа мавқеи кишварро манзури ҳозирин гардонид.

 Мулоқот тасмимҳои ҷонибҳоро барои идомаи муколамаи созанда дар хусуси масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро собит намуд.

spot_imgspot_img

Популярное