Супориши нахуствазир оид ба сохтмони нерӯгоҳҳои нави хурду миёна

Таҳти раёсати нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов бо иштироки мақомоти раҳбарии вазорату идораҳои дахлдор оид ба масоили марбут ба лоиҳакашӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳои нави обиву барқии хурду миёна дар кишвар машварати корӣ баргузор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ хабар дод, Оқил Оқилов дар назди вазорату идораҳои марбута оид ба тақвияти […]

Аваз Юлдошев


Таҳти раёсати нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов бо иштироки мақомоти раҳбарии вазорату идораҳои дахлдор оид ба масоили марбут ба лоиҳакашӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳои нави обиву барқии хурду миёна дар кишвар машварати корӣ баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ хабар дод, Оқил Оқилов дар назди вазорату идораҳои марбута оид ба тақвияти ҳаҷми корҳо дар иншооти гидроэнергетикии хурду миёна, ки сохтмонашон идома дорад ва лоиҳакашии бунёди нерӯгоҳҳои нави хурду миёна дар рӯдххонаи Вахш вазифаҳои мушаххас гузошт.

Ба иттилои манбаъ, нахуствазир оид ба дар фурсатҳои наздиктарин таҳия намудани лоиҳаҳои нерӯгоҳҳои нави барқии хурду миёна, омодасозии тарҳи фанниву иқтисодӣ ва ҳамчунин муайян кардани сарчашмаҳои маблағгузории онҳо дастур дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.